Ба таври ихтиёрӣ ин ҳолатест, ки ҷонибҳо бо розигӣ ба мақомоти САҲШ муроҷиат мекунанд ва тавассути додгоҳ ин ҳолатест, ки суд ҳалнома дар хусуси муқаррар намудани падарӣ содир мекунад.

Муқаррар намудани падарии падару модар, ки дар ақди никоҳи якдигар нестанд

Барои бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарии падар ва модари кӯдак, ки дар ақди никоҳи якдигар қарор надоранд, бояд бо аризаи муштарак ба мақомоти САҲШ (ҷамоат, агар дар деҳа зиндагӣ кунанд) муроҷиат кунанд. Агар яке аз онҳо имкони шахсан додани аризаро надошта бошанд, розигии ӯ бояд дар аризаҳои алоҳида дар бораи муқаррар намудани падарӣ қайд карда шавад. Шахсоне, ки ҳангоми додани чунин ариза имконияти ҳузур доштанро надоранд, имзои онҳо бояд аз тарафи идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ шуда бошад.

Ҳамчунин, пешниҳоди нусхаи дутарафаи шиносномаҳои падару модари кӯдак, шаҳодатномаи таваллуд, розигии хаттии кӯдак (агар кӯдак ба балоғат расидааст) лозим аст.

Пас аз пешниҳоди бастаи ҳуҷҷатҳои зикршуда, шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ давоми панҷ рӯз аз рӯзи муроҷиат ройгон дода мешавад. Баъди дар асоси сабти санад дар бораи муқаррар намудани падарӣ тағйироти дахлдор ворид карда мешавад, шаҳодатномаи нави таваллуд дода мешавад.

Муқаррар намудани падарӣ бо аризаи падари кӯдак ҳангоми таваллуд бо модари кӯдак ақди никоҳ надорад

Дар ҳолати мазкур падари кӯдак бояд бо ариза ба мақомоти САҲШ дар ҷойи истиқомати худ ё бақайдгирии таваллуди кӯдак муроҷиат мекунад.

Акс:ramtv.su

Як ҷо бо ариза нусхаи дутарафаи шиносномаи худ, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабаби ҳузур надоштани модар (вафот, бедарак будан, маҳрум намудан аз ҳуқуқи модарӣ ва ғайра), агар кӯдак ба балоғат нарасида бошад ҳуҷҷати тасдиқкунандаи розигии мақомоти васоят ва парасторӣ ва агар ба балоғат расида бошад, розигии хатти кӯдакро пешниҳод намудан лозим аст.

Шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ аз тарафи мақомоти САҲШ дар давоми панҷ рӯз аз рӯзи муроҷиат ройгон дода шуда, дар асоси сабти санад дар бораи муқаррар намудани падарӣ тағйироти дахлдор ба сабти санад дар бораи таваллуди кӯдак ворид карда мешавад ва шаҳодатномаи нави таваллуд дода мешавад.

Муқаррар намудани падарӣ дар асоси ҳалномаи суд

Барои муқаррар намудани падарӣ ба суд метавонанд падар ё модари кӯдак, васӣ ё парастори кӯдак, шахсе, ки дар нигоҳубини ӯ кӯдак қарор дорад ё худи кӯдаки ба балоғатрасида муроҷиат кунанд.

Дар ин ҳолат, муроҷиаткунанда бояд бо ариза ба ҷамоат (агар дар деҳа зиндагӣ кунанд ва кӯдак ба синни як нарасида бошад) ё мақомоти САҲШ дар ҷойи истиқомати падар ё модар ё дар ҷойи бақайдгирии таваллуди кӯдак ва ҳамчунин, дар ҷойи баровардани ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани падарӣ ё дар бораи муқаррар намудани факти эътирофи падарӣ, муроҷиат кунанд.

Илова ба ариза, ҳамчунин, ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани падарӣ ва ё муқаррар намудани факти эътирофи падарӣ, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, нусхаи дутарафаи шиносномаи аризадиҳанда, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак дар сурате, ки агар кӯдак ба ба қайд гирифта шудааст, бояд пешниҳод карда шавад.

Шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба падару модар дар давоми панҷ рӯз аз рӯзи муроҷиат ройгон дода мешавад.

Дар асоси сабти санад дар бораи муқаррар намудани падарӣ тағйироти дахлдор ба сабти санад дар бораи таваллуди кӯдак ворид карда мешавад ва шаҳодатномаи нави таваллуд дода мешавад.

Дар хусуси бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ ва намунаи аризаҳо аз сомонаи САХШ-и Вазорати адлия маълумоти муфассал дастрас намудан мумкин аст.

Ҳуқуқҳои кӯдак пас аз бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ

Пас аз бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ фарзанд таҳти ҳимояи қонунии падару модари худ қарор мегирад. Яъне, падар ва модари ӯ тавассути қонун мушаххас ва дар шаҳодатномаи ӯ номи ҳарду сабт мегардад.

Кӯдак бо фарзандони дигари падари худ (агар дошта бошад) баробарҳуқуқ эътироф мегардад. Ӯ ҳамчунин ба моликият ё мероси падари худ ҳуқуқ пайдо мекунад.

Инчунин, кӯдак дар сурати марги падар ба ҳар гуна пардохтҳои иҷтимоие, ки тибқи қонун пардохти он муайян шудааст, ҳақ пайдо мекунад.

Модари кӯдак ба таъмини сазовори фарзанди худ тавассути ситонидани алимент ҳуқуқ пайдо менамояд. Агар падари фарзанд аз пардохти алимент сарпечӣ намояд, модар метавонад, тавассути суд ӯро барои пардохти маблағ ӯҳдадор намояд.

Падар низ ҳуқуқ пайдо мекунад ва ӯҳдадор мешавад, ки дар таълиму тарбия кӯдак баробари модари ӯ саҳм гузорад ва дар идора намудани маблағе, ки ба суратҳисоби кӯдак ворид мешавад, иштирок кунад.

Ҳамчунин, ҳуқуқи падару модар барои ба хориҷа бурдани кӯдак баробар мешавад ва яке аз онҳо бе розигии тасдиқшудаи дигаре наметавонанд кӯдакро ба хориҷи давлат баранд.

Дар умум, кӯдак аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ зери ҳимояи қонун қарор мегирад.

Барои маълумот: Шурӯъ аз соли 2016 дар Тоҷикистон бо сарпарастии Вазорати адлия ва дастгирии техникиву молиявии Барномаи рушди СММ ва Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷараён дорад. Ислоҳоти мазкур маҷмӯи чорабиниҳоеро оид ба сода, дастрас ва қулай намудани тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бар мегирад.

Яке аз марҳилаҳои муҳимми татбиқи ислоҳоти мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба муҳимият ва сабти саривақтии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.