Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” қисми якуми ҳикояи “Оташи ҷонсӯз”-и Иноят Насриддин манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.
Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.
Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхиро дар 151 қисм дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд. Бо савтҳо дар ин пайванд метавонед ошно шавед.
Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани ҳикояҳои китоби нав- “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин оғоз карданд.
Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.
Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.
Марги декани пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар боздоштгоҳ баъди эълони ҳукми додгоҳ
Даргирӣ миёни Телавив ва Теҳрон давом дорад. Дар Исроил ва Эрон чӣ мегузарад?
Лағви чанд парвоз аз Тоҷикистон ба Эрон. Парвози чартерӣ тавассути Ашқобод баррасӣ мешавад
НБО Сангтуда-1: Таърифа поён, қарз бахшида, вале муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия тамдид шуд
Эълони исми ғолибони озмуни аксбардории “Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон”
Ваъдаи ним млн сомонӣ барои пайдо кардани Сабинаву Малика, ки 12 сол пеш гум шуда буданд
Қурби доллар нисбат ба сомонӣ баъди уфти чашмрас дубора боло рафт
Боздошти як гурӯҳи 5-нафара бо гумони муомилоти 180 кг маводи мухаддир
Байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ барқарор шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста