Тақрибан се моҳ пеш дар ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич бо пули муҳоҷирони корӣ ва сокинони маҳаллӣ беш аз 5 километр роҳро мумфарш карда шуд. Вале бо гузашти қариб 3 моҳ қисме аз ин роҳ аллакай, хароб шудааст.

Чанде аз ронандаҳое, ки бо ин роҳ рафтуомад мекунанд, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, вақте таъмир оғоз шуд, хурсанд шуданд, ки минбаъд аз вайронаҳои роҳ халос мешаванд, вале хурсандии онҳо дер напоид.

Набӣ Маъмуров, сардори Идораи роҳи ноҳияи Деваштич дар суҳбат бо мо гуфт, аз таъмири роҳ бо ташаббуси сокинони маҳаллӣ огоҳ аст, вале аз вазъи кунунии он хабар надорад.

1/8

“Оид ба вайроншавии роҳи нав маълумот надорам, зеро роҳ пурра бо пули сокинон мумфарш гардида, ширкати роҳсозиро худи онҳо интихоб кардаанд. То ин дам ягон шикояти шифоҳӣ ё хаттӣ ба мо нашудааст”-гуфт Набӣ Маъмуров.

Вале Ғайрат Холов, собиқ раиси ҷамоати Ваҳдат, ки замони роҳбарии ӯ роҳ мумфарш шуд, дар суҳбати телефонӣ ба мо гуфт, сабаби зуд вайрон шудани роҳ на сифати пасти он, балки фарорасии фасли сармо аст.

“Зеро таъмири роҳ то нимаҳои моҳи ноябр ҷараён дошт. Худи ширкат азнавсозии роҳро ба зимма гирифтааст ва ҳеҷ мушкил нест. Бесабрии саҳмгузорон сабаби саросемагии роҳсозону масъулон шуд, ки он пеш аз фасли зимистон сохта шуд. Аслан, аз вайроншавии роҳ онҳое шикоят доранд, ки барои ободияш саҳм нагузоштаанд”, - гуфт вай.

Ёдовар мешавем, ки давоми соли 2024-ум 45 километр роҳҳои ноҳияи Деваштич мумфаршу обод шуд, ки аз ин 5 километраш аз буҷети ноҳия, боқӣ 40 километраш бо саҳми сокинон, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ мумфарш шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.