ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 27 ФЕВРАЛ

Соли 2008 – Бо фармони президент, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат ба ду сохтори алоҳида ҷудо карда шуд: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2008 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон”-ро қабул кард.

Соли 2017 – Байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна созишнома ба имзо расид.

Соли 2018 – Лигаҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе Ёддошти ҳамкориро имзо карданд.

Соли 2018 – Дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли орд фаъол гардид.

Соли 2020 – Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ Сезин Синаноглуро ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон таъйин кард.

Соли 2023 – Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон таъсис ёфт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1941 – Мавлуди Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшинос ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор.

Абдунабӣ Сатторзода, ки яке аз шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон ва донишмандони варзида дар бахши адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ аст, имрӯз 84-сола шуд.

Абдунабӣ Сатторзода

Ӯ пас аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома додааст.

Фаъолияти кориашро соли 1963 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистоноғоз карда, баъд ҳамчун аспирант, устод ва мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик то соли 1993 давом додааст.

Дар ин фосила як муддат мудири шӯъбаи нақди адабии маҷаллаи “Садои Шарқ”, докторанти Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов ва устоди Донишгоҳи Пуҳантуни Кобул буд.

Абдунабӣ Сатторзода яке аз таъсисдиҳандагони Ҳизби демократи Тоҷикистон буд ва дар музокироти сулҳи байни тоҷикон иштирок кардааст.

Ӯ 17-уми марти соли 1999 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин гардид ва дар ин вазифа то 30-юми январи соли 2006 кор кард. Солҳои 2006-2012 сардори Раёсати сиёсати хориҷӣ ва инкишофи робитаҳои иқтисодии берунаи Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон буд. Вай аз соли 2012 то 2023 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ кор кардааст.

Пиромуни рӯзгору раҳоварди ин адабиётшинос ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷик дар матлаби Абдунабӣ Сатторзода: “Ман гунаҳкори гунаҳнокардаам!” мутолиа кунед.

"Азия-Плюс" ба муносибати 84-солагии Абдунабӣ Сатторзода мусоҳиба орост, ки метавонед давоми рӯз дар сомона ва саҳифаҳи иҷтимоии мо мутолиа кунед.

Соли 1969 – Зодрӯзи Зебо Давлатшоева, рассом.

Соли 1974 – Мавлуди Шуҳратшоҳ Раҳматуллоев, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Шуҳратшоҳ Раҳматуллоев

Шуҳратшоҳ Раҳматуллоев, писари Асланшо Раҳматуллоев, ҳунарпешаи саршиноси тоҷик ва Гулчеҳра Раҳматуллоева буда, соли 1974 ба дунё омадааст. Соли 1996 шуъбаи драма ва кинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси ҳунарпешаи драма ва кино хатм кард.

Шуҳратшоҳ дар даҳҳо филмҳои тоҷикӣ ва хориҷа, аз ҷумла, филмҳои “Муҳаббат” ва “Афсарон” ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳоло дар Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский ба ҳайси ҳунарманд фаъолият дорад.

Соли 1982 – Малика Собирова, ҳунарпешаи балет, раққоса, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ дар синни 39-солагӣ аз олам даргузашт.

Малика Собирова

Малика Собирова Омӯзишгоҳи академии хореографии ба номи А. Вагановаи шаҳри Ленинградро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1963 то охири умр ҳунарпешаи Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ буд. Ба санъати ӯ аз ҷиҳати фасоҳат, дарки амиқи олами ботинии образҳои саҳнавӣ ва техникаи олӣ баҳои сазовор додаанд.

Ӯ образҳои Одеттаи фидокор ва азиятдида, Одиллияи маккор ва дилфиреб, Лизаи ишвагар ва бепарворо дар саҳнаи театр офаридааст. Вай унсурҳои рақси классикӣ ва миллии тоҷикро моҳирона ба ҳам мепайваст. Ба туфайли истеъдоди барҷастаи ҳунарпешагӣ ва техникаи моҳиронааш ба М. Собирова муяссар шуд, ки дар саҳнаи театр мақоми шоиста пайдо кунад.

Вай балетҳои романтикии маъруф “Жизел”, “Шурале”, “Ромео ва Ҷулйетта”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Темурмалик”-ро иҷро кардааст. Собирова инчунин дар якчанд филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ, “1002 шаб” “Малика”, “Қиссаи шарқӣ” иштирок кардааст. Ҳоло Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии Тоҷикистон дар Душанбе ба номи Малика Собирова аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ташкилотҳои ҷамъиятӣ (ғайриҳукуматӣ) аст. Ин ташаббусро Марсис Лиорс Скадманис, ки ҳангоми таҳсили ҳуқуқшиносӣ ба нақши ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард, пешниҳод намуда буд. Онро “Эътилофи шаҳрвандии Латвия” дастгирӣ кард.


Соли 2012 он мақоми расмӣ гирифт, ва соли 2014 аввалин маротиба дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии хирси қутбӣ аст. Мақсади асосии ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи ин дарранда аст.


Шумораи тахминии онҳо дар ҷаҳон 20-25 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Хирси қутбӣ ба Китоби Сурхи Байналмилалӣ дохил шудааст.

27 феврали соли 1900 бошгоҳи футболи “Бавария” ташкил ёфт. Гурӯҳи футболбозон аз ҷамъияти гимнастикии Мюнхен, ки ба футбол таваҷҷуҳи кофӣ надоштанд, дар тарабхонаи “Гизела” ҷамъ омада, клуби футболи “Бавария”-ро таъсис доданд.


Имрӯз “Бавария” серунвонтарин дастаи футболи Олмон аст, ки 33 унвони чемпионӣ, 20 Ҷоми Олмон ва 6 пирӯзӣ дар Лигаи чемпионҳоро дар ҳисоб дорад.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии хушбинон (оптимист) аст.

Пессимистон ва оптимистон – ду гурӯҳе ҳастанд, ки шартан ҳамаи одамонро метавон ба онҳо тақсим кард. Гурӯҳи аввал, пессимистон, дар муошират он қадар хушоянд нестанд, зеро онҳо майл доранд, ки дунёро дар рангҳои хокистарӣ бубинанд. Аммо ба оптимистон зиндагӣ хеле осонтар аст, зеро онҳо ҳаводиси муҳити атрофро бо эҳсосоти мусбат мепазиранд.


Таҳқиқот нишон додааст, ки одамони бо рӯҳияи мусбат камтар ба бемориҳо гирифтор мешаванд. Оптимистон дӯстони зиёд доранд ва ҳатто пессимистон ҳам онҳоро хуш мепазиранд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 27 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, рӯзона 0-5º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.  

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо  то 21-23º сард, рӯзона 3-8º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 1+3º гарм. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.