Ду рӯз пеш, милитсияи пойтахт хабар дод, ки ду ҷавонро барои муомилоти ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир кардааст: аз онҳо 18 ҳазору 150 дона маводи тарфгарии навъи "Трения" дарёфту мусодира гардидааст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри акси маводҳои тарфгарӣ хабар дод, ки Муҳаммад Касирови 20-сола ва Меҳроб Наботови 19-сола, ҳарду сокини шаҳри Душанберо зимни санҷиши оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир кардаанд.
“Баъд аз дастгир гардидан аз номбурдагон дар маҷмуъ 18150-дона маводҳои тарфгарии навъи "Трения" дарёфту мусодира карда шуданд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Гуфта мешавад, ки нисбати онҳо барои “муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)” (моддаи 199 иловаи 1) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Дар сурати тасдиқи гуноҳ, онҳоро аз 6 ҳазору 400 сомонӣ то 12 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима ва агар амали онҳо “бо миқдори калон содир шуда бошад”, пас то 32 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то 2 соли маҳрум сохтан аз озодӣ таҳдид мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон, махсусан наврасон даъват кардааст, ки талаботи қонунгузориро риоя намуда, бо амалу рафтори худ ва истифодаи ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ оромии шаҳрвандонро дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ халалдор насозанд.

Бояд гуфт, ки бо наздик шудани ҷашни Соли нав садои “хлопушка”-ву “салют”-ҳо фазои ороми атрофро халадор мекунанд. Алоқамандони чунин амалҳо бештар кӯдакону наврасонанд, ки аз “таркиш”-и чунин мавод “илҳом” мегиранд ва хурсандӣ мекунанд. Барои бархеҳо садои ин “таркишҳо” писанд несту шикоят мекунанд, аммо бархеи дигар инро мояи хушиву хурсандии кӯдакон медонанд.
Дар гузашта мақомот дар мавриди паёмадҳои таркиши маводҳои тарфгарӣ, ба мисли сӯхтор ва захмӣ шудан одамон хабар дода буданд. Мақомот мегӯянд, маҳз ҳамин чиз сабаб шуд, ки воридот ва истифодаи онро дар кишвар манъ кунанд.
Барои вориду паҳн кардани “салюту хлопушка” ҷазо чист?
Қонунгузории Тоҷикистон воридот, паҳн ва истифодаи маводи тарфгариро соли 2008 манъ ва барои он ҷазо пешбинӣ кардааст.
Мувофиқи моддаи 199, иловаи 1 КҶ Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ), ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани он манъ буда, нисбат ба чунин шаҳрвандони ҷарима ба андозаи аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Ҳарчанд дар қонунгузорӣ мафҳуми машаххасе бо номи “хлопушка” ва “салют” нест, вале мақомот мегӯянд, дар инҷо калимаи оташфаввора – “салют” ва капсула- “хлопушка” мебошад.
Барои истифода чӣ?
Ба ҷуз аз Кодекси ҷиноятӣ, ҳамчунин дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар низ ба ҷуз ворид намудан ва фурӯши маводи тарфгарӣ, инчунин дар бораи харидан, нигоҳ доштан, фурӯхтан ва истифодаи маводи тарфгарӣ муқаррарот пешбинӣ шудааст.
Мутобиқи моддаи 467, қисми 2-и Кодекси мазкур, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон харидан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ то 20 дона “салют” ва то 50 дона “хлопушка” ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба маблағи аз 20 то 30 (аз 1200 то 1800) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 3 то 6 ҳазор сомонӣ) бо мусодираи маводҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Аз ин бармеояд, ки барои истифодаи маводи тарфгарӣ ё ба истилоҳи маъмул “хлопушка” ва “салют”-ҳо метавонанд шаҳрвандонро ба маблағи то 1800 сомонӣ ҷарима кунанд.
Роҳбари ширкати мудофеи ҳуқуқ “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев дар суҳбат бо “Азия - Плюс” гуфта буд, ки дар воқеъ барои истифодаи маводи тарфгарӣ низ масъулият пешбинӣ шудааст ва ҳатто барои истифодаи 1 маводи тарфгарӣ шахс метавонад ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, барои истифодаи зиёда аз 20 адад маводи тарфгарӣ бошад, шахсро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида метавонанд.
Тоҷикистон дар ҷойи охир. Муқоисаи нарх ва суръати интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
Вокуниши Кумитаи андоз ба хабари “Азия-Плюс”
Як ҳафтаи ҷаҳон: моҷарои ҷосусӣ байни Вашингтон ва Пекин, бастаи нави таҳримҳо, авф дар Эрон
Ширин Амонзода: “Ба кори илмӣ машғул мешавам”
Дарахтро беиҷоза буриданду мошинро дар ҷойи манъшуда шустанд? Ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист шикоят баред
WGC: Захираҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли гузашта 4 тонна зиёд шуданд
НАВШУДА. Сафорати Тоҷикистон дар Туркия: Дақиқ хоҳем кард, ки миёни қурбониёни заминларза шаҳрванди мо ҳаст ё не
“3-4 рӯзи охир ва 3-4 рӯзи аввали моҳ”. Раиси “Амонатбонк” норасоии пули нақд дар банкоматҳоро шарҳ дод
“Моро даъват кунед, то худро дифоъ намоем”. Хоҳиш ва умеди Толибон аз Маскав
Имдодгарони КҲФ ҷасади 2 нафарро аз дарёҳо берун гирифтанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста