Бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Русия, ки шоми дирӯз, 17-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, мусовӣ – 0:0 ба анҷом расид. Вале он чизе ки боиси нигаронӣ буд, вориди бетартибонаи мухлисон ва варзишгоҳ буд: ҳатто кормандони мақомоти қудратӣ натавонистанд пеши роҳи ин бетартибиро гаранд

Бори аввал тимҳои Тоҷикистону Русия бо ҳам ба майдон ворид шуданд ва дар таърихи ҳарду даста ин нахустин бозӣ ба ҳисоб мерафт. Дар варзишгоҳи марказӣ беш аз 20 ҳазор тамошобин бозиро мухлисӣ мекарданд. Вуруди мухлисон ба варзишгоҳ бисёр шавқмандона, аммо бетартибона анҷом ёфт.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, аз чанд дарвозаҳои варзишгоҳ, танҳо яктои он боз буд ва аз ин рӯ, ҳамаи мухлисон мехсотанд тавассути як дарвоза ҳарчӣ тезтар ба варзишгоҳ ворид шаванд. Ҳоло бозӣ оғоз нашуда, бештари онҳо чиптаҳои худро баланд бардошта, талаб мекарданд, ки ба майдон дароянд. Баъди он ки суруди миллии ду кишвар пеш аз оғози бозӣ садо дод, мухлисон хеле бетартибона ва якбора ба дарвозаит асосӣ “ҳуҷум” карданд, то ҳарчӣ пештар ба майдон ворид шаванд: касе ба кӯдакону солхурдагон ва занон аҳамият намедод.

Вале бо вуҷуди ин, мунтахаби Тоҷикистон барои ҳаводоронаш бозии хуб нишон дод ва ба муқобили рақиб майдондории хуб кард. Мунтахаби Русия, ки дар феҳристи FIFA дар байни 211 кишвар дар ҷойи 33-юм қарор гирифтааст, натавонист мунтахаби Тоҷикистонро, ки дар ҳамин феҳрист дар ҷойи 108-ум қарор дорад, шикаст диҳад.

Қаблан дастаи мунтахаби Русия дар Бишкек дар бозии дӯстона мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд. Ҳамакнун мунтахаби Русия рӯзи якшанбеи 20-уми ноябр дар шаҳри Тошканд бо тими миллии Узбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Дарвозаи асосии Варзишгоҳи марказии Душанбе зимни бозии дирӯза
championat.com

Сармураббии Тоҷикистон мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барои бозӣ бо дастаи мунтахаби Русия 27 бозигарро даъват кардааст, ки 14 нафари онҳо легионер мебошанд.

Дастаи Тоҷикистон аз Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров (капитан), Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Парвизҷон Умарбоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (Алишер Ҷалилов, 58), Манучеҳр Ҷалилов (Шаҳром Самиев, 77), Шервонӣ Мабатшоев (Алиҷон Кароматуллозода, 90+4) иборат буданд.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Русия бошад, бо роҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин барои ширкат дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе 26 футболбоз овардааст.

Дастаи Русияро Александр Селихов (Сергей Песяков, 46, Антон Шунин, 53) , Артём Макарчук, Максим Осипенко (Арсен Захарян, 46), Даниил Хлусевич, Александр Солдатенков, Даниил Уткин, Данил Глебов (капитан), Антон Миранчук, Сергей Пиняев (Фомин, 84), Лечи Саъдуллоев (Андрей Мостовой, 79), Фёдор Чалов (Владимир Сичевой, 46) намояндагӣ мекарданд.

Ҳакамии бозии дӯстонаи дастаҳои Тоҷикистону Русияро гурӯҳи доварон аз Ӯзбекистон бо роҳбарии довари FIFA Илдиз Танташев ба ӯҳда доштанд.

Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) ва Созмони футболи Аврупо (UEFA) баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Русияро иҷозат додаанд, бинобар ин, натиҷаи бозӣ ҳангоми тартиб додани рейтинг ё радабандии FIFA ба ҳисоб гирифта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.