Дастгирии кишоварзон, гузариш ба иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли “энергияи сабз”, кам кардани таъсири газҳои гулхонагӣ ба муҳит, дар масоҳати ками замин гирифтани ҳосили бештар, истифода ва ҷорӣ намудани технологияи муосир дар соҳаи кишоварзӣ масъалаҳои асосие буданд, ки 15 март дар як чорабинии ташкилкардаи гурӯҳи ширкатҳои “Нексигол” баррасӣ шуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, USAID дар Тоҷикистон, ACDI/VOCA ва ҳукумати вилояти Суғд иштирок доштанд. Қисмати муҳими чорабинӣ бастани созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати байналмиллалии Sistema.Bio, ки ба истеҳсоли таҳҷизоти биогаз машғул аст ва “Нексигол Мушовир”, ташкилоти машваратии кишоварзӣ дар Тоҷикистон, оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии биореакторӣ барои истеҳсоли биогаз буд.
Технологияи истеҳсоли биогаз, ки аз ҷиҳати истифода оддию аз ҷиҳати арзиш гарон нест, дар Тоҷикистон ҳам дастрас мешавад. USAID дар Тоҷикистон, ACDI/VOCA дар марҳилаи озмоишии ин лоиҳа дастгирии молиявӣ ва техникӣ мерасонанд.
Ҳамкории “Нексигол- Мушовир” бо Маркази рақамикунонӣ
Иззатулло Асадуллоев, директори Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзии Вазорати кишоварзӣ гуфт: “Бо “Нексигол Мушовир” соли дуюм аст, ки шартномаи ҳамкорӣ дорем. Соли гузашта дар яке аз чорабиниҳо, ки дар давлати Озарбойҷон баргузор шуд ва сарони 7 давлат иштирок доштанд, рақамикунонии соҳаи кишоварзиро муаррифӣ кардем, ки баҳои баланд гирифт”.
Ба қавли Асадуллоев, имсол барои маркази рақамикунонӣ, ки навтаъсис аст, баргузории чорабиниҳои калон дар пеш аст. Яке аз онҳо ифтитоҳи биное, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ таъмир мешавад. Дар он бино барои “Нексигол-Мушовир” гӯшаи махсус ҷудо шудааст.

“Нексигол” фаъолияти беш аз 20 сола дорад
Маҳинахон Сулаймонова, роҳбари иҷроияи “Нексигол Мушовир” гуфт: “Оғози таъсиси фаъолияти Нексигол соли 2009 аст. “Нексигол-Мушовир” ҷузъи муҳими гуруҳи ширкатҳои “Нексигол” аст, ки тули беш аз 20 сол дар соҳаи кишоварзӣ, дар соҳаи агробизнес дар Тоҷикистон хизматрасонӣ мекунад. “Нексигол-мушовир” хидматрасониҳои машваратӣ, омӯзишӣ ва таҳқиқотиро дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳод менамояд”.
Ӯ таъкид намуд, ки агар лоиҳаҳои “Нексигол-Мушовир” барои санҷиш ва мувофиқ кунондани технологияҳо ва усулҳои истеҳсолоти кишоварзӣ нигаронида шуда бошад, дар гуруҳ дигар ташкилотҳое мисли “Нексигол-Навовар” ҳаст, ки фаъолияташ ба тиҷораткунонии иннаватсионӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ равона шудааст.
“Ҳамасола “Нексигол-Мушовир” бо даҳҳо корхонаҳои хурду миёна, ки бо агробизнес машғул ҳастанд ва ҳазорҳо деҳқонони Тоҷикистон дар беҳтар кардани сифати маҳсулот ва ҷорӣ намудани технологияи нав ва беҳтар кардани сифати маҳсулот мусоидат менамоям”, - гуфт Маҳинахон Сулаймонова.
Sistema.Bio чӣ гуна таҷҳизот аст?
Випин Кале, менеҷери калони лоиҳаҳои Sistema.Bio гуфт: “Ташкилоти Sistema.Bio дар Мексика ҷойгир буда, соли 2018 дар Ҳиндустон ифтитоҳ гардидааст. То имрӯз беш аз 100 ҳазор системаи биогазро дар тамоми ҷаҳон ҷиҳозонидааст, ки 65 ҳазори он дар Ҳиндустон ҷойгир шудааст”.
Ӯ гуфт, “Sistema.Bio” таҷҳизоти иҷтимоӣ буда, дар хоҷагиҳои хурду миёна дар тамоми дунё барои кам кардани ихроҷи гази карбон истифода мешавад. Ҳадафи он то соли 2030 кам кардани гази карбон то 1% аст, барои расидан ба ин ҳадаф саҳми Тоҷикистон низ калон аст.

Дар Суғд ҳар сол аҳолӣ 2,5% афзоиш меёбад, рушди кишоварзӣ талаботи умда аст.
Шарифҷон Ахмедов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва амволи ҳукумати вилоти Суғд гуфт, тибқи маълумоти расмӣ аҳолии вилоят ҳар сол 2,5 дарсад афзоиш меёбад ва табиист, ки талабот ба маводи озуқаворӣ зиёд мегардад.

“93% Тоҷикистон кӯҳ аст ва дар 7% водӣ рӯёнидани ҳосили зиёду босифат, бо назардошти тағирёбии иқлим душвор аст. Дар ин ҳолат, нақши технологияҳои нави кишоварзӣ боз ҳам боризтар мешавад”, - гуфт Шарифҷон Ахмедов.
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2025
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста