Сокинони минтақаи Мастчоҳ бештар аз ҳама санъати халқиро ҳифз мекунанд ва инкишоф медиҳанд. Фолклори маҳаллӣ дар шакли суруд, рақс, ҳаҷви танқидӣ (сатира), ҳазл ва тақлидкорӣ аз насл ба насл мегузаранд. Ва қаҳрамони асосии мо марде ҳаст, ки бо беш аз 50 лаҳҷаи минтақаи Мастчоҳ гуфтугӯ мекунад. Нақши хоси ӯ – таҷассуми симои пиразани маҳаллӣ аст. Маҳз бо иҷроиши ин нақш, сокинони маҳаллӣ қаҳрамони моро дӯст доштаанд.

Санъати халқиро дар шакли ҳазл нигох дорем

Шаҳраки Бӯстон - маркази маъмурии ноҳияи Мастчоҳ - гӯшаи зебоманзару хушобуҳавои кишвар, дар шимоли Тоҷикистон бо тарбузҳои мисли асал ширину нони фатири равғанинаш ва лазизтарин маҳсулоти ширии хушккардашуда - қурут машҳур аст.

Дар назари аввал наметавон гуфт, ки ин марди ҷиддии либоси расмӣ дошта, ки Кохи фарҳанги шаҳри Бӯстонро роҳбарӣ мекунад, ба  осонӣ метавонад симои зоҳирии худро ба  зан табдил диҳад.   


Хаитбой Латиповро тақлидкор, ҳаҷвнавис ва сатирик буда, бо ин ҳунараш хушҳол намудани халқро дӯст медорад ва зиёда аз 30 сол мешавад, ки бо ин кор машғул аст.

Қаҳрамони мо, фаъолияти эҷодии худро солҳои 80-ум, пас аз адои хизмат ба Ватан оғоз кардааст. Лекин ба назар чунин мерасад, ки гӯё ояндаи ӯ кайҳост маълум шудааст. Зеро гузаштагони ӯ ҳунарманд буданд ва аз овони хурдӣ Ҳаитбой дар фазои эҷодкорон ба воя расидаанд.

Ӯ дилдодагӣ ва муҳаббати хешро нисбат ба эъҷодиёти халқӣ, маҳз тариқи ҳунараш дар театр-студияи «Очаи Қиғишмоҳ», ки номи ғайриоддӣ дорад, ифшо месозад. Дуэти ҳаҷвие, ки дар он яке аз дӯстонаш нақши мард ва дигаре занро мебозад, тайи 30 сол инҷониб арзӣ ҳастӣ дорад ва бо ин нақш писанди тамошобин гаштааст.

 - «Қиғишмоҳ» - ин як духтараки шӯх, ки номаш Қиғишмоҳ аст ва ӯ қиғиш карда мегардад. Қиғиш карда, мана ҳамин хел саҳроба ҳам равад, пахтазорба ҳам равад, мактаб ба ҳам равад бо як овози баланд фарёд кардан ин. Қиғиш кардан - фарёд кардан ба лаҳҷаи қишлоқӣ буд, қиғиш ана ҳамин чиз, - мегӯяд Хаитбой Латипов.


Ҳаҷвнигори  мо, барои омода кардани мазҳака аз ғояҳои халқ истифода мебарад. Аз ҳама бештар ӯ муошират бо занони солхӯрда ва бибиҳои кӯҳансолро дӯст медорад ва услуби гуфтори онҳоро моҳирона аз худ мекунад. Ӯ лаҳҷаи гуфтугӯии тамоми сокинони маҳаллаву деҳоти ноҳияи Мастчоҳро хуб медонад, ки теъдоди он беш аз 60 намудро ташкил медиҳад!

- Ман нақши модарро бисёртар иҷро мекунам, чун модаронро зиёд дӯст медорам. Ман худам қариб, ки меҳри модариро надидаам гӯям ҳам хато намекунем, чун хурд будем аз модар мондем. Модарони мо бисёр ширинсухананд, меҳрубониҳои зиёд доранд. Дар Мастчоҳ 58 қишлоқ ҳаст, ҳар як қишлоқ, ҳар як маҳалла ба худаш як лаҳҷаи хос, як шеваи хос, як шеваи сухангӯӣ ва як лаҳҷаи сурудхонии худашро дорад. Барои ҳамин дар Мастчоҳ фолклор зиёд аст. Ҳар як маҳалла ба худаш мувофиқ лаҳҷаҳои худашро дорад, - мегӯяд каҳрамони мо.

