ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 12 МАЙ

Соли 1958 – Бори аввал дар таърих як намояндаи Тоҷикистон қаҳрамони ҷаҳон гардид. Ин дастовардро Анатолий Тилик дар намуди варзиши тирпаронӣ аз камони низомӣ ба даст овард. Ӯ аввалин варзишгари тоҷик буд, ки унвони қаҳрамони ҷаҳонро дар ин навъи варзиш соҳиб шуд.

Соли 2000 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармонеро ба имзо расонид, ки тибқи он ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобови назди Кумитаи телевизион ва радио мақоми давлатӣ гирифт. Аз ҳамон вақт инҷониб 12 май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Шашмақом таҷлил мегардад.

Шашмақом маҷмӯъи мукаммали оҳангу таронаҳои силсилавии шифоҳии мусиқии ҳирфаии мардуми тоҷик буда, дар низоми ягонаи шаклбандӣ ва зарбу лаҳн мураттаб гардидааст.

 


Соли 2016 – Дар шаҳри Турсунзода маросими расмии оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA-1000 баргузор гардид. Ин тарҳ интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон тавассути шабакаи баландшиддати барқ таъмин мекунад.

Соли 2020 – Ҷумҳурии Исломии Эрон тавассути парвози махсус аз Машҳад ба Душанбе 6 тонна кумаки башардӯстона, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ирсол намуд.

Соли 2020 – Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон лавозимоти ҳимояи шахсӣ ва дорувории тиббӣ ба арзиши 100 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1927 – Мавлуди Барно Исҳоқова, овозхони яҳудитабори тоҷик, устоди Шашмақом.

 


Барно Исҳоқова баъди солҳо зиндагӣ дар Самарқанд ба Душанбе омадааст. Ӯ аз соли 1950 сарояндаи яккахони Раёсати радиошунавонии Тоҷикистон ва аз соли 1980 муаллими калони кафедраи мусиқии Шарқи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд.

Ӯ яке аз шашмақомсароёни беҳтарин дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна аст. Исҳоқова соли 1992 баъди фурӯпошии ИҶШС ва оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамроҳи аҳли оилаи худ ба Исроил кӯч баст. 7 сентябри соли 2001 дар шаҳри Рамлеи Исроил аз олам даргузашт.

Барно Исҳоқова беш аз  100 суруду тарона аз силсилаи “Шашмақом” иҷро кардааст. Беҳтарин сурудҳои классикии иҷрокардаи ӯ “Насруллоҳӣ”, “Муғулчаи Дугоҳ”, “Сарахбори ороми ҷон”, “Ҳусайнӣ”, “Насри Баёт” “Чоргоҳ”, “Ушшоқ” ва дигар сурудҳои Шашмақом аст.

“Ба дилбар”, “Мамлакати мо”, “Гулҷаҳон”, “Шунидам”, “Кокулат”, “Мафтуни чашмат” аз беҳтарин таронаҳои ӯянд.

Соли 1937 – Зодрӯзи Орифшо Орифов, сароянда, роҳбари ансамбли “Гулшан”, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон.

Соли 1951 – Мавлуди Шавкат Исмоилов, доктори илми ҳуқуқ, профессор, собиқ вазири адлияи Тоҷикистон.

 


Шавкат Исмоилов хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1978 оғоз намуда, ба ҳайси ассистент, омӯзгор, омӯзгори калон, дотсент, ходими калони илмӣ, муовини декан, декани факултети донишҷӯёни хориҷӣ, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат ва ниҳоят декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Аз соли 1993 то 25 январи соли 2001 дар вазифаи вазири адлияи Тоҷикистон кор кардааст. Баъдан аз 27 майи соли 2001 то соли 2005 вакили парлумон буд. Ӯ муаллифи беш аз 150 мақолаи илмӣ ва якчанд рисолаҳои таҳқиқотӣ мебошад.

Соли 1963 – Мавлуди Насрулло Маҳмудзода, ҳуқуқшинос, собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон.

 


Насрулло Маҳмудзода факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон хатм карда, фаъолиятро ҳамчун коромӯз дар вазифаи муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Қайроққум оғоз кардааст. Баъдан дар вазифаҳои Прокурори шуъбаи тафтишотии прокуратураи вилояти Суғд, муовини прокурори шаҳри Исфара, ноҳияи Б.Ғафуров, сардори шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ дар мақомотҳои ВКД ва АНМН прокуратураи вилояти Суғд, Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Прокурори шаҳри Кӯлоб кор кардааст.

Соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Аз соли 2015 додситони вилояти Хатлон буд. Насрулло Маҳмудзода аз моҳи марти соли 2020 то марти соли 2025 котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон кор кард. Ҳоло вакили парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи Конибодом мебошад.

Соли 1999 – Зодрӯзи Эҳсони Панҷшанбе, футболбози тоҷик, нимҳимоятгари бошгоҳи “Истиқлол” ва тими миллии Тоҷикистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 12 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои шафқат таҷлил мегардад. Ин иди касбӣ ба зодрӯзи Флоренс Найтингейл бахшида шудааст, ки дар ҷанги Қрим (1853–1856) нахустин хидмати ҳамшираҳои шафқатро дар ҷаҳон иҷро ба роҳ монд.

Сурат: almaty.tv

Имрӯз дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳамчун Рӯзи маърифати экологӣ таҷлил мешавад. Ин иди касбӣ бо ҳадафи боло бурдани маърифати экологӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм ва зиндагии инсон аз соли 1991 инҷониб таҷлил мешавад.


Дар Финландия имрӯз Рӯзи худшиносӣ аст. Ин рӯз бо барафрохтани расмии парчами миллӣ ва ба зодрӯзи Йохан Вилгелм Снеллман, арбоби давлатӣ, файласуф ва рӯзноманигори маъруфи Финландия бахшида шудааст.

Ислоҳот дар низоми таълим ва расмӣ кардани забони финӣ аз хидматҳои барҷастаи Снеллман дониста мешавад. Ҳамчунин ӯ аввалин лоиҳаи роҳи оҳани Финландияро пешниҳод кард. Ба шарофати талошҳои ӯ соли 1865 дар Финландия пули миллӣ – маркаи финӣ ҷорӣ гардид.

12 майи соли 1945 амалиёти Артиши Сурх дар Прага ба анҷом расид, ки дар натиҷа шаҳри Прага аз фашистон озод карда шуд. Ин амалиёт охирин амалиёти стратегии Артиши Сурх дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни он 860 ҳазор сарбозу афсари олмонӣ (аз ҷумла 60 генерал) асир гирифта шуданд ва 40 ҳазор нафари дигар кушта ё захмӣ гардиданд. Аз ҷониби Артиши Сурх 12 ҳазор нафар ҳалок ва 40 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.

 


ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 12 МАЙИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 12+17º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 24+26º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.