Аксари дарахтҳои гаронарзиши магнолия, ки ду моҳ пеш, қабл аз сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд, дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилоят шинонида буданд, зард шуда, хушкида ба назар менамоянд.

Масъулин мегӯянд, ин дарахтҳо хушк нашудаанд, танҳо барг партофтаанд ва дар оянда боз сабз мешаванд. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки дарахти магнолия бояд аввал ба иқлими шаҳр мутобиқ ва баъд шинонида шавад.

Беш аз 200 дарахти магнолия дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд охири моҳи феврали соли ҷорӣ шинонида шуд. Он замон хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд навишт, ки ин дарахтҳо бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар хиёбони Исмоили Сомонӣ шинонида шуд.

“Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик боз 100 адад ниҳолҳои Магнолия аз кишвари Италия вориди шаҳри Хуҷанд шуда, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шинонида мешавад”, - навишт манбаъ.

 

Раҷаббой Аҳмадзода ва Фирдавс Шарифзода дарахти магнолия мешинонанд
Акс аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд

“Об медиҳам, аммо боз ҳам зард шудаанд”

Рӯзи 22-юми апрел, вақте ба хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд рафтем, аксари дарахтон зард ва зоҳиран хушкшуда буданд.

Абдушукур Аҳмадов, нафаре, ки худро боғбон ва масъули нигоҳубини ин дарахтҳо муаррифӣ кард, гуфт, “бори аввал дарахти магнолияро мебинам ва бо такя ба таҷрибаи ғании дарахтпарвариам, дар ду-се  рӯз ба онҳо як бор об  медиҳам, аммо боз ҳам баъзеашон хушкида истодаанд”.

“Вақте дарахт ба об ниёз пайдо кунад, шохаҳояш сар ба замин хам мекунанд. Шохаҳои ин дарахтҳо сар хам накардаанд, аз ин сабаб, фикр мекунам мушкил дар камобӣ нест”, - гуфт Аҳмадов.

 

Абдушукур Аҳмадов
Акс аз муаллиф

“Нахушкидаанд, барг мепартоянд”

Масъулини кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, аз ҳолати дарахтон огоҳанд.

“Онҳо хушк нашудаанд, сабзанд. 268 бех дарахти магнолия аз Италия оварда шуданд, 15-20 рӯз дар роҳ буданд, аз ин лиҳоз барг мепартоянд”, - гуфт Саидҷон Маъруфов, роҳбари Корхонаи давлатии “Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ”-и шаҳри Хуҷанд.

Ӯ таъкид кард, ки чанд соли пеш ҳам “ин навъи дарахт дар кӯчаи Мири шаҳр шинонида шуд ва онҳо ҳам пас аз барг партофтан, боз нашъунамо карданд ва ҳоло сабз мебошанд”.

 

Саидҷон Маъруфов
Акс аз муаллиф

Мушоҳидаи мо ҳам аз кӯчаи Мири шаҳри Хуҷанд собит кард, ки дарактони магнолия сабзанд. Ин дарахтон қариб чаҳор сол пеш шинонида шуда буданд.

 

Дарахтони сабзи магнолия, ки чанд сол пеш дар кӯчаи Мири шаҳри Хуҷанд шинонида буданд
Акс аз муаллиф

“Ин дарахт парвариш ва ғамхорӣ мехоҳад”

Мутахассисони бахши дарахтпарварӣ мегӯянд, омилҳои гуногун метавонад сабаби хушкидани дарахт гардад, аз ҷумла иқлими бегона.

Сангинбой Қурбонов, собиқ кормандони бахши экологияи вилояти Суғд зикр кард, ки магнолия дарахтест, ки иқлими шаҳри Хуҷанд ба он бегона аст, аз ин лиҳоз, он бояд аввал ба иқлими ин шаҳр мутобиқ ва баъд дар хиёбонҳо шинонида шавад.

“Ҳаво дар Хуҷанд дар тобистон сахт гарм ва дар зимистон сахт хунук мешавад. Баъзан якбора гарм ё сард мешавад. Шояд ин ба нашъунамои дарахти магнолия таъсир карда бошад”, - гуфт Қурбонов.

Аммо ӯ таъкид кард, ки “воқеан, дарахти магнолия дар иқлими бегона, аввал барг мепартояд ва баъд месабзад”.

Ин мутахассис гуфт, ба дарахти магнолия бояд ғамхорӣ кард ва хуб парвариш намуд.

“Дар вақташ об ва нуриҳои минералӣ додан лозим”, - хулоса кард Қурбонов.

Дар ҳамин ҳол, Бунёд Абдулманнонзода, муовини сардори  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд зикр кард, ки ба ҳар сурат “кормандони соҳа ҳолати ин дарахтҳоро месанҷанд ва дертар хулосаи худро пешниҳод мекунанд”.

 

Ҳолати дарахтони магнолия дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд
Акс аз муаллиф

Дарахти гаронарзиш бо пули соҳибкорон

Бояд зикр кард, ки дарахти магнолия гаронарзиш ба ҳисоб меравад. Ба қавли Саидҷон Маъруфов, нархи як дарахти магнолия дар бозор 5-7 ҳазор сомонӣ нарх дорад. Аммо ӯ нагуфт, ки магнолияҳои дар хиёбони Исмоили Сомонӣ шинонида бо чӣ қадар маблағ ва аз ҷониби кӣ харидорӣ шудааст.

Дар мақомоти Хуҷанд нахостанд ошкор дар ин бора ҳарф зананд, танҳо як нафар аз ин ниҳод бо шарти ошкор нашудани номаш гуфт, дарахтони магнолияе, ки дар хиёбони Исмоили Сомонӣ шинонида шудааст, аз ҷониби соҳибкорон харидорӣ ва ба мақомоти шаҳри Хуҷанд тақдим гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки аввалин дарахтони магнолия дар Тоҷикистон қариб даҳ сол пеш дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе шинонида шуд. Он замон нархи ин дарахтон хеле гарон гуфта мешуд. Ҳоло аксари ин дарахтон сабзанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.