Дар доираҳои таҳлилӣ мегӯянд, Ҳукумати Тоҷикистон худро дар марҳалае мебинад, ки эҳтимол дорад дар соли пешорӯ як гардиши ғайриинтизор анҷом диҳад.

Соли 2023 биноҳои нави Парламент ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳоло сохтмонашон дар маркази шаҳри Душанбе аз ҷониби сохтмочиёни чинӣ идома дорад, мавриди истифода қарор мегиранд. Гуфта мешавад, дар хеле аз утоқҳои роҳбарии ин биноҳо имкон дорад одамони комилан нав дар курсӣ нишинанд.

Дар ҳамин ҳол, мушкилоти вобаста ба сардиҳои чанд рӯзи ахир бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон масоил ва саволҳои ҳанӯз посухнадодаи фаровон дорад. Дуруст аст, ки хеле аз ин саволу масъалаҳо нав пайдо нашудаанд ва бисёрии онҳо ба зимистон ҳам дахл надоранд. Ҳалли онҳо бархӯрди системавиро тақозо менамояд.

Дар робита ба ин, мо дар ҳамкорӣ бо таҳлилгарон номгӯи 10 саволи рамзиро тартиб додем, ки дар соли 2023 метавонанд хеле муҳим гарданд. Ин масоилро дар ду қисм: иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву амниятӣ таҳлил менамоем.

Дар матлаби аввал, 5 масъалаи бахши иқтимоиву иқтисодии кишвар таҳлил шудааст, ки ба эҳтимоли зиёд дар соли 2023 низ муҳим боқӣ мемонанд.

Мушкили барқро шабакаи ягона ҳал мекунад?

Дар Тоҷикистон мушкилоти таъмини нерӯи барқ, махсусан дар фасли сармо солҳо боз хатм намеёбад. Ҳукумат мегӯяд, истиқлолияти энергетикиро ба қатори се мавзӯи стратегӣ ҳамроҳ кардаасту бо бунёд шудани нерӯгоҳи “Роғун” ва сохтани нерӯгоҳҳои хурд масъала ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Дар гузашта ҳукумати Ислом Каримов барои сохтмони ин нерӯгоҳи пуриқтидор на танҳо шадидан мухолифат мекард, балки дар баъзе ҳолат тавонист халал ҳам расонад. Ҳоло президенти собиқи Ӯзбекистон нест, он гуна мушкилот ҳам. Акнун ду агрегати “Роғун” фаъол шуд. Ин барои тағйир додани вазъи энергетикӣ ҳеҷ аст. Аммо Тоҷикистон ғайри “Роғун” ҳамчунин “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2” ҳам дорад. Аввалӣ бо саҳмияи аз рӯи маълумоти гуногун аз 75 то 86 фисадаи русҳо  бунёд шуда бошад ҳам, гуфта мешавад, барои Тоҷикистон тақрибан манфиат намеорад. Сару садо аз қарзҳои бешумори барқи истифодашудаи ин нерӯгоҳ асту халос.

Акс аз ritmeurasia.org

Нерӯгоҳи дуюм, ки бо усули биотӣ аз ҷониби эрониён сохта шуд, гуфта мешавад 14 сол дар хидмати Эрон хоҳад буд.

Дар ин муддат, агар ягон миқдор барқи изофие ҳосил шуда бошад, тасмим ба ин афтодааст, ки онро ба Афғонистон фурӯшанд, то бозори ояндаи худро аз даст надиҳанд.

Хулоса, масъалаи энергетикӣ бо саволу печдарпечиҳои худ гирифтор асту мардум дар зимистон азоби алими бебарқӣ мекашад. Дар ҳамин ҳол, 13 –уми январи соли 2017 эълон гардид, ки “лимит акнун моли таърих аст”. Изҳороте, ки баъдан маълум шуд, як қадар шитобкорона, ё таблиғотӣ будааст. Имсол ҳам, чанд рӯз пеш Президент Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, то лимит лағв шавад, аммо чанд рӯз пас мардум тақрибан аз ҳама ноҳияҳо боз доди бебарқӣ мезананд.

Дар соли 2023 тоҷикистониёнро метавонад як хушхабар дар робита ба масоили энергетикӣ пешвоз бигирад. Зеро тасмим доранд Тоҷикистонро дубора ба Шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ворид намоянд. Гуфта мешавад, барномаи азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ду соли охир мавриди татбиқ қарор дорад. Айни ҳол корҳои лоиҳакашию тадқиқотӣ ҳам дар ҳудуди Тоҷикистон ва ҳам дар ҳудуди Ӯзбекистон ҷараён доранд.

Хотиррасон мешавем, ки Тоҷикистонро соли 2009 аз ин шабака хориҷ намуданд. Дар сурати дубора пайваст шудан, имкон пайдо мешавад дар вақти зарурат аз кишварҳои ҳамсоя барқ гирифт ва дар ҳолати изофӣ шудани барқ дар дохили кишвар, онро ба кишварҳои дигари минтақа фурӯхт.

Кай кишоварзӣ ҷузъе аз сиёсат мешавад?

Се соли ахир моддаи 69 –и Конститутсияи Тоҷикистон ба вазорати кишоварзӣ тақрибан ҳамасола “меҳмон” мешавад. Ҳамагӣ соли гузашта, дар таърихи 26 январ, Сулаймон Зиёзода пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазирии кишоварзӣ озод шуда, муовини сарвазир таъин гардид. Вазири нав Саъдӣ Каримзода шояд ба курсии худ одат накарда буд, ки ӯро ҳам аввали январи имсол барканор карданд. Ҳоло ба ин курсӣ раиси собиқи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нишастааст.

Номаълум, дар паси ин тағйироти аз ҳад ба ҳам наздик чӣ меистад. Шояд дар сатҳи роҳбарияти кишвар ҳам аз кори ин вазорат қонеъ нестанд. Ё ягон масъалаи барои ҳукумат стратегӣ дар миён бошад. Ин ҳам дар ҳоле, ки шикояти мардум аз бахши кишоварзӣ андак нест. Ҳам аз камбуди маҳсулоти ватанӣ, ҳам арзиши баланди онҳо. 

Акс аз Asia-Plus

Ҳукумат ба ин андеша аст, ки дар миёнаи солҳои 90 бо тақсим намудани 75 000 га замин ба мардум, онҳо тавонистанд рушди кишоварзиро таъмин намоянд. Ё баръакс, шояд хеле аз масъалаҳои марбут ба худро ба зиммаи одамон гузошт.

Тоҷикистон, дар ҳақиқат, аввалин ислоҳоти кишоварзиро соли 1996 ва баъдан соли 1999 анҷом дод. Дар паи он, ки ба эҳтимоли қавӣ бо дархости созмонҳои ғарбӣ сурат гирифту ҳадаф нест кардани бозмондаҳои СССР буд,  колхозу совхозҳои замони шӯравӣ барҳам хӯрд. Ба ҷои тақрибан 500 колхозу совхози мавҷуда ҳоло 170 000 хоҷагии деҳқонӣ амал мекунад. Ба қавле, соҳиби аслии замин деҳқон шуду дар киштукор мустақил. Аммо дар мо барои ба вуҷуд омадани чунин тарзи хоҷагидорӣ то куҷо заминаҳо вуҷуд доранд?

Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ), раиси  Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода мегӯяд, колхозу совхозҳои шӯравӣ бо техникаи зарурӣ, мутахассис ва дигар асосҳои муҳим муҷаҳҳаз буданд. Ҳоло бошад, аксарияти хоҷагиҳои деҳқонӣ на техника доранд, на мутахассис ва на сармоя. Мушкили дигар ин аст, ки 80 дарсади роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ тахассуси зарурии кишоварзиро соҳиб нестанд. Бар илова, хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ боиси ҷанҷолу хархаша дар деҳот мегарданд, ки вақти тақсим ва истифодаи замин ва об пеш меоянд.

Роҳи ҳали масъаларо Латифзода чунин мебинад:

- Мо фикр мекунем, ки андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ комилан шакли дигар дошта бошад. Пешниҳод дорем, ки бахши кишоварзӣ умуман аз андозбандӣ озод шавад. Ҳоло ҳам саҳми андози бахши кишоварзӣ дар пур кардани буҷаи мамлакат зиёд нест. Тақрибан 300 миллион сомонӣ, ки барои як кишвар пули калон нест. Инро мешавад аз ҳисоби манбаъҳои дигар рӯпуш намуд. Дар бисёрии давлатҳо бахши кишоварзӣ дар дотатсияи давлатӣ қарор дорад. Агар дар мо, ҳади ақалл андозро аз кишоварзӣ бигиранд, як навъ кӯмаки дотатсияи давлатист.

Як пешниҳоди дигари ҲАТ ин аст, ки хоҷагиҳои хурди деҳқониро  ба хоҷагиҳои калон муттаҳид намоянд. Аммо инро бо чӣ шакл ва аз рӯи кадом қонун анҷом додан мумкин, то сафи норозиҳоро наафзоянд, ҳоло мушаххас нест.

Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва вакили он дар парламент Рустам Раҳматзода мегӯяд барои ислоҳи вазъ дар бахши кишоварзӣ намунаҳои зиёд вуҷуд доранд. Масалан, онҳо  замоне барои омӯзиш ба Туркия рафтанд. Маълум шудааст, ки  дар ин кишвар 123 ассотсиатсияи соҳавӣ фаъолият мекунад. Вазорати кишоварзиаш 23 000 корманд дорад. Албатта бо намояндагӣ дар ҳамаи ҷамоатҳо. Дар ин кишвар 3. 5 миллион фермер аст. Намояндаи вазорат бо ҳар фермер шартнома мебандад. Дар ин шартнома маҳсулотеро, ки кишоварз бояд парвариш намояд, зикр мекунанд ва намояндаи вазорат барояшон пешакӣ харидор ҳам пайдо мекунад.

Дар ин сурат фермер фақат аз паи киштукор мешавад, масъалаҳои вобаста ба логистика ва фурӯшро вазорати кишоварзӣ муваффақона анҷом медиҳад, - изҳор намуд раиси ҲИИТ.

Масъалаи дигаре, ки ҳамеша мавриди баҳсҳост, афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзист. Дар ин бора ҳам Раҳматзода намунаҳое дорад:

- Дар шаҳрҳои калоне чун Маскаву Киев масъалаи ҷаҳиши нархҳоро бо ташкил намудани бозорҳои яклухтфурӯшӣ ҳал кардаанд. Вақте савдогар аз бозорҳои яклухти минтақаҳо ба бозори шаҳрҳои калон ворид мешавад, ба онҳо нархгузории савдоро шаҳрдор мушаххас мекунанд. Масалан, дар Екатеринбургу Маскав он 50 фоизро ташкил медиҳад. Яъне, агар маҳсулотеро харидорӣ кардед, ҳаққи аз 50% дар болои он зам карданро надоред. Ин яке аз фишангҳои иқтисоди бозаргонӣ аст, ки мутаассифона онро истифода намебарем.

Зимнан дар ин ҳолат метавонад масъалаи монополия, аз ҷумла аз  сӯи афроди ҷудогонаи пуртаъсир, пеш ояд. Балки ин мавзӯъ ҳоло ҳам яке аз сабабҳои болоравии нархи маҳсулот арзёбӣ мешавад.

Аз ҷониби дигар, давлат ҳам бояд ҳавасмандии худро дар рушди бахши кишоварзӣ нишон бидиҳад. Хоса дар кишварҳое мисли Тоҷикистони аграрӣ, ки ҳудуди 70 дарсади аҳолӣ дар деҳот ба сар мебаранд ва бо замин сарукор доранд. Ба ин васила одами зиёд ба коре машғул буда, норозигии аз ҳад зиёд намекунанд. Аз ин ҷиҳат, бархе масъаларо сиёсӣ ҳам арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла, раиси ҲАТ Рустам Латифзода:

Мутмаин бошед, ки дар оянда истеҳсолу фурӯши маҳсулоти ғизоӣ низ ба аслиҳаи муборизаву василаи фишори давлатҳо табдил меёбаду аллакай ёфтааст. Мо чандин бор шоҳид шудем, ки Онишенко – санитари асосии Русия ба маҳсулоти содиротии Тоҷикистон чӣ гуна бархӯрд намуд. Ё дар муносиботи Русияву Белорус, Туркия ва Русия ва дигар кишварҳо низ. Ин далолат ба ҷиддияти масъала мекунад ва бархӯрди ҷиддиро талаб менамояд. Дар навбати худ, соҳибкорон, ки танҳо ғами ҳарчи бештару пештар пайдо кардани манфиати молиро доранд, аз роҳҳои сунъии истеҳсоли маҳсулот истифода мебаранд, ки ба саломатии инсонҳо зарари калон оварданаш мумкин. Ин масъалаҳои дар назари аввал молиявӣ сиёсатҳоеро ҳам дар пай дошта метавонанд. Барои ҳамин, мо мегӯем, ки кишоварзӣ акнун василаи сиёсӣ ҳам ҳаст ва бояд ба он бархӯрди дурбинона намуд.

Як масъалаи дигар, ки ҷиддияти масъалаи вобаста ба кишоварзиро маълум мекунад, суръати афзоиши аҳолӣ дар Осиёи Миёна аст. Тахмин мезананд, ки то як даҳсолаи дигар аҳолии минтақа ба 90 – 100 миллион нафар хоҳад расид. Дар ин сурат масъалаи таъмини мардум бо ғизо ва ёфтани бозор хеле муҳим мешавад.

Танҳо“ноновари хона”?

Дар ҷобаҷогузории ахири кадрӣ на танҳо вазир, балки муовин ва тақрибан ҳамаи сохторҳои тобеъ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иваз шуданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз Ширин Амонзода ба сифати як мансабдори сатҳи нав шинохт доранд. Ӯ ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъин шуданаш ба мардум умеди зиёд дод. Хоса вақте ба сари турбати модари раҳматиаш рафт ва савганди садоқат барои хизмати мардум хӯрд. Ин як гапи андак нест, ин гуна иддаоро танҳо нафаре оммавӣ мекунад, ки аз худ дилпурӣ дорад. Дилпурии як мансабдор ҳатман ба сатҳи дониш, фаросат ва зарфиятҳояш вобаста аст, ки дар иҷрои масъулият ба кор меоянд.

Ҳоло номаълум дар пайи фармони барканориаш пас аз ду сол чӣ меистад. Вале як чиз яқин аст: масъалаи меҳнат, шуғл ва муҳоҷиратро дар як солу ду сол “ҷумбондан” мумкин нест. Хоса, вақте он танҳо як масъалаи иҷтимоиву иқтисодӣ нест.

Акс аз Reuters

Муҳоҷират, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шакли оммавиро гирифт, хоставу нахоста таҳдиди аслӣ ҳам ба иқтисодиёт ва ҳам ба амнияти кишварро ба миён меорад.  

Аз нигоҳи иқтисодӣ ҳанӯз соли 2009, вақте бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ пеш омад, мо таҳдидро эҳсос кардем: маълум шуд, ки назар ба алюминий ва пахта асъори хориҷиро маҳз муҳоҷирон ба кишвар бамаротиб бештар ворид мекунанду агар онҳо нафиристанд, чӣ ҳолу аҳвол хоҳем дошт. Ҳоло пас аз як соли ҷанги Русия бо Украина низ ба назар мерасад, ки аз муҳоҷирони тоҷик маблағи камтар меояд. Пештар аз ин, барои коҳиш додани ирсоли маблағ дар Русия барномаеро роҳандозӣ карданд, ки ба муҳоҷирони оилавӣ авлавият медиҳанд. Инро бояд чунин мефаҳмидем, ки ҳадафи Кремл кам кардани коҳиши маблағ аз хоки кишвараш ҳаст. Зеро, агар муҳоҷир оилавӣ рафт, дигар ба кӣ пул равон мекунад?  

Замони авҷи ҷанги Сурия бошад, маълум шуд беш аз 70 фоизи тақрибан 2000 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ДОИШ пайвастаанд, маҳз тавассути Русия ба он ҷо рафтаанд. Инро бояд чунин қабул мекардем, ки таҳдиди аслии мо на дар дохили кишвар, балки дар ҳазоркилометраҳо аз марзи Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ин метавонад ҳар кишвари дигар ҳам бошад.

Масъалаи дигари таҳдидзо дар робита ба муҳоҷирон куштори бераҳмонаи тоҷикон дар Русия аст. Чанд сол боз мо шоҳиди чӣ даҳшатҳое ҳастем, ки баъзан дар худи Тоҷикистон вокуниши ҷиддиро ба бор меоранд. Ҳатто кӯшишҳои дар назди сафорати Русия ташкил кардани намоишҳои эътирозӣ пайдо шуданд.

Дар сурати пайдо накардани ҷои кор дар дохили Тоҷикистон, ё танзими расмӣ нашудани муҳоҷират, теъдоди бузурги мардум метавонад ба абзори сиёсиву идеологии давлат ё созмонҳои гуногуни бегона табдил ёбанд. Дар ҷанги бо Украина доштаи Русия низ хеле аз муҳоҷирон, аз ҷумла онҳое, ки шаҳрвандии ин кишварро доштанд ва ҳам онҳое надоштанд, қурбон шуданд, ки гапи андак нест. Ин идомаи сиёсисозиҳои муҳоҷират ба ҳисоб мерафт, ки мо шояд ба умқи онҳо сарфаҳм нарафта будем.

Воқеан, чанд сол пеш аз ҷониби баъзе аз доираҳои ба Кремл наздик пешниҳоди таъсиси Ҳизби муҳоҷирон садо дод. Гуфта мешуд, ин ҳизби таъсиснаёфта метавонад ҳар нерӯи пуриқтидори дохилиро “ба як нул занад”.

Дуруст аст, ки як қисми муҳоҷирон аз ин ҳама дилмонда шуда, барои худ ё дар кишварҳои осиёӣ, ё ғарбӣ бозор меёбанд. Аммо маълум аст, ки ин бозорҳо ба қадри Русия ғунҷоиш надоранд.

Пас чӣ кор бояд кард?

Аз 100 миллион аҳолии Филиппин  беш аз 10 миллионаш муҳоҷири меҳнатист. Аммо давлат онро танзим кардааст ва ҳукумат даҳҳо сохтори дар хориҷа бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандонашро таъсис дода, ҳуқуқи онҳоро ҳимоя мекунад. Дар мо бошад, сохторҳои давлатӣ чандин бор шакл дигар карданду аммо мушкили муҳоҷирон, ки бояд масъалаи амнияти давлат ҳам фаҳмида шаванд, ҳалли худро наёфт.

Бо маводи сӯхти бегона чиро метавон интизор шуд?

Таъмини маҳсулоти нафтӣ барои кишвари мо мисле, ки ягон дурнамои муайян надорад. Ҳар замон дар ин самт имкони сар задани бӯҳрон ҳаст. Чун “тиллои сиёҳ” дар организми ҷомеа  нақши хунро дорад, пас бояд мо ҳамеша “донор”-и беминнате дошта бошем.

Ин шабу рӯз нархи газ дар Тоҷикистон хеле поин рафт. Бархе шореҳон ду сабабро эҳтимол донистааст:

- Яке гармии бесобиқа дар зимистони Аврупо, ки яке аз бузургтарин масрафкунандагони газ асту ҳоло онро ба миқдори кам харид мекунад, дигаре зери таҳрим мондани гази Русия, ки дар натиҷа чун харидораш камтар шуд, бо нархи арзонтар пешниҳод мешавад. Арзоншавии газ дар Тоҷикистон бештар ба сабаби дуввум бастагӣ дорад.

Акс аз kostanay.newauto

Барои ҳамин, хелеҳо фикр доранд ин арзоншавӣ мавсимӣ асту хизматрасониҳои худро арзон намекунанд. Масалан таксиҳо. Ба ҳар ҳол, гап дар бораи маҳсулоти бегона меравад, ки аз мо вобаста нест. Шояд бо пайдо кардани бозори нав Русия қиммати гази худро боз бештар мекунад.

