Имрӯз, 15-уми май Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз рафти корҳои сохтмонии Театри миллии Тоҷикистон ва ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия “Акиа Авесто автоматив индастри” боздид кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, онҳо зимни боздид рафти корҳои сохтмонии Театри миллии Тоҷикистон бо коргарону мутахассисони сохтмони бинои театр суҳбат кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, “ҳоло 500 коргар дар рафти сохтмон фаъолият доранд”.
Бодя гуфт, ки бинои Театри миллии Тоҷикистон 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминиро дарбар гирифта, баландии бино 34,5 метр хоҳад буд. Манбаъ менависад, дар бинои театр 3 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар сохта хоҳад шуд.
“Толори асосӣ дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигари конфронсию консертӣ ҳар яке дорои 1000 курсӣ хоҳад буд”, - гуфтааст манбаъ.
Бояд гуфт, моҳи июли соли 2024 сохтмони Театри миллии Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун мавқуф гузошта шуд буд, аз нав оғоз гардид. Хишти аввали онро Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 бо иштироки аҳли фарҳанг ва ҳунари пойтахт дар фазои тантанавӣ ниҳода буд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ҳангоми боздид аз ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия “Акиа Авесто автоматив индастри” 30 электробус бо тамғаи “Акиа нерӯ”-ро ба истифода додаанд.
Гуфта мешавад, ин электробусҳо 32 ҷойи нишаст ва имкони ғунҷоиши 100 мусофирро дошта, тибқи “стандартҳои аврупоӣ” истеҳсол гардидааст ва бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда муҷаҳҳаз аст.
“Ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300 км роҳро дар бар мегирад. Кафолати батареяҳо ва дигар қисмҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 сол мебошад”, - навиштааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Бояд гуфт, ин ширкат 19 марти соли 2019 дар Тоҷикистон расман ба фаъолият оғоз кардааст. Ба навиштаи манбаъ, ширкати “Акиа Авесто” аз соли 2018 то кунун беш аз 500 автобусу электробуси гуногунҳаҷм истеҳсол кардааст.
“То ба имрӯз дар ин ширкат автобусҳои дарозиаш 8 ва 12 метр, автобусҳои дуошёна, инчунин электробус ва электротроллейбусҳои замонавӣ мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ мавриди банду баст ва истеҳсол қарор дода шудааст”, - менависад манбаъ.
Зикр шудаст, ки шаҳрдории Душанбе нақша дорад, то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ гузарад.
Марги декани пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар боздоштгоҳ баъди эълони ҳукми додгоҳ
Лағви чанд парвоз аз Тоҷикистон ба Эрон. Парвози чартерӣ тавассути Ашқобод баррасӣ мешавад
НБО Сангтуда-1: Таърифа поён, қарз бахшида, вале муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия тамдид шуд
Эълони исми ғолибони озмуни аксбардории “Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон”
Ваъдаи ним млн сомонӣ барои пайдо кардани Сабинаву Малика, ки 12 сол пеш гум шуда буданд
Қурби доллар нисбат ба сомонӣ баъди уфти чашмрас дубора боло рафт
Боздошти як гурӯҳи 5-нафара бо гумони муомилоти 180 кг маводи мухаддир
Байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ барқарор шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 1
Ба Тоҷикистон гармии шадид меояд. Дар ин рӯзҳо дар хона будан беҳтар аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста