Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ, ки ҳамасола 27-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, дар шаҳри Душанбе аввалин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ мегузарад.
Дирӯз, 25-уми сентябр бо иштироки намояндагони расмии Тоҷикистон ва Эрон, Покистон, Русия, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қатар, Ӯзбекистон, Хитой ва дар умум зиёда аз 20 кишвар маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳ баргузор шуд.
Имрӯз, 26-уми сентябр шурӯъ аз субҳ дар маркази намоишгоҳи байналмилалӣ (ЭКСПО-ЦЕНТР) Тоҷикистон ва кишварҳои меҳмон имкониятҳои сайёҳии худро ба намоиш гузоштанд ва намоишгоҳ то бегоҳи 27-уми сентябр идома меёбад.
Ҳар як кишвар дар ғурфаҳои алоҳидаи хеш намунаҳои гуногуни ҳунармандии худро ба намоиш гузоштаанд, ки ифодагари фарҳангу анъванаҳои онҳост.
Аз ҷумла ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо хизматрасониҳои гуногун, чун меҳмонхона, ҳавопаймо ва нақлиёти худро пешниҳод карданд.
Аз Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ камубеш 90 ширкат бо хизматрасониҳои гуногуни хеш иштирок доранд. Ҳамчунин таомҳои миллии тоҷикӣ муаррифӣ ва ба меҳмонон пешниҳод шуданд.
Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ шоми 27-уми сентябр бо чорабинии консертӣ дар шаршараи “Наврӯзгоҳ” ҷамъбаст мешавад.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста