Филми “Сарчашма” (ба забони русӣ филм бо номи “Унгерния” муаррифӣ шуд) аз Тоҷикистон дар Фестивали XIII байналмилалии филмҳои кӯтоҳи давлатҳои ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон, ки дар Бишкек бо номи “Қирғизистон — кишвари филмҳои кӯтоҳ” баргузор гардид, сазовори ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” гашт.
Филми “Сарчашма” дар заминаи студияи “Тоҷикфилм” ва дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии синамо ва телевизиони шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз ҷониби коргардон тоҷик Пайрав Шарифов ба навор гирифта шудааст. Наворбардори ин филм Муъмин Латифӣ аст. Ҷоиза ба коргардони дуюми филм Одина Маҳмад супорида шуд.
Филм дар бораи пирамарде бо номи Ҳошим аст, ки барои пос доштани арзишҳо ва анъанаҳои неки аҷдодаш талош мекунад. Ҳошим баъди дар хоб дидани ҳамсари вафоткардааш дарк мекунад, ки барои пайвастан ба абадият вақти каме мондааст. Аз ин сабаб, пеши худ ҳадаф мегузорад, қабл аз он ки дунёро тарк кунад, бояд оилаи худро боз ҳам муттаҳид намояд. Барои ҳамин, ӯ писаронашро водор мекунад, ки корҳои худро як сӯ гузошта, бо ӯ ба кӯҳҳо раванд. Дар ин кӯҳҳо ӯ замоне бо ҳамсараш асрори муҳаббату садоқати ҷовидонӣ ёфта буд.

Дар ин филм нақши асосиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фирӯз Умаров бозидааст. Ҳамчунин дар филм ҳунармандони боистеъдоди тоҷик Парвиз Пулодӣ, Усмон Қудратов, Нурулло Қараев, Ҷовидон Маҳмадов ва Зулфия Содиқова нақш офаридаанд.
Бояд гуфт, Фестивали XIII байналмилалии филмҳои кӯтоҳи давлатҳои ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон аз 22 то 25-уми апрел дар шаҳри Бишкек баргузор шуд. Тибқи иттилои дастандаркорони фестивал, дар он зиёда аз 900 дархост аз синамогарони боистеъдод аз кишварҳои хориҷӣ ва ҳамчунин аз муаллифони ватанӣ ворид гардид.
Ёдовар мешавем, ки Пайрав Шарифов ва Одина Маҳмад аз коргардонҳои ҷавон ва аллакай муваффақи тоҷик ҳастанд. То н лаҳза чандин филмҳои таҳиякардаи онҳо дар ҷашнвораҳои кино сазоворӣ ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.
Аз ҷумла, чанде пештар филми “Фурӯғ”-и Одина Маҳмад дар Кинофестивали байналмилалии филмҳои ҷавонон "МО" низ таваҷҷуҳи ҳакамон ва тамошобинонро ҷалб карда буд.
"Аз таҳти дил ва самимӣ месароид". Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ
Тавсеаи ҳамкориҳои “Саноатсодиротбонк”-и Тоҷикистон бо Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ
“Почтаи тоҷик” баъди як соли танаффус интиқоли нома ва бастаро ба Русия оғоз кард
Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 3 моҳ 87 млн доллар кам шуд
Тобистони муфид барои кӯдакон: MediaLAB Asia+ барои наврасон барномаи таълимӣ роҳандозӣ мекунад
Назорат тариқи телефон. Дар шаҳр ва вилояти Маскав ба телефони муҳоҷирон замимаи мобилии махсус насб мекунанд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи ҳосили нав оғоз шуд. Имсол он 20% камтар кишт шудааст
Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабони мавсим дар Ҷоми Русия эътироф шуд
“Имрӯз ҷасадҳоро ба Ватан меоранд”. Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Қазоқистон
Чаро бонкҳои кишвар асъори хориҷии каме нуқсондоштаро қабул намекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста