То оғози соли нави хониш дар Тоҷикистон 138 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва биноҳои иловагӣ ба истифода дода мешавад, ки дар он 29 ҳазору 968 хонанда метавонанд таҳсил кунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ доданд.

То охири соли 2024 бошад, тибқи иттилои ин ниҳод, боз 218 иншооти дигар сохта ба истифода дода мешавад, ки дар он 42 ҳазору 984 хонанда таҳсил карда метавонанд.

“Дар соли 2024 тибқи маълумоти омории дастрасгардида дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 360 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 73 962 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, дарназар дошта шудааст, ки то охири соли равон қисми зиёди иншооти мазкур мавриди истифода қарор дода мешаванд”, - иттилоъ медиҳад Вазорати маориф ва илм.

Бояд гуфт, сарфи назар аз сохтмони мактабҳо ҳанӯз ҳам норасоии муассисаҳои таълимӣ дар кишвар як мушкили мубрам боқӣ мемонад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Паёми худ ба порлумон дар моҳи декабри соли 2023 қайд карда буд, ки соли гузашта 200 муассисаи нави таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар онҳо 85 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

“Аммо ин кифоя нест, зеро ҳудуди 73 ҳазор хонанда бе ҷой мондаанд”, - гуфт ӯ.

Коршиносон бар ин назаранд, ки барои ҳалли мушкили камбуди муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон бояд суръати сохтмони мактабҳоро тақрибан ду баробар афзоиш дода, дар як сол ҳудуди 200 мактаби иловагӣ бунёд кард. Дар баробари ин, сатҳи афзоиши аҳолиро низ ба назар бояд гирифт.

Акс аз бойгонӣ
Asia-Plus

Айни ҳол, бинобар норасоии мактаб дар Тоҷикистон, дарсҳо дар баъзе мактабҳо дар се баст роҳандозӣ шуда, таҳсили то 40-50 хонанда дар як синф низ мушоҳида мешавад. Ин боиси норозигии сокинон низ гардидааст.

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм, то моҳи апрели соли ҷорӣ дар кишвар ҳудуди 4 ҳазор мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият мекунад.

Дар будҷаи давлатии соли 2024 барои соҳаи маориф 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2023 (7 миллиарду 210 миллион сомонӣ) 1 миллиарду 21 миллион сомонӣ (ё 12,5 фоиз) бештар аст.

Қаблан “Азия-Плюс” ҳисоб карда буд, ки барои сохтмони як мактаб бо 1000 ҷой ба ҳисоби миёна 1,5 миллион доллар лозим аст. Яъне барои таъмини 73 ҳазор хонанда ҳудуди 110 миллион доллар лозим аст, ки ҳудуди 1 миллиарду 210 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.