Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар моҳи январи соли ҷорӣ раисони як қатор шаҳру навоҳии кишвар ва як гурӯҳ мансабдоронро аз мақомҳояшон барканор ва бархеро ба вазифаҳои нав таъин кард.
Аз ҷумла, 27-уми январ бо фармони раиси ҷумҳур бо сабаби ба нафақа баромадан ва ба кори дигар гузаштан раисони навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз вазифа озод шуданд.
Саидбурҳон Абдураҳмонзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз озод карда шуд. Инчунин бо сабаби ба кори дигар гузаштан раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода, раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додихудоев, раиси ноҳияи Роштқалъа Аъзам Шомирзода ва раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода аз вазифа озод гардиданд.
Ҳоло дар ноҳияҳои ВМКБ кӣ роҳбарӣ мекунад?
Рӯшон
Илҳом Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон таъин шуд. Ӯ 18-уми декабри соли 1979 дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Соли 2004 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси байтор ва соли 2019 Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2004 ба ҳайси корманди шӯъбаи байтории ноҳияи Восеъ оғоз намуда, солҳои 2006-2007 дар вазифаи сардори шуъбаи санитарии Экспедитсияи ҷумҳуриявии эпизоотикӣ дар шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2007-2009 мудири шуъбаи назорати давлатии байтории ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон будааст.
Аз соли 2009 то соли 2019 дар ҳукумати шаҳри Хуросон дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар соҳаи кишоварзӣ кор кардааст.
Ӯ дар солҳои 2019-2020 муовини аввали раиси ноҳияи Хуросон ва моҳи ноябри соли 2020 раиси ин ноҳия таъин шуд
Оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад.
Ишкошим
Анвар Иматшозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ, 10-уми ноябри соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоди ҷаҳонӣ хатм кардааст.
Солҳои 2000-2001 дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксервис” ба ҳайси мутахассиси пешбари масъалаҳои меҳнат фаъолият намуда, солҳои 2001-2004 мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод ва молияи ҳукумати пойтахт, солҳои 2004-2005 директори Маркази шуғли аҳолии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кору фаъолият намудааст.
Аз соли 2005 то 2010 дар вазифаи директори Омӯзишгоҳи касбии рақами 1-и пойтахт, солҳои 2010-2011 мудири шуъбаи технологияҳои иттилоотии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2011-2013 ба ҳайси сардори раёсати бозори молии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнат, солҳои 2013-2014 сардори Раёсати корҳои Вазорати меҳнат фаъолият кард.
Солҳои 2014-2015 директори Литсейи касбии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе дар назди Вазорати меҳнат ва солҳои 2015-2018 боз сардори Раёсати Вазорати меҳнат таъин шудааст.
Аз соли 2018 то соли 2023 дар вазифаи муовини раиси ВМКБ кор кардааст.
Роштқалъа
Лашкар Сафарзода, раиси ноҳияи Роштқалъа 17-уми октябри соли 1978 дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад.
Солҳои 1998-2000 дар саридорачии хоҷагии “Бӯстон”-и ноҳияи Мӯъминобод кор карда, аз соли 2000 ҳамчун бригадири хоҷагии “Бӯстон” ва солҳои 2001-2002 агрономи саҳавии хоҷагӣ фаъолият кардааст.
Солҳои 2002-2007 ба ҳайси мутахассис оид ба таҳияи сиёсати ягонаи замини Кумитаи давлатии идораи замини ҷумҳурӣ, солҳои 2007-2010 муовини сардори Раёсат, мудири шӯъбаи ислоҳоти шакли нави хоҷагидории Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди ҳукумати ҷумҳурӣ кор кардааст.
Солҳои 2010-2012 сармутахассиси шуъбаи таҳияи сиёсати ягонаи замини Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ ва аз соли 2012 то соли 2018 сармутахассиси раёсати мазкурро ба ӯҳда дошта, соли 2018 раиси кумитаи замини ноҳияи Файзобод таъин шудааст. Солҳои 2019-2020 ба ҳайси мудири бахши таҳияи сиёсати ягонаи замини Кумитаи замин ва геология фаъолият кардааст.
Аз соли 2020 то соли 2022 сармутахассиси Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президент ва аз соли 2022 то 27-уми январи соли 2024 муовини сардори раёсати мазкур буд.
Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.
Дарвоз
Инчунин бо фармони раисҷумҳур Умедҷон Носирзода иҷрокунандаи вазифаи ноҳияи Дарвоз таъин гардид.
Носирзода то таъин шуданаш ба ин мақом муовини раиси ВМКБ буд. Маълумоти бештар дар мавриди номбурда пайдо нашуд.
Шуғнон
Комил Шоисматуллозода, раиси ҷадиди ноҳияи Шуғнон таъин шуд, аммо дар бораи ӯ ҳам маълумот пайдо карда натавонистем.