Деҳаи Достук дар вилояти Ботканд бо тамоми хонаҳои навбунёдаш, пурра ба Тоҷикистон дода шуд. Дар ин бора Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) имрӯз, 27-уми феврал дар ҷаласаи парлумони ин кишвар зимни муаррифии лоиҳаи созишнома оид ба муайян кардани марзи Тоҷикистону Қирғизистон, хабар дод.
Ба таъкиди вай, “Достук дурдасттарин деҳаи Қирғизистон буда, он қадар аҳамияти стратегӣ ё иқтисодӣ надорад”.
Ӯ гуфтааст, 191 гектар замин додем (ба ҷониби Тоҷикистон-аз идора) ва ҳамон қадар гирифтем.
“191 гектар замин додем ва ҳамон қадар гирифтем. Илова бар ин, ҳамчун ҷуброн барои хонаҳои нав 30 гектар замини обёришаванда дар минтақаи Лакол гирифтем. Ба сокинони деҳаи Достук мо хонаҳои нав месозем”, – гуфтааст Тошиев.
Ҳамчунин, ӯ хабар додааст, ки қитъаи стратегӣ дар Торт-Кочо акнун мақоми бетараф гирифт.

“Роҳи Торт-Кочо 10 метр паҳноӣ дорад ва ҳар ду тарафи он бо хати амниятии 15-метра иҳота мешавад. Яъне, роҳ бо паҳноии 40 метр ҳоло бетараф аст ва онро ҳарду ҷониб истифода хоҳанд кард. Акнун касе наметавонад роҳи Торт-Кочоро масдуд кунад”, – таъкид кардааст раҳбари КДАМ-и Қирғизистон.
Мавқеи Тоҷикистон дар ин бора ҳоло маълум нест. Ҳамчунин аниқ нест, ки бар ивази деҳаи Достук Тоҷикистон кадом минтақаро ба Қирғизистон дод.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам ин масъаларо шарҳ надоданд.
“Марзро бар асоси ҳуҷҷатҳои соли 1991 муайян кардем”
Қамчибек Тошиев, ҳамчунин, шарҳ додааст, ки раванди аломатгузории марз байни ду кишвар ҳанӯз моҳи декабри соли 2002 оғоз гардида буд ва дар ин муддат ҳукуматҳои ду кишвар 45 созишнома, гурӯҳҳои топографӣ 86 созишнома ва гурӯҳҳои ҳуқуқии ду кишвар 25 созишнома ба имзо расонидаанд.
Ба иттилои ӯ, 519,9 км хати марз то соли 2011 тавсиф шуда буд ва боқимонда 486,94 км дар се соли охир дақиқ шудааст.
“Соли 2011 ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои 519,9 км-и тасдиқшуда созишномаи марзиро ба имзо расонем ва дар ин бора маводи дахлдорро омода намуд. Вале ҷониби Қирғизистон то анҷоми пурраи тавсифи марз аз имзо кардан даст кашид. Зеро ин 519,9 км асосан минтақаҳои кӯҳиро дар бар мегирифт ва мавзеъҳои баҳсии аҳолинишинро дарбар намегирифт”, – гуфтааст Тошиев.
Ӯ иддао кардааст, ки “ҷониби Тоҷикистон аз оғози музокирот дар тавсифи марз ба маводи солҳои 1924 ва 1927 ва ҷониби Қирғизистон ба созишномаи таъсиси ИДМ аз соли 1991, Эъломияи Алмаато аз соли 1991 ва Эъломияи Маскав такя мекард.”
Ба гуфтаи Тошиев, аз соли 2011 то соли 2021 ҳатто як метр хати марз мувофиқа нашудааст ва сабаби инро пешниҳоди ҳуҷҷатҳои гуногун барои мушаххас кардани марз медонад.
Тошиев изҳор доштааст, ки баъди се соли таҳқиқоти саҳроӣ ва камералӣ ба мувофиқа расидаанд, ки марзро на аз рӯйи харитаҳои солҳои 1924 ва 1927, балки бар асоси ҳуҷҷатҳои соли 1991 муайян кунанд.
“Ҷониби Тоҷикистон низ розӣ шуд”, - гуфтааст Тошиев.
“Наметавонам гӯям, ки ҳамаи қарорҳои қабулшуда яктарафа буданд, зеро масъалаи марзии давлатӣ ҳеҷ гоҳ якҷониба ҳал намешавад ва ҳалли якҷониба натиқаи нек надорад. Танҳо замоне ки ҳарду ҷониб розӣ бошанд, сулҳ таъмин мешавад. Замоне буд, ки ҷониби Тоҷикистон ба мо гузашт мекард ва вақте лозим буд, мо ба онҳо гузашт мекардем”, – изҳор доштааст Ташиев.
Вай гуфт, аз маводи марбут ба марз истилоҳи “танҳо барои истифодаи хизматӣ” бардошта шуд. Аз имрӯз ҳама чӣ ба таври ошкоро муҳокима мешавад
"То имрӯз тамоми ҳуҷҷатҳо дар реҷаи “танҳо барои истифодаи хизматӣ” қарор доштанд, зеро дар ҷараёни кор метавонистанд тафсирҳои гуногун пайдо шаванд, ки ба раванди ба даст овардани натиҷаҳо таъсири манфӣ мерасонданд. Аммо аз имрӯз ин реҷа бекор карда мешавад, мо ҳама чизро ошкоро муҳокима мекунем, зеро аллакай ба созиш расидем ва имзо гузоштем.
Ӯ гуфтааст, пас аз баррасии лоиҳаи созишнома дар кумитаҳо, ҳуҷҷатро президентҳо имзо мекунанд.

“Баъд мо дубора ба Парлумон барои ба тавсиб расонидан бармегардем ва пас аз он президентҳо нусхаи ниҳоиро имзо мекунанд ва созишнома ба таври расмӣ қабул хоҳад шуд”, – гуфтааст Тошиев.
Шаш кумитаи Маҷлиси намояндагони Қирғизистон лоиҳаи созишнома ва шартномаҳо оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро тасдиқ кардаанд:
- Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии ду кишвар;
- Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингард ва истифодабарии чорроҳҳаҳо;
- Созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Девони вазирони Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасии дуҷониба ба иншооти обӣ ва энергетикӣ.
Ёдрас мешавем, ки 21 феврали соли ҷорӣ, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев раисони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон (КДАМ) созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буданд. Ҳамакнун, ин созишномаро парлумон бояд тасвиб ва президентони ду кишвар имзо кунанд.
Хабар такмил мешавад...
Муаррифии маҳсулоти Тоҷикистон дар AGRO PRO EXPO-2025-и Ӯзбекистон
Футболбозони тоҷик дар сафи гаронтаринҳои Суперлигаи Ӯзбекистон
Интихоботи парлумонии Тоҷикистонро беш аз 150 нозири ИДМ назорат мекунанд
Тафсилоти ҳодисаи кордзании духтарчаи 8-сола аз ҷониби як мард дар Панҷакент
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 феврали соли 2025
“Номи ҳамаша намедонам”. Сокинон то куҷо аз ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо дар интихоботи парлумонӣ огоҳанд?
Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко
Ронандаи автобус аз Тоҷикистон, ки дар Русия бо нақлиёти зери идорааш ба дарё афтода буд, ҷарима шуд
“Арзон ва бехатар”. Чаро дар Душанбе бунёди гузаргоҳи рӯйизаминӣ маъмул нест?
Таъмири теппаи “Қӯрғон” то ҳол оғоз нашудааст. Раиси КҲФ аз ин теппаи садамавӣ боздид кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста