ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ – 29 АПРЕЛ

Соли 1992 – Байни Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд.

Соли 2004 – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ки имрӯз ҳамчун созмони террористию ифротгаро эълон ва фаъоляташ дар Тоҷикистон манъ шудааст), Ҳизби сотсиал-демократӣ ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон оид ба таъсиси Эътилофи "Барои интихоботи озоду шаффоф дар Тоҷикистон" созишнома имзо карданд.

Соли 2010 – Дар Тоҷикистон аввалин Бюрои қарзӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Соли 2014 – Дар Тоҷикистон Шӯрои миллии аҳолӣ ва рушди демографӣ таъсис ёфт.

Соли 2020 – Парлумони Тоҷикистон ба Қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии ҳолатҳои шаҳрвандӣ" тағйирот ворид кард, ки тибқи он истифодаи пасванди славянии "-ов", "-ова", "-ев", "-ева" барои насаб ва "-ович", "-овна", "-евич", "-евна" барои насаб ва номи падар манъ карда шуд.

Соли 2020 – Дар Тоҷикистон талаботи ҳатмии маҳдудияти синнусолӣ барои намоиши филмҳо ҷорӣ карда шуд.

Соли 2021 – Дар ҷараёни низоъҳои мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, шаҳрдори Исфара захмӣ шуд ва дар бемористон ҷарроҳӣ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1882 – Мавлуди Бобохалили Одина, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Бобохалил Одинаев пеш аз инқилоби октябри соли 1917 ҳамчун ҳофиз шинохта шуда буд. Баъди Инқилоби Октябр дар дастаҳои касбии санъат ҳунарнамоӣ доштааст. Асоси таронаҳояшро сурудҳои халқӣ, лирикаи ишқӣ ва панду ҳикмат ташкил медиҳанд.

"Ҷонони ман", "Дилбар маро накушад", "Тоҷикистон" аз қабили таррнаҳои маъруфи ӯянд. Бобохалил Одинаев иштирокчии даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав буд.

Соли 1917 – Зодрӯзи Сура Баҳор, раққоса ва ҳунарманди балет.

Соли 1967 - Зодрӯзи Муҳаммадтоҳир Саидзода, биологи тоҷик.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии рақс аст. Ин ҷашн, ки ба ҳамаи намудҳои санъати рақс бахшида шудааст, аз соли 1982 бо ташаббуси Шӯрои байналмилалии рақси ЮНЕСКО дар рӯзи таваллуди Жан-Жорж Новерр — ислоҳотгар ва назарияпардози санъати рақс ва "падари балети муосир" таҷлил мегардад.


Ҳадафи асосии ин ҷашн муттаҳид сохтани ҳамаи равияҳои санъати раққосӣ ва арҷгузорӣ ба он ҳамчун воситаи муоширати бидуни марзи сиёсӣ, фарҳангӣ ва қавмӣ аст, ки одамонро дар роҳи дӯстӣ ва сулҳ муттаҳид мекунад.

29 апрели соли 1897 Ҷозеф Томсон, физикдони англис дар бораи кашфи электрони аввалин бор хабар дод.


Электрон нахустин зарраи элементарӣ мебошад, ки ҳам камтарин масса ва ҳам хурдтарин заряди барқиро дорад. Томсон на танҳо электронро кашф кард, балки заряди онро муайян намуд ва таносуби заряди электрон ба массаашро чен кард. Ӯ инчунин назарияи ҳаракати электрони дар майдонҳои магнитӣ ва барқиро таҳия намуд.

Барои ин кашфиёташ соли 1906 Ҷозеф Томсон ҷоизаи Нобелро дар бахши физика соҳиб шуд.

29 апрели соли 1770 капитан Ҷеймс Кук дар рафти экспедитсияи нахустини худ бо киштии "Индевор" дар соҳили шарқии Австралия дар як бандар фуруд омад.


Ин бандар бо пешниҳоди ботаники маъруф Ҷозеф Бэнкс, ки аз гуногуншаклӣ ва ғанигии набототи соҳил ҳайратзада шуд, "Ботаникӣ" (Botany Bay) ном гирифт,

Соли 1788 дар масофаи 8 км шимоли Ботани-Бей, шаҳре бунёд ёфт, ки имрӯз ба як мегаполис табдил ёфта, Сидней ном дорад.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 29 АПРЕЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 25+30º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 29+31º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6º сард, рӯзона 9+14º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 23+25º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.