Имрӯз, 21-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин, президенти Русия барои ширкат дар маросими кушодашавии “Бозиҳои оянда” ба шаҳри Қазон рафт. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки раисиҷумҳурро дар cафари корӣ, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазирони саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби ин сафар ба Русия бо ҳамтоёни худ дар кишварҳои муштаракулманофеъ, аз ҷумла раисиҷумҳури Русия мулоқот хоҳад кард ё на.
Дар маросими ифтитоҳи бозиҳо ҳамчунин раисони ҷумҳури Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.
"Бозиҳои оянда" мусобиқаҳои бузургест, ки намудҳои классикии варзиш, коркардҳои илмӣ ва технологияҳои рақамиро дар бар мегиранд.
Мусобиқа аз 21 феврал то 3 март дар Қазон баргузор мешавад ва дар он 227 даста аз 107 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат мекунанд.
«Бозиҳои оянда» як мусобиқаи васеъмиқёси гуногунҷанбаи варзишӣ мебошад, ки мусобиқаҳои варзиши фиҷиталро дар бар мегирад.
Ин формати нави рақобат аст, ки дастаҳо аввал дар варзишҳои воқеӣ ва сипас дар бозиҳои киберӣ, ки ин риштаҳои варзишро тақлид мекунанд, рақобат мекунанд.
Мусобиқа 21 намуд, аз қабили футбол, баскетбол, хоккей, пойга ва ғайраро дар бар мегирад.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Гуфтугӯйи қотир бо шутур”
Содироти барқ ба Афғонистон афзоиш меёбад. Беҳбудии навбатӣ дар барқтаъминкунии ВМКБ
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия 30% афзуд
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста