Дар вилояти Хатлон ҷоизаҳои раиси вилоят дар риштаи мусиқии суннатии фалак ба номи Одина Ҳошимов, дар бахши санъати эстрадаи миллӣ ба номи Муқаддас Набиева, дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллозода ва дар бахши санъати рақси миллӣ ба номи Туйдӣ Бобиева гузошта шудааст. Дар ин бора, саҳифаи фейсбуки МИҲД дар вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур ба хотири “ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақоми кормандони соҳаи фарҳанг, рушду такомули санъати касбӣ ва театрӣ дар вилоят” роҳандозӣ карда шудааст ва ба ғолибони ҳар номина диплом, медал ва 5000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда мешавад.
"Барои дарёфти ҷоиза ҳунармандони аз 18 то 50-солае, ки дар муассисаҳои фарҳангии қаламрави вилояти Хатлон на кам аз 5 соли охир фаъолияти эҷодӣ доранд, метавонанд довталаб бошанд”, - гуфта мешавад дар хабар.
Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон гуфтааст, ки ҷоизаи мазкур ҳар сол дар Рӯзи фалак (10 октябр) ба ғолибон тақдим карда мешавад.
Одина Ҳошим, овозхон, навозанда ва оҳангсози маъруфи тоҷик аст, ки бо унвони Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ сарфароз гардонида шудааст, 13-уми июни соли 1937 дар ноҳияи Даштиҷум таваллуд ёфта, бо шеърдонӣ ва шеърхониаш дар байни мардуми тоҷик ва берун аз он маъруфият пайдо карда буд.
Ӯ 16-уми ноябри соли 1993 дар шаҳри Душанбе вафот кард ва дар қабристони Лучоб ба хок супорида шуд.
Муқаддас Набиева бошад, 7-уми январи соли 1950 дар ноҳияи Фархор таваллуд шуда, аз сарояндагони хушовози дастаи эстрадии «Гулшан» ба ҳисоб мерафт. Ӯ бо унвони ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Муқаддас Набиева бо садои гуворою дилнишинаш ба зудӣ дар қалби мардум ҷой шуд ва шуҳратёр гашт. Сурудҳои ӯ аз сершунавандатарин дар кишвар гашта буданд.
Ин сароянда соли 1979 ҳангоми сафар бо ҳамроҳи ҳамкоронаш ба вилояти Суғд, бар асари садамаи нақлиётӣ ва дар синни 29-солагӣ, даргузашт.
Аловуддин Абдуллоев 15-уми майи соли 1965 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Ӯ аз ҷумлаи ҳунармандони моҳир дар жанри ҳаҷв ба ҳисоб мерафт. Ӯ чандин сол роҳбарии Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа ва сарраёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба ӯҳда дошт.
Барномаҳои ҳаҷвии ӯ миёни халқ маҳбубияти беандоза дошт ва ҳар як нақши офаридаву сухани гуфтааш имрӯз бо зарофат аз забони мардуми садо медиҳад.
Ин ҳунарманд 17-уми феврали соли 2022 дар шаҳри Бохтар вафот кард.
Тӯйдӣ Бобиева низ яке аз ҳунармандони тоҷик буда, чандин сол дар Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский фаъолият намудааст. Ӯ бо унвони Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.
Радди фишору табъиз ва бозгашт ба ватан. Муҳоҷирони пешин талош доранд дар ватан барои худ ҷойи кор эҷод кунанд
Дар Душанбе смартфонҳои нави HONOR 400 Pro рӯнамоӣ шуд
“Умр”-и дубораи пластика. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз коркарди партов даромад ба даст орад?
Кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Маош чанд аст ва кор чист?
Дастаҳо ва футболбозони тоҷик чӣ қадар арзиш доранд?
“Таваккал ба Худо кардему ба ёрӣ шитофтем”. Қаҳрамонии панҷ ҷавони тоҷик дар обанбори Истраи Русия
Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон имрӯз дар 74-солагӣ даргузашт
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин. Онҳо дар бораи чӣ суҳбат карданд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Афсона
Боз як талоши эҷоди маҳдудият. Дар Русия мехоҳанд, муҳоҷирон ба ватан аз маошашон бештар пул нафиристанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста