Роҳбари ҳукумати "Толибон"* дар Афғонистон Ҳайбатуллоҳ Охундзода дастур додааст, ки дар биноҳои нав сохташаванда тирезаҳо набояд ба самти ҳавлӣ, ошхона ва чоҳҳои об, ки асосан занон истифода мебаранд, кушода шаванд. Инчунин тирезаҳо набояд ба ҳавлии ҳамсояҳо боз шаванд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон бо нашри ин қарор изҳор доштааст, ки маҳдудияти мазкур “барои пешгирии амалҳои ғайриахлоқӣ равона шудааст”.
Ба гуфтаи ӯ, мушоҳидаи занон ҳангоми анҷоми корҳои рӯзмарра метавонад боиси рафторҳои номатлуб гардад.
Мақомоти маҳаллӣ вазифадор шудаанд, ки ба риояи ин қоида дар маҳалҳои сохтмонӣ назорат баранд. Ҳамзамон, ба соҳибони хонаҳои қаблан сохташуда тавсия дода мешавад, ки дар манзилҳояшон “деворҳои муҳофизатӣ” созанд, то занонашонро аз чашми номаҳрамон ҳифз кунанд.
Бояд гуфт, ки аз замони ба сари қудрат омадани ин гурӯҳ дар соли 2021, онҳо пайваста озодиҳои занонро маҳдуд мекунанд - аз манъи таҳсил то маҳдуд кардани ҳуқуқи кор кардан берун аз хона.
Созмонҳои байналмилалӣ пайваста қарорҳои "Толибон"-ро маҳдуд кардани озодиҳои занон дар Афғонистон унвон мекунанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар пайваста нисбати сиёсати зидди занонаи Толибон изҳори нигаронӣ мекунанд. Коршиносон бар он назаранд, ки чунин маҳдудиятҳо на танҳо ба пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон монеа эҷод мекунанд, балки ба рушди ҷомеаи ин кишвар дар маҷмӯъ таъсири манфӣ мерасонанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Футболбозони тоҷик ба Суперлигаи Ӯзбекистон мераванд: теъдоди онҳо бисёр мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Бунёни ошиқ”
Муҳоҷиронро соли 2025 дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2025
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Чаро духтари афғонистонӣ, ки аз шавҳараш шикоят мекард, аз Тоҷикистон ихроҷ шуд?
100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд
Рентаи содиротӣ барои сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом ва пахта ду баробар гарон шуд
Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия тибқи тартиби нав кай оғоз мегардад?
Расонаҳои амрикоӣ шахсияти нафареро, ки дар Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш кард, эълон намуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста