Ширкати ҳавоии “Ҷазира” (Jazeera Airways) хабар дод, ки шурӯъ аз 29 декабр ҳафтае ду бор – рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе ҳавопаймоҳои он дар самти Душанбе-Кувайт парвоз хоҳанд кард. Ин иттилоъро аз Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон низ тасдиқ карданд.

Дар Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ташаббуси боз кардани хати парвози мустақим аз ҷониби давлати Кувайт буд ва ҷониби Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намуд.

Дар сомонаи ширкати ҳавоии “Ҷазира” арзиши чипта аз Ал-Кувайт ба Душанбе 160 доллар ва чиптаи баргашт 340 доллар муқаррар гардидааст.

Масофаи парвоз бештар аз 3 соатро ташкил медиҳад.

Гуфтан ба маврид аст, ки қаблан миёни Тоҷикистон ва Кувайт парвози мустақим вуҷуд надошт.

Шаҳри Ал-Кувайт пойтахти Давлати Кувайт - кишваре дар Осиёи ҷанубуғарбӣ буда, бо Ироқ ва Арабистони Саудӣ ҳамсарҳад аст ва бо Тоҷикистон соли 1995 робитаҳои дипломатӣ барқарор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.