Ӯ аз иҷрои нақши занона шарм намедорад

Ҳунари дигари Ҳаитбой Латипов - ин ба осонӣ бастани рӯймоли миллӣ аст ва дар таҳияи сару либоси қаҳрамони саҳнавӣ ба ӯ ҳамсараш кӯмак мерасонад. Зимнан, либоси бибии Қиғишмоҳ образи саҳнавӣ не, балки симои  ҳақиқӣ мебошад. Маҳз чунин ҷомаҳоро то ҳол занони ин минтақа ба бар мекунанд, ки дар фасли сармо ба ҷойи либоси ғафси зимистона корбарӣ мешаванд.

Миннатдорӣ ва қарсаки  пурмавҷи тамошобинон, мукофоти беҳтаринест барои заҳмати  ҳаҷвнигор.


Ҳаитбой Латипов дорои YouTube - канали шахсии худ аст, ки ин саҳифаро садҳо нафар муштариён ва дӯстдорони ҳаҷв пайгирӣ мекунанд.

Қаҳрамони мо иброз медорад, ки камбудии асосӣ дар  жанри ҳаҷв ин норасоии кадрҳо мебошад. Зеро дар ин соҳа нависандагон, драматургҳо ва муннақидон намерасанд. Аз ин рӯ, аксар вақт ӯ маҷбур мешавад то, ки худаш барномарезӣ намуда, намоишҳои ҷадидро бо симои нав ба саҳна гузорад. Барои эҷоди асар, аксар вақт ӯ пас аз шом сари мизи корӣ менишинад, чун дар як вақт иҷрои вазифаи роҳбарӣ ва нақшофарӣ дар саҳна масъулияти зиёдро талаб менамояд. 

Аз иҷрои нақши занона, қаҳрамони мо заррае ҳам шарм намедорад. Гузашта аз ин, вақте бисёриҳо ҳатто номи ҳақиқиашро намедонанду, ӯро бо номи қаҳрамонзан фарёд мекунанд, озурда намешавад.


Ҳаитбой Латипов ҳар як нақши худро бо эҳтироми хоса иҷро менамояд  ва иброз медорад, ки бибии Қиғишмоҳ на танҳо симои ҳаҷвӣ, балки симои тарбиявӣ низ маҳсуб меёбад. Ва аксар вақт дар намоишҳои худ ҳаҷвнигори мо, муаммоҳои оилавиро ба монади муносибати хушдоман бо арӯс ва волидайн бо фарзандонро инъикос менамояд.

Шогирдони арзандаро

Қаҳрамони мо соҳиби чор писар аст. Ҳар кадоми онҳо ба санъат меҳри беандоза доранд ва дар зиндагӣ аллакай роҳи худро пайдо кардаанд. Дар байни онҳо доиранавоз, ғижжакнавоз, пианинонавоз ва ҳофиз ҳаст.

Набераҳо низ фирефтаи ҳунари бобои худ гашта, хеле хуб таблак  мезананд. Инчунин, бархе аз онҳо ба иҷрои нақшҳои саҳнавӣ ҷалб карда мешаванд, гарчанде нақшҳои бузург набошанд ҳам, лекин мустақилона ин вазифаро низ иҷро мекунанд.

Бесабаб нест, ки чунин оилаи эҷодкор дар як ансамбл муттаҳид шудаанд. Дастаи оилавии Латиповҳо иштирокчии ҳатмии чорабиниҳои идона буда, на як бору ду бор ғолиби озмунҳои гуногун гаштаанд.


Худи Ҳаитбой Латипов на танҳо одами эҷодкор, балки устои моҳир ҳам мебошад. Ӯ дар ҳавлиаш устохонаи хурдеро ташкил кардааст, ки дар он асбобҳои мусиқиро таъмир менамояд. Маҳз дар ин утоқи хурдакак ӯ на танҳо ба дутору доираву рубоб умри дубора мебахшад, балки дур аз ғаму ташвишвҳои ҳаррӯза гардида, истироҳат мекунад.

Оилаи Латиповҳо дар деҳаи Палдорак иқомат дошта, ташкили шоми мусиқиро дар ҳайати хонаводаи бузургу муттаҳиди хеш хеле дӯст медоранд.

Пас бо боварии том метавон гуфт, ки ҳаҷвнигори асили Мастчоҳӣ барои идомаи касбу кори хеш шогирдони арзандаро омода кардааст ва бибии Қиғишмоҳ боз солҳои сол зиндагӣ карда, бо ҳазлу шӯхиҳои худ  симои асил ва фарқкунандаи занони маҳаллиро нигоҳ медорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.