Як санҷиши кормандони Хадамоти алоқа нишон додааст, ки дар бархе меҳмонхонаҳои пойтахт суръати интернет хеле суст буда, нигаронии меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳонро ба бор овардааст.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз суръати пасти интернет хусусан, дар “меҳмонхонаҳои “Душанбе”, “Авесто”, “Тоҷикистон” ва “Айнӣ” интиқод карда гуфтааст, ки “таҷҳизоти техникии таъминкунандаи интернет даро ин меҳмонхонаҳо фарсуда, корношоям ва ё куҳна шудааст, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, иқтидори таъмин намудани интернети баландсуръатро надоранд”.
Ин мушкил дар як ҷаласа бо ширкати Аҳлиддин Муртазозода, муовини раиси Хадамоти алоқа, намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе, инчунин, ширкатҳои мобилӣ ва дастраскунандагони Интернет баррасӣ шуд.
Дар он масъалаҳои навсозӣ кардани таҷҳизоти техникӣ баррасӣ шуда, ба намояндаҳои меҳмонхонаҳои Душанбе талаб шудааст, ки меҳмонҳои хориҷиро бо интернети суръаташ на кам аз 100 мбит/с таъмин кунанд.
Бояд гуфт, мушкили суръати пасти интернет натанҳо дар меҳмонхонаҳо, балки дар ҳама соҳаҳои дигар низ ба назар мерасад. Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмиллалии суръати интернет зинаҳои охирро касб кардааст ва мардум ҳам аз сатҳу сифати ва нархи интернет дар кишвар ҳамеша шикоят мекунанд.
Чанде пеш Хадамоти алоқаи кишвар бори дигар аз кори ширкатҳои мобилӣ интиқод карда, ҳушдор дода буд, ки дар сурати беҳтар нашудани интернету алоқа бидуни истисно аз ҷаримабандӣ то кушодани парвандаи ҷиноятӣ ва бозхонди иҷозатномаи фаъолият чораандешӣ мекунанд.
Бег Сабур, раиси ин ниҳод рӯзи 26-уми ноябр дар мулоқот бо ширкатҳои мобилӣ бо ишора афзоиши муроҷиатҳои сокинон аз паст будани сифати алоқа ва таъхиру фориғболии ширкатҳои мобилӣ шадидан изҳори нигаронӣ карда буд.
Аммо баъди интиқоди ӯ ҳам сокинон аз минтақаҳои кишвар ба “Азия-Плюс” навиштанд, ки бо хомӯш шудани барқ интернету алоқа аз кор мемонанд ва ё хеле заиф кор мекунанд.
Қобили зикр аст, ки то 1 октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 4,5 млн нафар корбарони интернет ва қариб 7,2 млн адад муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳудуди 5,4 млн нафари онҳо фаъол мебошанд.
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста