Ҳар давру замон қаҳрамонони худро дорад, ки бо кору пайкор ва корнамоиҳо барои насли хешу оянда намунаи ибрат мегарданд. Аслан қаҳрамонҳои даврон хеле фурӯтан мешаванд ва ба ҷомеа аз пайкори хеш намегӯянд ва ин сабаб мешавад, ки барои муддатҳо ҷомеа аз қаҳрамонии онҳо огоҳ намегардад. Аммо таърих борҳо собит карда, ки қаҳрамонҳо фаромӯш нахоҳанд шуд ва рӯзе ҳамагон аз ҷонфидоии ӯ огоҳ шудаву барояш тасанно мехонанд.

Қаҳрамони матлаби мо низ аз зумраи онҳое аст, ки тамому умр барои пешрафти ҷомеа ва коргоҳи худ талош карда, дар душвортарин лаҳзаҳо ба касби хеш содиқ мондааст.

Нурулло Шулашов тамоми умри худро барои “НоракИБОсоз”, корхонае, ки барои бунёди НБО Норак ташкил шуда буд, бахшидааст. Ӯ дар ду давра – ҳам замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам даврони истиқлолият дар коргоҳи муҳими давлатӣ фаъолият карда, барои пешрафти кори он ва тарбияи насли ояндаи нурофарон саҳми назаррас гузоштааст.

Имрӯз шогирдону ҳамкорони ин марди кордон аз Нурулло Шулашов бо некӣ ёд мекунанд ва дар бораи ӯ бо ифтихор ҳарф мезананд.

Намогирифт аз навори Радиои Озодӣ

“НоракИБОсоз”-у НБО Сангтӯда

Наврӯз Қадамов, собиқ сармуҳандиси “НоракИБОсоз”, ки солҳои зиёд бо Нурулло Шулашов кор кардааст, мегӯяд, ҷасорати ин мард буд, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ “НоракИБОсоз” тороҷ нашуд.

“Замона бисёр душвор буд, қумандонҳо ҳамаро тороҷ карда буданд ва мутахассисони соҳа аз тарси ҷони худ тарки кор мекарданд. Қумандонҳои зиёд мехостанд “НоракИБОсоз”-ро соҳиб шаванд, аммо раҳматии Шулашов ягон нафарро нагузошт, ки ин коргоҳро тороҷ кунад”, - мегӯяд Наврӯз Қадамов.

Ба қавли Наврӯз Қадамов матонати ин мард сабаб гардид, ки яке аз коргоҳҳои бузурги кишвар аз фаъолият намонд.

Курбон Пиров, ронандаи Шулашов мегӯяд, ин мард на танҳо “НоракИБОсоз”, балки НБО Сангтӯдаро низ ҳифз кардааст.

“Соли 1993 ҳамроҳи кормандони мақомоти интизомӣ ба НБО Сангтӯда рафтем. Дар он ҷо ҷанговарон макон гирифта буданд. Вақте санҷидем, маълум шуд, ки то рафтани мо яхдону телевизорро бурдаанд. Шулашов амр кард, ки ҳар чизи ба яғмо бурдаро оварда, дар ҷояш гузоред? Ҳамин тавр, ин иншооти муҳим ҳам зери ҳимоя ӯ гузашт ва аз ғорат эмин монд”, - мегӯяд Курбон Пиров.


Ғамхори коргарон

Ҳамкорони Нурулло Шулашов мегӯянд, ки ӯ мутахассисонро қадр мекард ва ҳамеша дар андешаи кормандон буд.

Ҷамшед Маҳмудов, ки чандин сол дар паҳлӯи Нурулло Шулашов ба ҳайси муовин кор кардааст, мегӯяд “ин мард солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ нагузошт коргарон пароканда шаванд”.

“Дар Душанбе кор пайдо мекарду моро мефиристод, барои сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб ҷалб кард. Умуман, ташкилотчии хуб ва ҳамеша дар фикри коргаронаш буд. Сари вақт моҳона медод ва мо коргарон, душвориро эҳсос намекардем”, - мегӯяд Ҷамшед Маҳмудов.

Ҳамкоронаш таъкид мекунанд, ки маҳз масъулиятшиносии Нурулло Шулашов буд, ки корфармоҳо ҳамеша ба ӯ муроҷиат мекарданд ва бовар ҳам доштанд.

“Корфармо медонист, ки вақте Нурулло Шулашов ваъда кард, дар вақти гуфтааш корро анҷом медод. Бар замми ин, корҳои ӯ ҳамеша босифат буданд”, - иброз намуд Ҷамшед Маҳмудов.


“Раиси Норак шуду маошашро ба муаллимон медод”

Бояд гуфт, ки Нурулло Шулашов соли 1993 раиси шаҳри Норак таъин мешавад. Ӯ дар як вақт ду масъулиятро ба зимма гирифта буд: раиси шаҳр ва роҳбари “НоракИБОсоз”.

Курбон Пиров мегӯяд, ки вақте Шулашов раиси шаҳр буд, маоши худро намегирифт ва ҳамаи онро ба ҳисоби муаллимон мегузаронид.

“Дар душвортарин лаҳзаҳо бо мардум ва дастгири ӯ буд. Ба ҳар нафаре, ки мусибат дошт, дасти кӯмак дароз мекард ва орду равған мефиристод. Дар он шабу рӯзи нооромӣ, ин дастгирии назаррас буд”, - мегӯяд Қурбон Пиров.

Гуфтан ба маврид аст, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Норак русзабонҳо зиёд зиндагӣ ва кор мекарданд. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ аксари онҳо тарки кишвар намуданд, аммо онҳое, ки боқӣ монданд, дар симои Нурулло Шулашов ҳомии худро медиданд.

Ба қавли дӯстони Шулашов, ӯ ҳамеша таъкид менамуд, ки бояд мутахассисони русро муҳофизат кунем ва барояшон шароит фароҳам орем, то дар Норак кор кунанд.

“Баъди фавти русзабоне, аввалин шуда раис (Нурулло Шулашов. идора) ҳозир мешуд. Барои онҳо тобут таҳия мекард, одамонро масъул мегузошт то фавтидаро бо риояи расму оини худаш ба хок супоранд”, - мегӯяд Курбон Пиров.

Пас аз чанде, раисии шаҳрро канор гузошту пурра ба “НоракИБОсоз” баргашт. Ҳамкоронаш мегӯянд, меҳр ба касб ӯро водор кард, ки курсии раисии шаҳрро гузошта, ба “НоракИБОсоз” ояд.


Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз

Нурулло Шулашов дар баробари он, ки тамоми умри худро барои ободии “НоракИБОсоз”, рушди Норак ва ғамхорӣ ба мардумаш бахшидааст, ҳамчунин ду фарзанди хешро ба пайроҳае раҳнамун сохтааст, ки худ онро бо сарбаландӣ тай кардааст.

Ҳабиба Шулашова, духтари Нурулло Шулашов, ки роҳи падарро интихоб кардааст, мегӯяд, хушбахт аст, ки бо падар кор кардааст.

“Ман дар рӯзе таваллуд шудаам, ки бояд чархаи аввалини НБО Норак ба кор андохта мешуд, яъне 20-уми декабри соли 1972. Аммо бо сабабе меҳмонон аз Маскав дер мерасанд ва рӯзи ба кор андохтани чархаи аввал ба 22-юми декабр гузошта мешавад. Аз ин лиҳоз, падарам маро ҳамеша навозишкорона Агрегатина мегуфтанд”, - бо лабханд ба ёд меорад Ҳабиба Шулашова.

Ҳамин тавр, ду духтари Нурулло Шулашов пайроҳаи падарро интихоб карданд ва 30 сол бо ӯ фаъолият намуданд.

Бояд гуфт, ки саҳми Нурулло Шулашов дар бунёди НБО Роғун низ назаррас аст. Ӯ бо оғоз гардидани сохтмони НБО-и Роғун дар соли 2008 директори генералии ҶСК НБО Роғун таъин шуда, то ба нафақа баромадан, яъне то соли 2012 иҷрои вазифа намудааст.

Нурулло Шулашов ба миллату давлати худ хидматҳои шоён намуд ва барои ободиву созандагии давлат талошу кӯшишҳои худро ба роҳ андохт, то Тоҷикистон чароғон бошад. Аз сӯи дигар, ҳукумати кишвар ҳам хидматҳои номбурдаро қадр намуд. Шулашов давлати пирии худро дар ҳалқаи фарзандон гузаронд ва имрӯз аз ӯ номи неку корномаи шоён ба мерос монд.


Тарҷумаи ҳол

Нурулло Шулашов мутаваллиди соли 1946 буда, фориғуттаҳсили Институти хоҷагии қишлоки Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) ва Донишкадаи умумииттифоқии кадрҳои роҳбарикунандаи Вазорати энергетикаи Иттиҳоди Шуравӣ аст.

Ӯ соли 1964 корро аз Идораи корҳои механиконидашудаи шаҳри Норак ба ҳайси челонгар оғоз намудааст. Солҳои 1966-1968 хидмати аскарӣ карда, солҳои 1979-2008 аз муовини сардори шуъбаи кадрҳои Идораи сохтмонии НоракИБОсоз (УС НГС) то директори Генералии ҶСШК НоракИБОсоз фаъолият кардааст.

Бо оғоз гардидани сохтмони НБО-и Роғун ӯ аз 15 апрели соли 2008 директори Генералии ҶСК НБО-и Роғун таъйин шуда, то ба нафақа баромадан, яъне то соли 2012 иҷрои вазифа намудааст. Баъди ба нафақа баромадан, то охири ҳаёт, 14 апрели соли 2017 номбурда дар ҶДММ «ЖБИ»-и Норак ба ҳайси мушовир кор кардааст.

Нурулло Шулашов вакили мардуми дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак даъватҳои якум солҳои 1995-2000, даъвати дуюм 2000-2005 ва даъвати сеюм солҳои 2005-2010 буд.

Бо бо медали «Хизмати шоиста» (1970), нишони Аълочии маориф Тоҷикистон (1995), Ордени Шараф (1998), унвони фахрии Аълочии Барқи Тоҷик (2001) ва як қатор медалу иҷтихорномаҳои дигар сарфароз гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.