Дар ноҳияи Данғара сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҷамъу васл ва истеҳсоли мошинҳои гуногунтамғаи зиреҳпӯш ва таҷҳизоти ҳарбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сипар Групп оғоз гардид.

Ба навиштаи хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, санги асоси ин корхона имрӯз, 16-уми май, дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ин ноҳия аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.

Масоҳати умумии майдони корхонаи саноатӣ 40 гектарро ташкил намуда, ба фаъолият оғоз намудани он имкон фароҳам меорад, то қисмате аз эҳтиёҷоти кишвар ба техникаву лавозимоти ҳарбӣ аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ бароварда шавад.

Таъкид гардидааст, ки дар ин корхона 120 сокини ноҳия бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Зимни суҳбат бо масъулини соҳа ва роҳбарияти корхона Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва намудҳои маҳсулот, ба талаботи замон мутобиқ сохтани сифати онҳо ва ҳамзамон ба роҳ мондани омӯзишу омодасозии мутахассисони маҳаллӣ ба онҳо дастуру тавсияҳои мушаххас додааст.

 

1/4

Ёдовар мешавем, ки корхонаи аввали насбу васл ва истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯши Сипар Групп соли 2023 дар шаҳри Турсунзода мавриди истифода қарор дода шуд. Дар марҳалаи аввал, бо воридоти қисмҳои ҷудогонаи техникии нақлиётӣ аз хориҷи кишвар, ҷамъкунии 17 навъи нақлиёти махсус ба роҳ монда шуд. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона ҳангоми оғоз 120 мошинро ташкил медод ва барномаи васеъсозӣ дар назар буд.

Он замон гуфте мешуд, ки мошинҳои истеҳсолшуда ба сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд. Дар оянда содироти онҳо ба хориҷ низ дар нақша буд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир қаблан зикр карда буд, ки техникҳои зиреҳпӯши истеҳсоли Тоҷикистон аз лиҳози сифат аз техникаи истеҳсоли кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон камӣ надоранд. Ба гуфтаи Кабир, ин техника бо технологияи Канада ва истифода аз масолеҳи босифат сохта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.