Дар “Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ” - KOPIST-2024, ки дар шаҳри Бусани Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, Тоҷикистонро муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Салимзода Зиёдулло ва Сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Киром Салоҳиддин намояндагӣ карданд.

Форуми мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Корея баргузор шуда, дар он намояндагони соҳаи сайёҳии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Салимзода Зиёдулло зимни суханронӣ оид ба иқтидорҳои бойи сайёҳии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Корея дар бахши сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи Корея дар самти сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт маълумоти муфасасал манзур намуд.

Форуми мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи субектҳои сайёҳӣ ҷиҳати таҳия дизайн ва омода кардани лоиҳаҳо дар самти сайёҳӣ баргузор карда шуд. Инчунин дар доираи барномаи омузишӣ ба ҳайатҳо тарзи таҳия намудани нақшаи чорабиниҳо дар самти сайёҳӣ омузонида мешавад.

Хамчунин зимни ин ҳамоиш намояндаи Тоҷикистон ба иштирокдорон маълумот дод, ки дар кишвар тамоми имконият барои рушди сайёҳӣ фароҳам шудааст. Аз ҷумла, шароити мусоиди ҳуқуқӣ, содагардонии дастрасии раводид, роҳандозии низоми бераводид, додани имтиёз ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ, паст намудани мизони андозбандӣ дар соҳаҳои бо сайёҳӣ омехта, тавсеаи ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ муҳайё аст, дилхоҳ меҳмону сайёҳи ба диёрамон омада бо таассуроти хотирмон саёҳат намояд.

1/2

Бояд гуфт,ки Тоҷикистон  дар баробари дигар соҳаҳо ҳамкориро дар бахши сайёҳӣ низ бо Коряи Ҷанубӣ, ки дар самти сайёҳӣ таҷрибаи бой дорад тақвият мебахшад. Ҳамасола намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳии Seoul International Travel Fair, ки маъруфтарин намоиши минтақа маҳсуб шуда, дар он зиёда аз 50 мамлакати дунё иштирок менамоянд, гўшаи  сайёҳии Тоҷикистонро муарифӣ менамояд. Дар намоишгоҳи имсола, ки рӯзҳои 17-19-уми июн дар шаҳри Сеул баргузор мегардад, намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат зарфиятҳои Тоҷикистонро ба муаррифӣ хоҳанд кард. Ин намоиш имкон медиҳад, ки дар он ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоту ассотсиятсияҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои соҳаи сайёҳии кишвар хизматрасониҳои худро ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пешниҳод менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.