Масъаларо дар Тоҷикистон як замоне дарк карданд. Соли 2010 вақте Русия нисбат ба кишвари мо боҷи хос муқаррар кард. Бархе таҳлилгарон гуфтанд, ки дар ин амали онҳо масъалаи сиёсиро мебинанд: барои зиёдтар кардани нобоварии мардум ба ҳукумат дар натиҷаи боло рафтани нархҳо ва ҳамин тавр ба вуҷуд овардани эътирозҳо.

Стратегҳои Ҳукумати Тоҷикистон бошад ҳамон давра даъво пеш оварданд, ки Русия бозори сӯзишвории кишварро ба монополия табдил додаасту бояд аз ин пешгирӣ кард. Вале роҳи дигари алтернативӣ пайдо нашуд. На Эрон ва на Туркманистону Қазоқистон бо сабабҳои айниву зеҳнӣ ин мушкили Тоҷикистонро ҳал карда натавонистанд. Бунёди корхонаи сӯзишворӣ дар Данғара, ки имрӯз фаъол мешавад, ё пагоҳ, берун аз хабарҳо чизи дигаре нест.

Пас ҳоло ҳам дар Тоҷикистон моҳияти аслии масъаларо нафаҳмидаанд, ё таъсири онҳое зиёд аст, ки ба қочоқи бензину газ машғуланд?

Набояд фаромӯш кард, ки вақти низои байни Қирғизистону Тоҷикистон дар Бишкек масъалаи қочоқи бензинро ҳамчун “далели аз ҳад ҷиддӣ” арзёбӣ намуданд.

Тоҷикистон ба ЕАЭС дохил мешавад?

Масъалаи ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё  (ЕАЭС) дохил шудан, ё нашудани Тоҷикистон солҳост, ки “омӯхта мешавад”. Ҷавоби қотеъ нест. Як замон инро ба сифати мушкилзои корхонаҳои ватанӣ ҳам арзёбӣ карданд. Аз ҷумла, аз давраи хуб шудани муносибатҳо бо Ӯзбекистон мисол оварда шуд, ки корхонаҳои мурғпарварии мо қариб муфлис мешуданд, ё дар Ӯзбекистон корхонаҳои истеҳсоли сементашон. Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода  мегуфт, “агар сарҳад бо чанд давлат кушода шавад, чӣ қадар муаммову қазияҳои дигар пеш омаданаш мумкин? Аз ин хотир, ҳамаро бояд бо усулҳои риёзӣ ҳисобу китоб кард, на бо даъвоҳои популистӣ”.

Акс аз сомонаи ИИАО

Ин дар ҳоле буд, ки ба истилоҳ ягона нерӯи сиёсии мухолиф – ҲСДТ ва раҳбараш Раҳматилло Зойиров мавзӯи ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро ҷузъи асосии барномаи пешазинтихоботиаш дар интихоботи парламентии соли 2020  эълон намуд. Дар охири маърака бошад, КМИР ин ҳизбро ягона нерӯи сиёсие эълон кард, ки парламентӣ намешавад. Ҳарчанд Зойиров мегуфт масъалаи воридшавии Тоҷикистон ба ин созмонро ҳамаҷониба омӯхтааст ва бояд интихобкунандаи зиёд аз онҳо ҷонибдорӣ намояд:

- Вобаста ба бурду бохти Тоҷикистон аз воридшавӣ ба ин иттиҳод 3 нуктаро таъкид мекунам. Якум, хароҷоте, ки муҳоҷирони меҳнатии мо дар Русия барои расмиёт харҷ мекунанд, 150 миллиард рублро (беш аз 2.2 миллиард доллар) ташкил медиҳад. Воридшавии Тоҷикистон ба ЕАЭС ин пулро ба кишвари худамон меорад. Дуюм, имрӯз ҳимояи муҳоҷирони меҳнатӣ муҳимтарин манфиати миллист. Масъалаи дигар таъмин бо ҷои кор аст. Ҳукумат мегӯяд ҳамасола 100 ҳазор ҷои кори нав ташкил мекунад. Агар ба ин омор ҳам бовар кунем ва онро бо шумораи хатмкунандагони мактабҳои миёнаву олӣ муқоиса намоем (ҳамасола 120 ҳазор нафар мактабҳои миёна ва 60 ҳазор нафар мактабҳои оливу махсус), ҳудуди 200 ҳазор ҷои кор зарур аст. Пас ин 100 ҳазор бояд куҷо кор кунанд?  Он 100 ҳазори гуфтаи ҳукумат ҳам, то куҷо ҷои кори доимӣ ва сазовор аст? Барои ҳамаи шаҳрвандони қобили меҳнатро дар ватан ҷои кор додан, 30 -40 сол даркор. Ин ҳама моро водор мекунад, ки ба ЕАЭС ворид шавем.

Ҳизби демократи Тоҷикистон ва раҳбари он Саидҷаъфар Усмонзода бошад, пайвастани Тоҷикистон ба ЕАЭС –ро ба масъалаи амнияти давлатӣ рабт дод:

- Имрӯз мо артиш ва сохторҳои қавӣ дорем, ки амниятро таъмин карда метавонанд, аммо як чиз муҳим аст: мо медонем, ки ҷангҳои ахир, аз ҷумла дар минтақаи мо ва Афғонистон баромада аз муборизаҳои геополитикианд. Дар ин мовароҳо ҳар як кишвар шарику иттифоқчии худро дорад. Ба назари мо дар ин ҳолат маҳз Русия шарику иттифоқчии Тоҷикистон аст. Фикр мекунам Тоҷикистон ба ЕАЭС бояд ҳамроҳ шавад, аммо бо пеш гузоштани баъзе шартҳои худ. Муҳимаш бояд дарк намоем, ки муносибатҳои иқтисодӣ таъмини амнияти давлатиро қавитар мегардонад ва аз нигоҳи иқтисодӣ барои ёфтани бозор шароит фароҳам меорад, - гуфт ӯ.

Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон ҷараёни муҳокимаи ин масъаларо хеле тӯлонӣ мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳукумати нави Ӯзбекистон аллакай иқдомоти ҷиддиеро барои воридшавӣ ба он амалӣ мегардонад. Дар мо, масъаларо гуногун баррасӣ мекунанд, сар карда аз масоили сиёсӣ то иқтисодӣ. Яъне гӯё ин воридшавӣ мустақилияти давлатро халалдор мекунад ё ба буҷаи Тоҷикистон зарар пеш меояд. Вале  ягон баҳси ҷиддиро дар ин замина надидем, ки масалан буҷа чӣ зарар мебинад? Ягон бор масъала ин гуна баррасӣ нашуд, ки масалан пардохтҳои гумрукии байни ин 5 давлати аъзои ЕАЭС бо Тоҷикистон дар кадом поя қарор доранд ва пас аз воридшавӣ чӣ мушкилот пеш омаданаш мумкин аст?  Оё муносиботи иқтисодии Тоҷикистон бо ин 5 давлат он қадар зиёд аст, ки дар натиҷа иқтисоди мо зарари ҷиддӣ мебинад?

Ин саволҳоеанд, ки то имрӯз ҷавоби ҷиддиву қотеъ нагирифтаанд. Баъзе аз таҳлилгарон, аз ҷумла раҳбари демократҳо низ мегӯяд ин як масъалаи сиёсист, на иқтисодӣ. “Яъне шояд ӯҳдадориҳои мо пеши созмонҳои байналмилалии молиявӣ  имконоти воридшавии Тоҷикистонро маҳдуд мегардонад” мегӯяд Усмонзода.

Дар ҳамин ҳол, назарҳое вуҷуд доранд, ки Тоҷикистон шояд соли 2023 ба ин созмон ҳамроҳ мешавад. Гуфта мешавад байни Қасри миллат ва Кремл шояд тавофуқоте дар мавриди вориси оянда дар Душанбе ҳосил шудааст ва ин армуғонро “ҳукумати нав” эълон хоҳад кард...

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.