Дар ВМКБ ду зан зери трактор монда фавтидаанд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон. Ҳодиса як рӯз пеш дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ рух додааст.

"Сокини 53-солаи ноҳияи Ванҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Техарв аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду зани пиёдагардро, ки дар канори роҳ аз қафои нақлиёт меистоданд, пахш намудааст."-зикр мешавад дар хабар.

Дар натиҷа ду зани 66 ва 40-сола аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд. Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли 2022 дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 96 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари он 416 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 197 кас ҷароҳат бардоштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.