Шоми имрӯз, 30-юми сентябр, дар Кремл созишномаҳо дар бораи вуруди ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луҳанск ва вилоятҳои Херсон ва Запорож ба ҳайати Русия миёни Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва роҳбарони ин минтақаҳо расман ба имзо расид.

Путин зимни баромади худ дар маросими имзои созишномаҳо аз Киев даъват кард, ки ба амалиёти ҷангӣ фавран хотима диҳад ва ба мизи гуфтушунид баргардад. Аммо гуфт, натиҷаҳои раъйпурсӣ мавриди баҳс қарор намегирад.

Ӯ ҳамчунин, афзуд, Киев бояд интихоби сокинони ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск ва вилоятҳои Запороже ва Херсонро эҳтиром кунад.

Ба таъкиди ӯ, ин ягона роҳи расидан ба сулҳ аст.

“Русия минтақаҳои нави пайвастшударо бозсозӣ ва барқарор мекунад, то сокинони онҳо пуштибонии тамоми русҳоро эҳсос кунанд.Сокинони Донбасс, Запороже ва Херсон барои ҳамеша шаҳрвандони Русия мешаванд, - афзуд Путин.

Дар идомаи маросим, Путин бо Пушилин - раисҷумҳури  Донетск, Пасечник - президенти Луҳанск ва раисони вилоятҳои Запорож ва Херсон дар бораи қабули ин ҷумҳуриҳо ва вилоятҳо ба ҳайати Русия расман созишнома имзо кард.

Моҳи феврали соли раовн Путин фармонеро имзо кард, ки истиқлолияти вилоятҳои Херсон ва Запорожро эътироф мекунад. Русия 21 феврал истиқлолияти ДХР ва ЛХР-ро ба расмият шинохт. Баъдан Путин ҳамчунин, бо ҷумҳуриҳо дар бораи дӯстӣ ва кӯмаки мутақобила шартнома имзо кард.

Пас аз се рӯз Русия амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард, ки то ба ҳол давом дорад.

Баъди ин кишварҳои Ғарб бар зидди Русия таҳримот ҷорӣ кард ва амалиёти Русияро ҳамлаи мусаллаҳона ба хоки Украина унвон кард. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.