Хабари иваз шудани муовини ректор ва 7 декани факулта дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, ки чанде пеш расонаӣ гардид, саволеро пеш овард, ки омили аслии тағйироти зиёди кадрӣ чӣ аст.

Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров сабаби тағйироти зиёди кадриро “ба охир расидани муҳлати фаъолияти деканони факултаҳо” гуфта, таъкид намуд, ки ба курсии муовини ректор оид ба тарбия, ки то ин замон холӣ буд, нафари нав таъйин кардаанд. Ӯ ин иддаоро имрӯз, 28-уми ноябр, дар суҳбат ба “Asia-Plus” изҳор дошт.

“Дар асоси фикру қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар декани 7 факултети донишгоҳ, ки ҳар кадоме беш аз 5 солӣ дар вазифа буданд, аз мақом озод карда шуданд. Ҳамаи онҳо дар донишгоҳ ба кори худ дар вазифаву корҳои дигар идома дода истодаанд”, - гуфт Аюб Усмонзода.

Ҳамчунин, ректори донишгоҳ гуфт, ки ҳеҷ яке аз деканҳои барканоргардида “бо сабабҳои дигар, аз ҷумла, ҳолатҳои коррупсионӣ, хусумати шахсӣ ё расидан ба синни нафақа” аз вазифа озод нашудаанд.

Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров

Ҳамин тавр, бо пешниҳоди ректори донишгоҳ ва фармони вазири маориф, Мирзотоҳир Набиев, ноиби ректори ДДХ оид ба тарбия таъйин шудааст.

Тибқи иттилои дастрасгардида, Замира Улмасова - декани факултаи филология тоҷик, Малоҳат Усмонова - декани факултаи забонҳои хориҷӣ, Даврон Усмонов - декани факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, Музаффар Дадобоев - декани факултаи география ва туризм таъйин шуданд.

Ҳамчунин Сироҷиддин Ҳакимов мақоми декани факултаи биология ва химия, Хушбахт Нуруллоев вазифаи декани факултаи телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ ва Муқаддас Неъматова мақоми декани факултаи муҳандисӣ – омӯзгории ДДХ, воқеъ дар ноҳия Ҷаббор Расуловро гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дар даврони шуравӣ бо номи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров маълум буда,  чун  ягона мактаби таҳсилоти олӣ дар шимоли кишвар фаъолият мекард.

Ин донишкада соли 1991 мақоми донишгоҳро гирифт ва соли 1997 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузошта шуд.

Ҳоло ин донишгоҳ дорои 17 факултет, аз ҷумла 77 кафедра (9 кафедраи умумидонишгоҳӣ), Парки технологӣ, Марказҳои илмӣ ва Китобхонаи марказӣ мебошад. Дар донишгоҳ аз рӯи 74 ихтисос дар шӯъбаи рӯзона ва 29 ихтисос дар шӯъбаи ғоибона таълим дода мешавад. Дар ин донишгоҳ айни замон 4338 нафар донишҷӯён тариқи буҷавӣ ва 16290 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.