Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки шаҳрванди Русия Виктор Бут, ки дар Амрико ҳукми худро адо мекард, имрӯз, 8-уми декабр, дар фурудгоҳи Абу-Дабии АМА бо Бритни Гринер, варзишгардухтари амрикоӣ, ки дар Русия маҳкум гардида буд, иваз карда шудааст. Дар ин бора “ИНТЕРФАКСЕ” бо такя ба ВКХ-и Русия иттилоъ медиҳад.
Ин расона менависад, ки “Русия муддати тӯлонӣ бо Амрико дар бораи раҳоии Виктор Бут музокира мекард”.
Ин расона навиштааст, ки дар оғоз Вашингтон аз муколама дар бораи шомил кардани шаҳрванди Русия ба нақшаи мубодила ба таври қатъӣ худдорӣ мекард, аммо бо вуҷуди ин, Русия ҷиҳати раҳосозии шаҳрванди хеш талош намуд.
“Дар натиҷаи талошҳои анҷомшуда имкон пайдо гардид, ки бо ҷониби Амрико дар мавриди табодули Виктор Бут бо Бритни Гринер тавофуқ ҳосил шавад. Шаҳрванди Русия ба ватанаш баргардонида шуд", - иқтибос меорад ин расона аз вазорати хориҷаи Русия.
Дар ҳамин ҳол, агентии иттилоотии ТАСС аз қавли Иван Мелников, ноиби раиси бахши Русияи Кумитаи байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар навишт, ки Виктор Бут ва Бритни Грейнер набояд мӯҳлати боқимондаи ҳукми худро дар ватани худ сипарӣ кунанд.
“Виктор Бути рус ва Бритни Грейнери амрикоӣ қабл аз мубодилаи расмӣ дар Абу-Дабӣ афв шуданд ва мӯҳлати боқимондаи ҳукми худро дар кишварашон сипарӣ намекунанд”, - менависад ТАСС.
Ёдовар мешавем, ки Виктор Бут, ки аз ӯ чун “шоҳи тиҷорати яроқ” ном мебаранд, зодаи Тоҷикистон аст ва дар Амрико барои 25 сол маҳкум шудааст. Ӯ барои омодагӣ ба фурӯши силоҳ ба шӯришиёни Колумбия ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст.
Бритни Гринер, варзишгардухтари амрикоӣ бошад, моҳи март дар вилояти Маскав бо иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир аз марз боздошт шуда, баъдан ба 9 соли зиндон ва пардохти 1 миллион рубл ҷарима маҳкум шуда буд.
Дар Дубай тоҷикистониеро ҷустуҷӯ доранд, ки миллион доллар бурд кард
Аз бегуноҳӣ то интизорӣ. Вазъи занон дар зиндонҳои Толибон
Дар Тоҷикистон чӣ қадар сурма ҳаст?
Аз маъдану тилло то барқу пахта. ТОП-10 маҳсулоте, ки Тоҷикистон содирот мекунад
“Қувваҳои зидди давлат аз қазияи Кӯлоб истифода мебаранд”. Шарҳи прокурори минтақаи Кӯлоб
Барои баргузории 3 озмун дар Тоҷикистон беш аз 11 млн сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Қирғизистон 42 донишҷӯи тоҷик боқӣ мондаанд. Вазорат омода аст, ки онҳоро баргардонад
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, далели шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро месанҷад
Футболбози тоҷик Салам Ашӯрмамадов бо бошгоҳи Португалия қарордод баст
Вазири маориф: Таътили тобистона аз 1-уми июн оғоз мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста