Дар пайи гузориши “Азия-Плюс” аз харобии роҳе дар ноҳияи Деваштич, масъулини роҳсозиву нигоҳубини он дар вилояти Суғд бо ташкили як гурӯҳи корӣ ҳолати ин роҳро санҷиданд. Роҳбари ширкате, ки роҳро сохтааст, ваъда дод, ки “роҳро аз ҳисоби худ таъмир мекунем”.
Дар гузориши “Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст” зикр шуда буд, ки дар ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич бо пули муҳоҷирони корӣ ва сокинони маҳаллӣ беш аз 5 километр роҳ мумфарш карда шуд, вале бо гузашти қариб 3 моҳ қисме аз ин роҳ аллакай, хароб шудааст.
Баъди нашри ин матлаб, 11-уми апрел гурӯҳӣ корие, ки бо ҷалби кормандони раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилояти Суғд, шӯъбаи Идораи роҳи ноҳияи Деваштич, директори ҶДММ “Хуҷанд-роҳ” ва намояндагони ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич ташкил шуд, ба ин қитъаи роҳ рафта, бо вазъи кунунии он шинос гардидааст.
“Дар вақти номуносиб сохта шудааст”
Олимҷон Муллоёров, мудири бахши назорат ва танзими хоҷагии роҳҳои раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилояти Суғд, тасдиқ кард, ки роҳ қисман хароб шудааст ва яке аз омилҳои харобшавии роҳ дар вақти номувофиқ бунёд шудани он мешавад.
“Дар роҳи автомобилгарди Деваштич - Каленинобод аз клометри 24 то 27 (ҷамоати Ваҳдат) чуқуриҳо пайдо шудааст. Маълум шуд, ки ин қитъаи роҳ дар фасли тирамоҳу зимистони соли 2024 ва бо талаби маблағгузорон мумфарш гардидааст. Ваяке аз сабабҳои хароб шудани ин қитъаи роҳ маҳз дар вақти сардии ҳаво хобонидани мум аст”, - зикр кард Олимҷон Муллоёров.
Ӯ таъкид кард, ки қазияи бунёди роҳ ва дар фурсати кӯтоҳ хароб шудани онро пурра санҷида, аз натиҷаи он маълумоти муфассал ироа мекунад.

“Аз ҳисоби худамон таъмир мекунем”
Роҳи харобшударо ширкати “Хуҷанд–роҳ” сохтааст. Хайрулло Қудратзода, роҳбари ин ширкат ҳам дар ҳайати гурӯҳи корӣ ба ҷамоати Ваҳдат омад ва гуфт, ӯро “маҷбур кардаанд, то дар ҳавои номусоид роҳ созад”. Аммо дар ниҳоят ваъда кард, ки “роҳро аз ҳисоби худамон таъмир мекунем”.
“Вақте сокинони деҳаи Басмандаи ҷамоати Ваҳдат ба мо муроҷиат карданд, моҳи ноябр буд. Омада дидам ва гуфтам, ки намнокӣ баланд аст, намешавад роҳ сохт. Аммо онҳо пофишорӣ карданд. Ман гуфтам, бошад, агар сахт пофишорӣ мекунед, месозем ва сохтем”, - мегӯяд Хайрулло Қудратзода.

Ғайрат Холов, раиси пешини ҷамоати деҳоти Ваҳдат дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки бо талаби сокинони маблағ ҷамъоварикарда, ба идораи ширкати “Хуҷанд–роҳ” рафта, бунёди ҳарчи зудтари роҳро хостаанд.
“Воқеан, масъулини ширкат гуфтанд, ки барои сохтмони роҳ ҳаво мусоид нест, аммо сокинон, ки пул ҷамъ карда буданд, талаб карданд, ки роҳ ҳарчи зудтар бунёд ё пулашон баргардонида шавад. Мо ҳам ногузир ширкати роҳсозиро маҷбур кардем, то роҳро созад”, - мегӯяд Ғайрат Холов.
Ӯ таъкид мекунад, ки баъди хароб шудани роҳ роҳбари ширкати роҳсоз омада, вазъро дид ва ваъда кард, ки онро таъмир мекунад.
Хайрулло Қудратзода ҳам тасдиқ мекунад, ки баъди бунёди роҳ аз вазъи он чанд маротиба хабар гирифт ва аз харобиҳои он огоҳ аст. Ба сокинони ҷамоати Ваҳдат ҳам фаҳмонидааст, ки “айби асосӣ дар он аст, ки роҳ дар ҳавои номусоид бунёд шудааст”.
“Моҳи май роҳро аз ҳисоби худамон таъмир мекунем”, - ваъда кард Хайрулло Қудратзода.
Бояд гуфт, ки давоми соли 2024 45 км роҳҳои ноҳияи Деваштич мумфаршу обод шуд, ки аз ин 5 клометраш аз буҷети ноҳия боқӣ 40 клометраш бо саҳми сокинон аз ҷумла муҳоҷирони корӣ асфалдпӯш шудааст.
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Нола”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2025
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста