Дар Тоҷикистон мавсими саёҳати дохилӣ оғоз гардид ва рӯзноманигорону блогерон дар 10 хатсайр ба боздиди маконҳои фарҳангӣ, сайёҳӣ ва таърихии кишвар бароманданд.
Рӯзи шанбеи 26-уми апрел дар майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе маросими оғози мавсими саёҳати дохилӣ барпо гардид. Дар ин чорабинӣ рӯзноманигорону блогерон барои иштирок дар 10 хатсайри саёҳатӣ ба самтҳои мухталифи Тоҷикистон ҷалб шуданд.
Ин ташаббус аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ба таъкиди ин ниҳод, бо мақсади татбиқи супоришҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.
Дар маросими ифтитоҳӣ, Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, таъкид намуд, ин иқдом на танҳо барои шиносоии васеъ бо мероси ғании таърихию фарҳангии Тоҷикистон мусоидат мекунад, балки таваҷҷӯҳи сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ҷалб менамояд.
Ба қавли раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, шиносоии бештар бо мероси таърихию фарҳангии кишвар ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз таърихи ғании мардуми тоҷикро дар байни шаҳрвандон тақвият мебахшад.
10 хатсайри гуногун
Дар доираи ин барнома, 10 хатсайри саёҳатӣ барои муаррифии мавзеъҳои дидании кишвар пешниҳод шудаанд:
Душанбе - Панҷакент (Артуч) – Душанбе: Ин хатсайр ба яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни тоҷикон - Панҷакент ва минтақаи кӯҳистонии Артуч, ки бо чашмаҳо ва манзараҳои зебои табиӣ машҳур аст, равона гардид.
Душанбе – Панҷакент (Искандаркӯл) – Душанбе: Дар ин масир, сайёҳон имкони боздид аз кӯли афсонавии Искандаркӯлро доштанд, ки бо зебоии нотакрораш дар байни дигар мавзеъҳои сайёҳии кишвар мавқеи хоса дорад.
Душанбе – Хуҷанд - Душанбе: Сафар ба маркази вилояти Суғд - шаҳри бостонии Хуҷанд, ки таърихи беш аз 2500-сола дорад ва бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии худ машҳур аст.
Душанбе – Ҳисор - Душанбе: Ин хатсайр боздид аз қалъаи таърихии Ҳисорро дар бар мегирад, ки яке аз ёдгориҳои нодиртарини меъмории Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Душанбе - Файзобод - Роғун – Душанбе: Сайёҳон имкони шиносоӣ бо ноҳияи Файзобод ва Роғун, аз ҷумла боздид аз Нерӯгоҳи барқи обии Роғун - бузургтарин иншооти барқи обии минтақаро пайдо карданд.
Душанбе - Бохтар – Леваканд - НБО Сарбанд - Вахш (Аҷинатеппа) - Ҷ.Балхӣ - Дӯстӣ (Оромгоҳи Зайналобуддин) - Носири Хусрав (Чилучорчашма) – Душанбе: Ин масири тӯлонӣ имкони боздид аз якчанд мавзеъҳои таърихию фарҳангии ҷануби кишвар, аз ҷумла харобаҳои дайри буддоии Аҷинатеппа ва чашмаи Чилучорчашмаро фароҳам овард.
Душанбе - Норак - Данғара - Темурмалик - Балҷувон - Ховалинг – Муъминобод – Кӯлоб – Восеъ - Душанбе: Хатсайри мазкур фарогири маҷмӯи бузурги мавзеъҳои сайёҳии минтақаи Кӯлоб буда, аз ҷумла боздид аз шаҳри бостонии Кӯлоб ва маконҳои таърихии атрофи онро дар бар мегирад.
Душанбе - Ваҳдат (Ромит) - Душанбе: Боздид аз водии зебоманзари Ромит, ки бо табиати нотакрор ва гуногунии олами набототу ҳайвоноташ машҳур аст.
Душанбе - Шаҳринав (Темурдара) - Душанбе: Ин масир ба ноҳияи Шаҳринав ва водии зебоманзари Темурдара равона гардид, ки бо чашмаҳои шифобахш ва манзараҳои кӯҳистонӣ шӯҳрат дорад.
Душанбе – Норак – Данғара – Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин - Дарвоз - Душанбе: Саёҳат ба яке аз минтақаҳои кӯҳистонии Бадахшон - ноҳияи Дарвоз, ки бо кӯҳҳои баланд, дарёҳои пуртуғён ва фарҳанги қадимаи мардумаш маъруф аст.
Интизор меравад, ки ин ташаббус таъсири муҳим дар рушди сайёҳии дохилии Тоҷикистон гузорад.
Ба гуфтаи коршиносони соҳа, чунин ташаббусҳо дар радифи дигар барномаҳои давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ҳам заминаи мусоид фароҳам меоварад.
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Нола”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2025
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста