Имрӯз, 27-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода пешниҳод кард, ин донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Бо дарназардошти шароити муҳайёгардида ва бо мақсади рушду инкишофи боз ҳам бештари фаъолияти илмиву таълимии муассиса дар самти омода намудани мутахассисони баландпояи донандаи якчанд забони хориҷӣ пешниҳод мегардад, ки номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад», - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар робита ба ин, президент ба Вазорати маориф ва дигар вазорату идораҳо дастур дод, ки дар муддати 3 моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод кунанд.
Гуфта мешавад, ки барои ҳалли ин масъала Вазорати маориф, Донишкадаи давлатии забонҳо ва факултаҳои забономӯзии ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд барномаҳои забономӯзиро таҳия ва амалӣ намоянд.
Гуфтан ба маврид аст, ки муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” бо қарори Совети Вазирони ИҶШС (СССР) аз 29.05.1979, № 490 бо номи Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Пас аз чанд соли фаъолият бо қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 08.02.1988, №36 ба муассиса номи Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон ба номи А.С.Пушкин гузошта шуд. Соли 1992 дар асоси қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.08.1992, №297 ин муассиса ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон табдил дода шуд. Ҳамин тавр, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2009 дар шакли Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» табдили ном кард.
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста