Як рӯзи таърих – 7 декабр
Соли 2001 - Пас аз танаффуси тӯлонӣ хатсайри роҳи оҳан байни Тоҷикистон ва Русия аз сар гирифта шуд.
Соли 2005 - Бо ширкати 54 президент ва сарони ҳукуматҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ иҷлосияи фавқулодаи Созмони Конфронси Исломӣ баргузор гардид.
Соли 2015 - Дар ВМКБ заминларзаи 7-8 баллӣ рух дод, ки марказаш ноҳияи Мурғоби ВМКБ буда, 500 хона хароб ва 13 нафар захмӣ шуданд.
Соли 2009 – Аввалин маротиба хатсайри нави “Душанбе-Оренбург-Душанбе” ба роҳ монда шуд.
Соли 2009 - Дар шаҳри Душанбе рӯнамоии филми ҳуҷҷатии “Тоҷикистон -муқобили маводи мухаддир” баргузор гардид.
Соли 2010 - «Газпромзарубежнефтегаз» ба пармакунии чоҳи аввали ҷустуҷӯӣ дар майдони Сарикамыш, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав, Тоҷикистон оғоз намуд."
Соли 2011 - Дар идораи Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ду корхонаи дигар – ҶММ “Зарафшон” ва ҶММ “Равзана Пластик” сабт шуд.
Соли 2014 – Ноиби якуми вақти сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, вазирони энергетикаи Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон созишномаеро оид ба татбиқи лоиҳаи CASA-1000 имзо карданд, ки интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи тобистон ба Афғонистон ва Покистон таъмин менамояд.
Соли 2018 - Дар Душанбе машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуданд.
Шахсиятҳо
Соли 1924 – зодрӯзи Тӯйдӣ Бобиева, ҳунарпешаи театр
Соли 1936 – Разиюлло Атохонов, риёзидон ва равоншиноси тоҷик, доктори илмҳои равоншиносӣ
Соли 2006 – Дилбар Қосимова, ҳунарпешаи синамои тоҷик дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт
7 декабр дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил мешавад.
7 декабр Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ аст. Дар Тоҷикистон рӯзи авиатсияи гражданӣ сеюми сентябр ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1924 ҳавопаймои Ю-13 тариқи хатсайри Бухоро-Душанбе парвоз кард ва ин сана дар рушди авиатсияи граждании Тоҷикистон калидӣ гардид.
Вазъи обу ҳаво барои 7 декабр
Дар вилояти Суғд - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º хунук, рӯзона 0-5º хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал омада, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5º хунук, рӯзона 0+5º гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ - Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-14º хунук, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º хунук мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º хунук, рӯзона 1-6º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 27-32º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º хунук, рӯзона 11-16º хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе - Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона -1+1º, рӯзона 4+6º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2º хунук, рӯзона 4+6º гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2º гарм, рӯзона 7+9º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 10-12º хунук, рӯзона 1-3º хунук мешавад.
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста