Як рӯзи таърих – 10 декабр
Соли 1948 – Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул шуд.
Соли 1994 – Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) таъсис дода шуд.
Соли 2002 – Бори нахуст дар Тоҷикистон музокираи ҷамъиятии парлумонӣ баргузор шуд.
Соли 2003 – Мурофиаи додгоҳии раиси ширкати «Ҷамол ва Ко» Ҷамшед Сиёев, муовини ӯ Зафар Камолов ва сармуҳосиби ширкат Вячеслав Тсой оғоз гардид.
Соли 2013 – Дар Душанбе созишномаи Барнома оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судии СММ ба имзо расид.
Соли 2011 – ширкати Бритониёии “Tethys Petroleum Limited” дар бораи кашфи захираҳои нафт дар кони Биштинчак дар ҷануби Тоҷикистон хабар дод.
Соли 2020 – БОР барои беҳтар кардани низоми молиявӣ дар Тоҷикистон 50 миллион доллар дод.
Соли 2020 – Кумитаи дини Тоҷикистон аз изҳороти Департаменти давлатии ИМА дар бораи вайрон шудани озодии динӣ дар Тоҷикистон изҳори норозигӣ кард.
Шахсиятҳо
Соли 1928 – Зодрӯзи Худоёр Юсуфбеков, доктори улуми кишоварзӣ.
Худоёр Юсуфбеков солҳо директори Бунгоҳи биологии Помири Академияи илмҳо (АИ)-и Тоҷикистони шӯравӣ (1962-1969), директори Институти биологии Помири АИ Тоҷикистони шӯравӣ (1969-1981) ва ректори Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (1981-1986) буд. Самтҳои асосии фаъолияти илмиаш растанишиносӣ, зироаткории кӯҳӣ ва чарогоҳшиносӣ буд.
Соли 1929 – Мавлуди Ҳусейн Насриддинов, овозхон, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
Ҳусейн Насриддинов асосан дар ҳавои оҳангҳои классикӣ ва халқӣ эҷод мекард ва дар интихоби суруду оҳангҳо ба мавзуъҳои пандуахлоқӣ ва тарбиявӣ бартарӣ додааст.
Ӯ ба 40 мухаммаси шоирони классики тоҷик, инчунин баъзе қисматҳои достонҳои пандуахлоқӣ, ба монанди “Қумринома”-и Ҷалолуддини Балхӣ, “Насиҳатнома”-и Носири Хусрав, “Бӯстон”-и Саъдӣ оҳанг бастааст. Ҳамчунин, сурудҳои машҳури классикӣ, чун “Муноҷот”, “Муғулчаи Дуғоҳ”, “Ироқ”-ро ба таври хос иҷро кардааст.
Соли 1934 – Зодрӯзи Баҳром Шермуҳаммадов, доктори улуми филологӣ, профессор
Ӯ яке аз муҳаққиқони эҷодиёти шифоҳии халқ буда, муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмӣ ва тақризи адабӣ аст.
Баҳром Шермуҳаммадов маҷмӯаҳои қиссаву таронаҳои “Фикр кунӣ, меёбӣ”, “Дарвоза нигин дорад”, “Ҳафтдодарон”, “Гунҷишки мӯзасурхак”, “Лелак, лелаки боқӣ”, “Сандуқчаи зулбиё”, “Восеънома”, “Себи сари пул”, “Қиссаҳо аз рӯзгори Фирдавсӣ”, “Ҳафт аллома”, “Қиссаҳо пиромуни Фирдавсӣ”-ро мураттаб кардааст.
Ҳамчунин, таҳиягари маҷмӯаҳои “Тазкираи адабиёти бачагон”, “Гӯрӯғлӣ”, “Ҷамбули Мастон”, “Куллиёти фолклори тоҷик”, “Куллиёти сурудҳои ғайримаросимӣ”, “Куллиёти суруду таронаҳои арӯсӣ, мавсимӣ ва бачагона”, “Пироҳани сухан дар қиссаҳои куҳан” аст.
Соли 1935 – Мавлуди Хуршед Каримов, академик
Хуршед Каримов 13 сол директори Институти ботаникаи Тоҷикистон буда, муаллифи 150 асару маколаҳои илмист. Асарҳояш асосан ба тадқиқи физиологияи зироати хоҷагии кишоварзӣ, ки зимистон нашъунамо мекунад ва асосҳои назариявии дар заминҳои обӣ парвариш намудани растанӣ тамоми сол, физиологияи чигит ва ғайра бахшида шудаанд.
Соли 1936 – Зодрӯзи Ҳалимҷон Саидов, олим
Соли 1936 – Мавлуди Бобо Расулзода, журналист, Корманди шоистаи матбуоти Тоҷикистон
Соли 1948 – Мавлуди Зиё Абдулло, нависанда ва шоир
Гулчини ашъору достонҳояш дар маҷмӯаҳои “Кафи хок”, “Дарё”, “Фурӯғ”, “Тысяча родников”, “Лоластон”, “Лонаи урёни арвоҳ, “Бодгиреҳ” ва “Ҷоми Симурғ” ба чоп расидаанд. Муаллифи ҳафт достони устуравӣ-таърихӣ-фалсафӣ – “Коргар”, “Фариштаҳои орзу”, “Дар ҳошияи мухаммаси “Зери теғ”-и Мушфиқӣ”, “Лоластон”, “Таҷовузи нур”, “Аноҳиди пиндор” ва “Гули нур” мебошад.
Силсилаи мақолаҳои илмии иҷтимоӣ ва фалсафияш мӯҷиби баҳсу муҳокимарониҳои хосу ом гардидаанд. Ӯ барои 14 суҳбати иҷтимоӣ-илмиаш бо чордаҳ олими намоёни ҷумҳурӣ сазовори Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардидааст.
Соли 1948 – Зодрӯзи Ғайбулло Афзалов, собиқ раиси вилояти Хатлон
Ғайбулло Афзалов солҳои 2000–2002 раиси ноҳияи Ҷилликӯли вилояти Хатлон буд. Ду даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз декабри соли 2006 аввал иҷрокунанда ва аз 27-уми феврали 2007 раиси вилояти Хатлон буд. Ӯ дар таҳия ва қабули Конститутсия, қонунҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии Тоҷикистон иштирок кардааст.
Соли 1958 – Мавлуди Хайрулло Давлатов, рассом
Соли 2010 – Суҳроби Сафарзод, ҳунарманди маъруфи кишвар ва иҷрокунандаи сурудҳои эстрадӣ аз олам даргузашт.
Ӯ оғози солҳои 2000-ум рӯйи саҳнаи ҳунари тоҷик по гузошт ва то лаҳзаи марг овозхонӣ кард. Ин овозхон бо иҷрои сурудҳои сабки муинӣ дар миёни мухлисону ҳаводоронаш маъруфу маҳбуб гашта буд ва аз муваффақтарин хонандаҳои таронаҳои сабки Муин, овозхони эронӣ, дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Сӯҳроби Сафарзод дар тӯли фаъолияти эҷодии худ бо Шабнами Сурайё, Остони Азиз низ дуэт иҷро кардааст. Таронаҳои ӯ, “Шабҳо”, “Дорӣ нигоҳ”, “Ёди ту”, “Панҷара”, “Ту азизи диламӣ” дар миёни шунавандагону мухлисон аз маҳбубияти вижае бархӯрдоранд.
Ҳамасола 10 декабр Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10-уми декабри соли 1948 аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳид дар шаҳри Парижи Фаронса қабул гардидааст, рабт дорад.
Эъломияи Куруши Кабир аввалин эъломияи ҳуқуқи башар ба ҳисоб меравад, ки он барои таъмини баробарии инсонҳо ва барҳам додани ғуломӣ ва озодии ҳар як инсон замина гузошта буд.
Дар Конститутсияи Тоҷикистон низ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад, аз ҷумла боби дуюми Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.
Имрӯз, 10 декабр дар бисёр кишварҳои ҷаҳон рӯзи байналмилалии ҳуқуқи ҳайвонотро низ ҷашн мегиранд, ки соли 1998 таъсис ёфтааст. Шиори ин рӯз - ҳама мавҷудоти зинда дар сайёраи мо ҳуқуқ доранд, ки зиндагӣ кунанд ва аз ранҷу азоб эмин бошанд.
Ҳар сол 10 декабр маросими супоридани яке аз ҷоизаҳои бонуфузтарини байналмилалӣ - ҷоизаи Нобел баргузор мешавад.
Он барои таҳқиқоти барҷастаи илмӣ, ихтирооти нав ва саҳми арзанда дар рушди фарҳанг ва ҷомеа тақдим мегардад ва эътирофи байналмилалӣ дорад.
Асосгузори он Алфред Нобел, химик, муҳандис ва ихтироъкори маъруфи шведӣ буд, ки 355 ихтироот дошт.
Рӯзи 10 декабр ба таври анъанавӣ рӯзи ҷаҳонии футбол ҷашн гирифта мешавад. Рустами Эмомалӣ, раиси Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон аввалин бор 10-уми феврали соли ҷорӣ пешниҳод намуд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шуда, тавассути қабули қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” расман эълон гардад. Ин пешниҳод қабул ва 25-уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.
Вазъи обу ҳаво барои 10 декабри соли 2024
Дар вилояти Суғд - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 0-5º то 7-12º сард ва рӯзона -4+1º пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 7-12º то 13-18º сард, рӯзона 3-8º сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2-7º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 7-12º сард, рӯзона -3+2º мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз -4+1º то 5-10º сард, рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3-8º то 12-17º сард, рӯзона аз -4+1º то 5-10º сард мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - Ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 11-16º то 13-18º сард, рӯзона аз 0-5º то 5-10º сард, дар шарқи вилоят шабона аз 22-27º то 30-35º сард (дар мавзеи Булункӯл то 38-40º сард), рӯзона аз 8-13º то 13-18º сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 7-9º сард, рӯзона 1+3º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 7-9º сард, рӯзона 2-4º сард мешавад.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6º сард, рӯзона 5+7º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ - Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 14-16º сард, рӯзона 5-7º сард мешавад.
Қобилияти хариди аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир чӣ қадар тағйир ёфтааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 январи соли 2025
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста