Гурӯҳи “Е”

Коста-Рика 1:0 Ҷопон

Тими миллии Коста-Рика дар бозии даври 2-юми марҳилаи гуруҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бар тими Ҷопон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ, ҷопониҳо бартарии комил нишон доданд ва ҷараёни бозиро пурра назорат мекарданд, аммо Коста-Рика дар хати ҳимоя маҳорати хуб нишон дод. Дар дақиқаи 81-уми бозӣ Кейсер Фуллер, ҳимоятгари Коста-Рика зимни яке аз ҳуҷумҳои камшумор тӯбро вориди дарвозаи ҷопониҳо кард ва аввалин имтиёзро ба дастаи худ тақдим намуд.


Испания 1:1 Олмон

Мунтахаби Испания пас аз 7 голи беҷавоби худ дар даври аввал ба дарвозаи дастаи Коста-Рика дар рӯбарӯи Олмон қарор гирифт, ки ғайриинтизори коршиносони футбол дар даври якум аз дастаи Ҷопон шикаст хӯрда буд. Испания дар ҳар ҳол барои баромадан аз гуруҳ шонси хуб дошт, аммо Олмон ҳаққи шикаст надошт. Аз ин лиҳоз, аз дақиқаи аввал дастаи Олмон зери фишор бозиро оғоз намуд ва гуфтан мумкин аст, ки як муддат натавонист назорати бозиро ба даст гирад. Испаниҳо дар оғози бозӣ пурра бартарият доштанд, аммо бо гузашти андаке Олмон тавонист ба ҳуҷумҳои ҷавобӣ гузарад ва дар дақиқаи 40-ум ҳатто гол занад, аммо бо сабаби дар ҳолати нобозӣ қарор доштани Антонио Рюдигер гол ба инобат гирифта нашуд.

Дар нимаи дуюм, дар дақиқаи 62-юм, ҳамлагари Испания Алваро Мората, ки аз захира ба майдон омада буд, ҳисобро боз кард. Пас аз ин Олмон дигар чорае ҷуз ҳуҷум надошт. Сармураббии дастаи Олмон дарҳол тағйирот ба вуҷуд овард ва хати ҳуҷуми дастаро пурқувват намуд ва ин боис гардид, ки дар дақиқаи 83-юм Никлас Фюллкруг гол занад ва Олмонро аз шикаст наҷод диҳад.


Ҳамин тавр, дар гурӯҳи “Е” Испания 4-имтиёз ба даст оварда, дар садри ҷадвали қарор дорад. Ҷопон ва Коста-Рика бо 3-имтиёзӣ дар зинаи дуюму сеюм қарор доранд. Тими миллии Олмон ҳамагӣ 1 хол дорад.

Дар даври сеюм Испания бо Ҷопон ва Олмон бо Коста-Рика бозӣ мекунанд. Ҳарду бозӣ 1 декабр баргузор мешавад.

Гурӯҳи “F

Белгия 0:2 Марокаш

Чунин ба назар мерасад, ки мунтахаби Белгия бо он ҳама ситораҳояш барои ҳамеша “яке аз даъвогарони ҷом” боқӣ мемонад ва дар асл тавон ва рӯҳи ғолибиятро надорад. Ин даста, ки дар ҳар як мавқеи он ситораҳои футболи Аврупо бозӣ мекунанд, дар даври дуюм низ натавонист ғолиб ояд ва аз тими Марокаш бо ҳайъати миёнаҳол шикаст хӯрд.

Дар нимаи аввал, дар дақиқаи 45+2 Ҳаким Зиёш, нимҳимоятгари дастаи Челсии тими Марокаш тавонист ба дарвозаи Тибо Куртуа гол занад, вале он ба далели дар ҳолати ғайрибозӣ қарор доштанаш, лағв шуд.


Дар нимаи дуюм, дар дақиқаи 73-юм ба тими Марокаш муяссар шуд, ки дар бозӣ ҳисобро боз кунанд. Голро нимҳимоятгар Абдулҳамид Собирӣ аз зарбаи ҷаримавӣ ба самар расонид. Баъдан дар дақиқаи 90+2 ҳисоби ниҳоии бозиро ҳамлагар Закариёи Абуҳилол мушххас намуд.

Хорватия 4-1 Канада

Тими милии Хорватия дар даври дуюм бо тими Канада, ки пас аз чандин сол ба даври финалии Ҷоми ҷаҳон баромадааст, вориди рақобат шуд. Бояд гуфт, ки Канада бозиро хеле хуб оғоз кард ва аллакай дар дақиқаи 2-юми бози бо голи задаи Бен Дэвис ҳисобро боз кард. Хурсандии Канада дер давом накард, ноиби қаҳрамони ҷаҳон тавонист зуд посух диҳад ва то поёни қисми аввали бозӣ 2 голро вориди дарвозаи Канада намояд. Аввал Крамарич дар дақиқаи 36-ум ва баъдан Ливайя дар дақиқаи 44-ум гол заданд.

Дар қисми дуюми бозӣ Крамарич дар дақиқаи 70-ум ва Майер дар дақиқаи 90+4-ум боз як голии дигар ба дарвозаи канадагиҳо ворид намуданд ва Канадаро аввалин тиме намуданд, ки тарки мусобиқа намуданд.


Ҳамин тавр, Хорватия ва Марокаш бо касби 4 хол садрнишини гуруҳи “F” гардиданд. Белгия бо 3 хол дар ҷойи сеюм қарор дорад ва Канада бидуни хол дар ҷойи чаҳорум аст.

Дар даври севум ва охирин марокашиҳо 1-уми декабр бо канадагиҳо ва Белгия дар ҳамон рӯз бо Хорватия бозӣ хоҳанд кард.

Ҷадвали бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон 2022 барои имрӯз, 28-уми ноябр

15:00 Камерун ва Сербия

18:00 Кореяи Ҷанубӣ ва Гана

21:00 Бразилия ва Швейтсария

00:00 Португалия ва Уругвай

Соати бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.