Теъдоде аз сокинони ноҳияи Аргуи вилояти Бадахшон алайҳи тахриби майдонҳои кукнор эътироз кардаанд. Наворҳои мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки Толибон* садои эътирозгаронро бо танку тӯпҳо мехоҳанд хомӯш кунанд. Манобеъи рӯзномаи “8 субҳ” таъйид кардаанд, ки дар натиҷаи тирандозии ҷангиёни ин гурӯҳ 3 эътирозгар кушта ва 13 тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳамзамон, Толибон беш аз 20 тан аз муътаризони муйсафедро боздошт ва бо чархбол ба Файзобод интиқол доданд.
Эътирозгарон мегӯянд, режими Толибон ҳақ надорад ба эътирозҳои мардум бо тир посух диҳад. Онҳо таъкид мекунанд, ки мехоҳанд мушкилро аз тариқи муколама ҳал кунанд, аммо ҳар маротиба Толибон ба мардум беэҳтиромӣ мекунанд ва онҳоро сакӯб мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи гузашта Толибон ду эътирозгарро дар навоҳии Дароим ва Аргуи Бадахшон куштанд. Қаблан низ мақомоти баландпояи Толибон дар суханрониҳои худ ҳушдор дода буданд, ки мунаққидон ва эътирозгарони режими ин гурӯҳ шадидан саркӯб хоҳанд шуд. Ҳамчунин, вазорати умури дохилии Толибон қабл аз ин эълом карда буд, ки нерӯҳои онҳо 262 гектор замини кишти кунор дар Бадахшонро тахриб кардаанд.
Манобеъ ба рӯзномаи “8 субҳ” тасдиқ мекунанд, ки бар асари тирандозии мустақими Толибон ба сӯи эътирозгарон дар рустои Барлоси вулусволии Аргуи вилояти Бадахшон 3 нафар кушта ва 13 тани дигар захмӣ шудаанд.
Аммо бархе аз манобеи дигар ба ин рӯзнома иттилоъ додаанд, ки се эътирозгар дар ин минтақа бар асари тири мустақими Толибон кушта шудаанд ва ҳудуди 25 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи манобеъ, бархе аз захмиён ба далели бад шудани вазъи саломатиашон ба шаҳри Файзобод, маркази Бадахшон мунтақил шудаанд.
Як манбаи мӯътамад ба рӯзномаи “8 субҳ” гуфтааст, ки дар ҷараёни тирандозии мустақим ба сӯи муътаризон, Толибон беш аз 20 нафар аз эътирозгаронро, ки аксаран мӯйсафед ва пиронсол буданд, боздошт ва бо чархбол ба Файзобод интиқол додаанд ва то ҳол дар бораи тақдири онҳо иттилое дар даст нест.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи дигар дар тамос бо ин рӯзномаи иддао кардааст, ки Толибон 50 эътирозгарро боздошт ва ба Файзобод бурдаанд. Манбаъ таъйид мекунад, ки бародари ӯро низ Толибон боздошт ва ба маркази Бадахшон интиқол додаанд.
Дар ҳамин ҳол, Толибон низ боздошти шуморе аз эътирозгаронро таъйид кардаанд. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки пас аз боздошти бархе аз "иғвогарон" тазоҳурот дар Аргу ба поён расида ва вазъ ба эътидол омадааст.
Дар номаи хабарие, ки ба Толибон мансуб мешавад, омадааст, ки “мардум ба хонаҳои худ баргаштанд ва афроди Толибон бидуни мушкилот ба хидмати худ идома медиҳанд”.
Дар ҳамин ҳол, 15-уми май бархе аз сокинони деҳаҳои Қаракамар ва Шамғарчии Аргу низ бо Толибон даргир шудаанд. То ҳол дар бораи талафоти ҷонӣ дар ин ду русто гузориш нашудааст, аммо манобеъ таъйид мекунанд, ки шуморе аз сокинони маҳаллӣ бар асари тирандозии Толибон захмӣ шудаанд.
Эътирозгарон дар Аргу дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8 субҳ” гуфтаанд, ки режими Толибон бар пояи "ғорат ва қочоқи афюн" асос ёфтааст ва ҳақ надорад, ба эътирози деҳқонон алайҳи тахриби майдонҳои кӯкнор бидуни пешниҳоди зироатҳои алтернативӣ бо тирандозӣ посух диҳад. Онҳо мегӯянд, ки мардум алайҳи таҳқири қавмӣ ва беэҳтиромӣ ба суннатҳо ва эътиқодҳои фарҳангии онҳо аз ҷониби Толибон "исён" кардаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста