Тоҷикистон бо ҷоизаи бонуфузи сайёҳии “Кишвари дорои манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё” сарфароз гардидааст. Ҷоиза 3-юми декабр дар маросими Top Asia Corporate Ball 2024, ки дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия баргузор гардид, ба Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Малайзия супорида шудааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар иттилоъ дода менависад, ки ин ҷоиза эътирофи байналмилалии манзараҳои афсонавии табиати Тоҷикистон, аз қабили кӯҳҳои Помир ва Фон, кӯлҳои Искандаркӯл ва Қарoкӯл аст, ки инъикосгари манзараҳои ҷаззоби табиати Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Маҷаллаи “Top 10 of Asia”, ки яке аз бонуфузтарин нашрияҳо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ҳисоб меравад, таҳқиқоти васеъ гузаронида, дар асоси фикру андешаҳои сайёҳон ва мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ба чунин хулоса расидааст.
Ҷомеаи сайёҳии Малайзия тамоюли Тоҷикистонро ба рушди сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зист ҷиҳати муаррифии кишвар ҳамчун яке аз маконҳои пешсаф барои сайёҳони экологӣ баланд арзёбӣ намудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан соли 2019 Шоҳроҳи Помир низ ба феҳристи даҳ роҳи зеботарини ҷаҳон шомил шуда буд.
Соли 2018 бошад Помир ба рейтинги ҷаҳонии “100 самти устувори ҷаҳонӣ" ворид шуд ва қаблан дар сархати даҳгонаи аввали рейтинги маҷаллаи амрикоии National Geographi Traveler ҳамчун яке аз беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ шомил шуда буд.
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста