Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё ва Уқёнусия, ки аз 14 то 20 апрел дар Тошканд (Ӯзбекистон) доир гардид, намояндагони Тоҷикистон 27 медал ба даст оварданд. Дар ин мусобиқот зиёда аз 600 варзишгар аз 20 кишвар ширкат варзиданд. Тоҷикистонро беш аз 40 варзишгар намояндагӣ карданд.
Тавре ки сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии самбо хабар медиҳад, медалҳои тиллоро дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Шоҳрух Назаров байни самбочиёни дорои нуқсони чашм (вазни 79 кг), Собирҷон Сулаймонов (вазни 88 кг, M-2), Хайрулло Назриев (вазни +98 кг, M-6) ва Зайдулло Қурбонов (вазни 98 кг, M-7) байни устодон инҳо ба даст оварданд.
Ба медалҳои нуқра дар категорияи худ варзишгарони зерин соҳиб шуданд: Деваштич Устопириён (то 79 кг), Зафар Олимшоев (то 88 кг), Халид Толибзода (то 88 кг, самбои размӣ), Худоёр Раҷабзода (то 71 кг, самбои размӣ), Рамазон Ҷумъаев (то 79 кг, самбои размӣ).
Ҳамчунин дар категорияи устодон (самбои варзишӣ) ва наврасон (самбои размӣ) сетогӣ медали нуқра ва дар категорияи наврасон (самбои варзишӣ) - 1 медали нуқра ба даст оварда шуд.
Ба дарёфти медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонӣ Муҳаммадҷон Зоҳидов (вазни то 98 кг, самбои варзишӣ) ноил гардида, инчунин варзишгарон дар категорияҳои устодон, калонсолон, наврасон ва ҷавонон ба сурати умум 10 медали биринҷӣ гирифтанд.