Имрӯз, соати 14:00 дар Душанбе маросими супоридани ҷоизаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба 46 варзишгари беҳтарини ҷумҳурӣ ва мураббиёни онҳо дар соли 2024 баргузор мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 17 ФЕВРАЛ
Соли 2003 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ масъалаи зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистонро баррасӣ кард.
Соли 2012 – Дар Душанбе муҳокимаи парвандаи марги Баҳромиддин Шодиев, ки 4 ноябри соли 2011 дар бинои Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур фавтида буд, оғоз ёфт.
Соли 2018 – Дар асоси пешниҳоди Ҳукумати кишвар номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён иваз гардид.
Соли 2019 – Шарофиддин Гадоев, яке аз намояндагони мухолифини Тоҷикистон ҳангоми сафараш ба Маскав аз ҷониби мақомоти амниятии Русия боздошт ва маҷбуран ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.
Пас аз ду ҳафта, бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукуматҳои ғарбӣ, ӯ ба Нидерландия, ки дар он ҷо паноҳандаи сиёсӣ буд, бозгашт. Ин ҳодиса баҳсҳои зиёдеро дар бораи муносибати ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон бо мухолифини сиёсӣ ба миён овард.
Соли 2020 – Виталий Левченко сармураббии дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд.
Соли 2022 – Ҳукумати шаҳри Душанбе эълом дошт, ки нақшаи генералии шаҳр махфӣ нигоҳ дошта мешавад, "то ба дасти террористон ва экстремистон наафтад".
ШАХСИЯТҲО
Соли 1903 – Мавлуди Содиқ Ҳидоят, нависандаи эронӣ.

Содиқ Ҳидоят нависанда, мутарҷим ва мутафаккири эронӣ ва аз муҳимтарин адибони адабиёти муосири форсӣ маҳсуб меёбад. Ӯ бо асарҳои рамзӣ ва фалсафии худ, махсусан бо романи “Буфи кӯр” шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Асарҳои Ҳидоят бештар мавзӯъҳои танҳоӣ, ноумедӣ ва бемағзии зиндагиро инъикос мекунанд. Содиқ Ҳидоят зиндагии пуртазоди шахсӣ дошт ва дар ниҳоят дар Париж худкушӣ кард.
Асарҳои Содиқ Ҳидоят дар Тоҷикистон ҳам хонанда ва ҳаводори зиёд дорад.
Соли 1940 – Мавлуди Ҳадиса Қурбонова, Шоири халқии Тоҷикистон.

Ҳадиса Қурбонова, шоир ва нависандаи тоҷик солҳо дар нашриёти “Ирфон”, дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” ва нашриёти “Адиб” фаъолияти дошт. Ӯ аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, маҷмуаҳои “Паймон”, “Лоиқ намеояд дигар”-ро ба табъ расонидааст. Соли 2003 барои китоби “Лоиқ намеояд дигар” ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода мушарраф шудааст.
Ӯ як қатор очерк ва драма низ эҷод кардааст. Аз ҷумла, “Машъали ҷовид”, “Дуроҳа”, “Зиндагӣ” ва “Савти нотамом” аз ин қабиланд.
Соли 1964 – Мавлуди Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Сироҷиддин Муҳриддин соли 1986 Донишкадаи гидрометеорологии Одесса ва соли 2002 Донишгоҳи иқтисодии Тошкентро хатм кардааст.
Ӯ фаъолияти кориашро соли 1986 ба сифати муҳандис-агрометеорологи Маркази гидрометеорологияи Саридораи обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ оғоз намуда, то соли 1996 дар вазифаҳои гуногуни ин соҳа фаъолият бурдааст.

Аз соли 1996 то соли 2004 намояндаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал, дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал ва Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал буд.
Солҳои 2004-2005 муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва солҳои 2005-2011 Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид ва аз соли 2011 Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба буд.
Ӯ моҳи ноябри соли 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин гардид ва то ҳол дар ин мансаб ифои вазифа мекунад.
Соли 2012 – Нуъмонҷон Тоштемиров, ҳунарпешаи театр, Ҳофизи халқии Тоҷикистон дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 2022 – Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик дар синни 56-солагӣ аз олам чашм баст.

Аловуддин Абдуллоев бо барномаи “Шӯхиҳои Аловуддин”, ки тӯли 10 соли ахир дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон нашр мешуд, миёни ҷомеаи Тоҷикистон маъруф буд. Ӯ сар аз моҳи сентябри 2019 яке аз доварони шоу-барномаи Central Asia Got Talant буд.
Ӯ фаъолиятро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа оғоз карда, дар ин ҷо ба унвони ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор карду чанд соле ҳам раҳбарии ин театрро ба дӯш дошт.
Аловуддин Абдуллоев дар намоишҳои театрии “Моҷарои имтиҳон”, “Антигона”, “Табиби зӯракӣ”, “Ҳиллаҳои Аҷузкампир”, “Аршин мол-олон”, “Лаку Пак”, “Давлати Сомониён” нақши марказиро бозидааст. Ба ҷуз ин дар филмҳое чун “Братан”, “Падари моҳтобӣ”, “Туҳмат”, “Чоҳ”, “Қиёми рӯз”, “Интихоби ман”, филмҳои телевизионии “Дар орзуи падар”, силсилафилми “Хуррамдиёр” нақшҳои мондагор офаридааст.
Соли дар вилояти Хатлон ҷоизаҳои раиси вилоят дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллоев таъсис дода шуд, ҳамзамон Қасри фарҳанги Бохтар ба номи ин ҳунарпеша гузошта шуд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
17 феврали соли 1852 Осорхонаи Эрмитаж барои боздиди мардум расман боз гардид. Он соли 1764 ҳамчун маҷмӯаи хусусии малика Екатеринаи II таъсис ёфта буд. Ӯ дар Берлин аз тоҷири олмонӣ И. Готсковский маҷмӯаи 225 асари рассомони голландӣ ва фламандиро харидорӣ карда буд. Дар аввал аксари ин расмҳо дар ҳуҷраҳои хоси қаср нигоҳ дошта мешуданд ва калимаи фаронсавии “Эрмитаж” низ маънои хилватро дорад.

Имрӯз Эрмитаж яке аз бузургтарин осорхонаҳои ҷаҳон буда, аз шаш бинои боҳашамат иборат аст, ки дар соҳили дарёи Нева, дар маркази Санкт-Петербург ҷойгир аст.
17 феврали соли 1600 дар Рим файласуфи итолиёвӣ Ҷордано Бруно бо иттиҳоми бидъат зинда сӯзонида шуд.
Ҷордано Бруно боварӣ дошт, кайҳон беохир аст, ситораҳо монанди Офтобанд ва зиндагӣ дар дигар сайёраҳо имконпазир аст. Ақидаҳои ӯ зидди таълимоти калисои католикӣ буданд, бинобар ин, Инквизитсия ӯро ба бидъат айбдор карда, зинда сӯзонд. Бо вуҷуди қатли ӯ, идеяҳояш дар бораи коинот ба пешрафти илм таъсири бузург расониданд.

Аз соли 2003 инҷониб 17 феврал ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии рӯҳи инсон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз ба ҳама пешниҳод мешавад, ки соати 15:00 ду дақиқа хомӯш бошанд ва ба таври комил рӯҳи озодӣ ва сулҳро эҳсос намоянд. Ибтикоркунандаи ин чорабинии нодир Майкл Левӣ, муаллифи фалсафаи ҳаёт ва маърифат мебошад.
Ҳадафи ин рӯз он аст, ки одамон дар як лаҳзаи хомӯшӣ бо ҳам пайвастанд, зеро ин як анҷомдиҳии пурқуввати оромиш ва ҳамоҳангӣ мебошад. Ҳар қадар одамони зиёдтар дар ин мулоҳизаи хомӯшона ширкат варзанд, ҳамон қадар ҷаҳон пур аз сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ мегардад.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 17 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона -2+3º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона аз 9+14º то 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 3+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26º сард, дар баъзе минтақаҳо то 30-35º сард, рӯзона 6-11º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона боришоти сусти борон, рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона барф борида, рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 7-9º сард, рӯзона -1+1º.
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста