Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бар ин назар аст, ки дуруст мебуд, агар вай "на аз кадом ҳизби мушаххас", балки аз "эътилофи васеи неруҳои мардумиву сиёсӣ" ба интихобот мерафт. Дар ин бора сentralasian.org иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, Қосимҷомарт Тоқаев дар ин бора 5-уми октябр дар сафари кориаш ба вилояти Павлодари Қазоқистон хабар додааст.

"Ман мебинам, ки масълаи аз кадом ҳизб номзад шудани ман дар ҷомеа бо таваҷҷуҳи хос баррасӣ мешавад. Ошкоро мегӯям - эътилофҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ҳизбҳо пешниҳод доранд, ки аз номи онҳо номзад шавам. Фикр мекунам, дуруст мебуд, агар ман на аз номи ҳизби мушаххас, балки аз номи эътилофи васеи неруҳои мардумӣ ва сиёсӣ номзад мешудам", - гуфт Тоқаев.

Вай бори дигар ваъда кард: ҳамчун роҳбари давлат "кафолат медиҳад, ки интихоботи президентӣ бидуни тақаллуб, ошкоро ва боадолатона баргузор мешавад".

То ин замон дар Қазоқистон чаҳор нафар даъвогари курсии президентӣ шудаанд.

Президенти амалкунандаи Қазоқистон рӯзи 1 сентябри соли ҷорӣ эъломи интихоботи пеш аз муҳлати президентиро кард. Ин интихобот рӯзи 20 ноябр баргузор хоҳад шуд. Пеш аз таъйини рӯзи интихобот ба Конститутсияи Қазоқистон тағйирот ворид карданд, ки акнун президент барои як давраи 7-сола интихобот мешавад ва ҳаққи дубора интихобот шуданро надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.