ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲО БАРОИ 11-УМИ МАЙ

- Шурӯъ аз дирӯз, 10-уми май, дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ тавассути автобусҳои сурх оғоз шуданд. Имрӯз соати 19:00 метавонед бо хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ тавассути автобусҳои болокушод ба тамошои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт равед.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 11 МАЙ

Соли 1936 – Шаҳри Ӯротеппа дар ҳайати вилояти Ленинободи ҶШСТ таъсис ёфт.  Ин шаҳр пас аз ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон, аз 10 ноябри соли 2000, номи таърихии Истаравшанро гирифт ва соли 2002 2500-солагии он таҷлил карда шуд.

Соли 1979 – Ансамбли давлатии рақсии “Зебо” дар назди Кумитаи телевизион ва радио таъсис ёфтааст. Роҳбари аввалини он Зебо Аминзода буд, ки тавассути озмун 25 духтарро интихоб намуда, аз онҳо 10 нафари зебо ва боистеъдодро ба ҳайати ансамбл қабул кард.

Ин ансамбл бо ҳунарнамоии худ на танҳо дар Тоҷикистон, ҳамчунин берун аз он, дар паҳнои Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои хориҷӣ низ шӯҳратёр гардид. Зебо Аминзода барои хидматҳояш дар ин ансабл бо унвони Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардидааст.

Ин ансамбл ҳоло низ фаъолият мебарад.

 Соли 2010 – Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб барои осебдидагони офати табиие, ки 7 май рух дода буд, шаҳраки хаймаӣ барои 1000 нафар сохта шуд. 

Соли 2010 – Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоии аввалин китоби ба забони тоҷикӣ тарҷумашудаи нависандаи машҳур Шарлотта Бронте “Ҷейн Эйр” баргузор гардид.

Соли 2016 – Дар Пажӯҳишгоҳи давлатии дафни партовҳои радиоактивӣ бо иштироки сафорати ИМА ва дигар шарикон ду анбори нав барои нигоҳдории манбаъҳои радиоактивӣ ифтитоҳ гардид. 

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1911 – Мавлуди Холиқ Мирзозода, адабиётшинос, мунаққид, доктори илми филология.

 

Холиқ Мирзозода

Холиқ Мирзозода дастпарвари Донишгоҳи давлатии Самарқанд буда, фаъолияти худро дар  Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Шевченко (Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) оғоз намудааст. Солҳои 1940-1946 муаллими Техникуми духтаронаи Душанбе буд. Холиқ Мирзозода соли 1947 мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Шевченко таъйин гардид ва қариб чил сол дар ин вазифа фаъолият бурд.

Мирзозода яке аз адабиётшиносони барҷастаи тоҷик буда, пиромуни масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, давраҳои адабиёт, назми гузашта ва имрӯзаи тоҷик, эҷодиёти адибони ҷудогона, таърихи адабиёт ва ғайра беш аз чорсад асару мақола, очерку тақриз навиштааст. Ӯ ҳамчунин муаллифи китобҳои дарсии “Адабиёти тоҷик” барои мактабҳои миёна ва олӣ мебошад.

Соли 1951 – Зодрӯзи Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), собиқ сардори Роҳи оҳани Тоҷикистон.

 

Амонулло Ҳукуматулло

Амонулло Ҳукуматулло Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияташро ҳамчун мудири мағоза оғоз намуда, баъдан дар корхонаи консервбарорӣ ва совхози боғу ангурпарварии ноҳияи Бохтар кор кардааст. Ҳамчунин, ӯ Раиси Ширкати давлатии “Тоҷикнефтепродукт” будааст.

Амонулло Ҳукуматулло солҳои 1995–2000 вакили халқ дар Маҷлиси Олӣ буд. То моҳи январи соли 2002 раиси ҶДММ “Нафтрасон” буд. Аз моҳи январи соли 2002 то феврали соли 2014 ба ҳайси сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” фаъолият кардааст.

Соли 1951 – Мавлуди Азим Аминов, адабиётшиноси тоҷик.

Соли 1953 – Мавлуди Холмуроди Сиддиқ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

 

Холмуроди Сиддиқ

Холмуроди Сиддиқ, ки тариқи барномаи ҳаҷвии “Лаҳзаҳои гуворо” дар дили мардуми тоҷик ҷо гирифтааст, хатмкардаи Институти театрии ба номи Луначарскии шаҳри Маскав аст. Ҳунарпеша баъди хатми донишгоҳ дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ба фаъолият пардохтааст.

Ӯ асосан нақшҳои ҳаҷвиро дар намоишномаҳо иҷро кардааст, аз ҷумла дар намоишномаҳои “Арӯс ва домод”, “Таронаи муҳаббат”, “Умед”, “Сухани вопасин”, “Саргузашти Ҳотами Той”, “Донаки сеҳрнок”, “Дар ҷустуҷӯи бахт”, “Нафси бад – балои ҷон”, “Илоҷи беилоҷӣ ҳаст” ва дигар.

Яке аз ҳунармандони барномаи телевизионии ҳаҷвии “Лаҳзаҳои гуворо” аст.

Соли 2002 – Тағоймурод Хушвақт, Ҳофизи халқии Тоҷикистон дар синни 53-солагӣ аз олам даргузашт.

 

Тағоймурод Хушвақт

Тағоймурод Хушвақт аз модар бино ба дунё омада буд, вале дар синни 8-моҳагияшон, баъди бемории “Гули чашм” нобино гаштааст. Ӯ истеъдоду нерӯи ҳофизаи афзун ва дарку эҳсоси баланди мусиқӣ дошт.

Овозхон солҳои 1970-1990 бо сароидани таронаҳои мардумӣ ва ирфонӣ бештар шуҳрат ёфт. Дар он давра таронаҳои ӯ пайваста аз радиову телевизион пахш мешуданд. Тағоймурод Хушвахтов дар ҳамин давра дар фестивали мусиқии “Фаҷр” дар Эрон иштирок кардааст.

Овозхон беш аз 600 тарона офаридааст. “Гардиши айём”, “Ту садбарги кадом боғӣ”, “Зулфи анбар”, “Манол, эй андалеб”, “Ранҷидаӣ”, “Айб макун”, “Нолаи модар” аз беҳтарин таронаҳояш мебошанд.

Мавсуф 8-уми майи соли 2002 дар 53-солагӣ бар асари сактаи дил даргузашт. Соли 2005 Кохи фарҳангу ҳунари ноҳияи Ёвон ба номи Тағоймурод Хушвақт гузошта шуд ва соли 2006 нимпайкараи ӯ дар назди ин кох насб гардид.

Соли 2020 – Руҳулло Ҳакимзода, раиси пешини бонки давлатии “Амонатбонк” аз олам даргузашт. Як рӯз пеш писараш Кароматулло фавтида буд. Он замон авҷи бемории КОВИД-19 буд, аммо мақомоти Тоҷикистон вуҷуди онро дар кишвар инкор мекарданд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 11 май дар Амрико ҳамчун Рӯзи миллии “Бихӯр он чизеро, ки мехоҳӣ” (National Eat What You Want Day) ҷашн гирифта мешавад.  Ин рӯзро Томас Рой, ҳунарманди амрикоӣ ва ровии радио, бо ҳамсараш Рут Рой таъсис додаанд, ки бо ихтирои тақрибан 80 иди ғайрирасмӣ машҳуранд.

 


Мақсади ин рӯз фароҳам овардани имконият барои мардум аст, то як рӯз аз парҳезҳои сахт ва маҳдудиятҳои ғизоӣ озод шаванд ва бе эҳсоси хиҷолат хӯрокҳои дӯстдоштаи худро истеъмол кунанд.

11 майи соли 868 нусхаи чопии қадимтарини “Сутраи Алмосӣ” яке аз муҳимтарин матнҳои буддоии Маҳояна чоп шудааст ва ҳоло дар Китобхонаи Бритониёи Кабир нигоҳ дошта мешавад.

 


Он бо истифода аз чопи чӯбини блокӣ (woodblock printing) дар ҳафт қисм, ки ба як баста бо дарозии тақрибан 5 метр пайваст шудаанд, сохта шудааст. Он соли 1900 дар ғори №17-и маҷмааи ғорҳои Могао (Mogao Caves) дар наздикии шаҳри Дунхуан, Чин, аз ҷониби мунаҳҳиби даоистӣ Ванг Юанлу (Wang Yuanlu) кашф шудааст. 

11 майи соли 1927 дар меҳмонхонаи Biltmore Hotel дар Лос-Анҷелес Академияи санъати синамо ва илмҳои синамоии Амрико (Academy of Motion Picture Arts and Sciences, AMPAS) расман таъсис ёфт. Ин созмон бо ташаббуси Луис Б. Майер (Louis B. Mayer), роҳбари студияи Metro-Goldwyn-Mayer (MGM) бо мақсади муттаҳид кардани соҳаҳои гуногуни санъати синамо, ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ ва беҳтар намудани нуфузи ҷамъиятии синамо таъсис ёфтааст. 

Дуглас Фербенкс (Douglas Fairbanks) ҳамчун аввалин президенти Академия ва Фред Нибло (Fred Niblo) ҳамчун муовини аввал интихоб шуданд. Ҳамон шаб, ихтироъкор Томас Эдисон (Thomas Edison) аввалин узви фахрии Академия эълон гардид. 

 


Аввалин маросими ҷоизасупории Академия, ки баъдтар бо номи “Оскар” маъруф шуд, 16 майи соли 1929 дар меҳмонхонаи Hollywood Roosevelt баргузор гардид. 

11 майи соли 1964 бо қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ ширкати давлатии сабти садои “Мелодия” (Фирма Мелодия) таъсис ёфтааст. Он ҳамчун ягона ширкати расмии сабти садо дар Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекард ва тамоми студияҳои сабти садо, корхонаҳои истеҳсоли дискҳо ва шабакаҳои паҳнкунӣ дар саросари кишварро муттаҳид намуд. 

 


ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 11 МАЙИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтомуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 12+17º гарм.    

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 23+25º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.