ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 16 МАЙ
- Имрӯз, соати 18:00 дар толори синамои “Ватан” нахустнамоиши филми бадеии “Хоби сурх” баргузор мегардад. Филм бо коргардонии Соҳибёр Толиб рӯйи саҳна омада, филмнома низ аз ҷониби ин коргардон омода шудааст. Нақшҳои асосии филми “Хоби сурх”-ро ҳунармандони шинохтаи тоҷик, Исфандиёр Ғуломзода, Меъроҷиддин Асоев, Таҳмина Раҷабова, Ғолиб Исломов, Қурбони Собир, Зарпарӣ Хушвақт ва дигарон офаридаанд.
Сюжаи филм дар бораи пирмарде қисса мекунад, ки дар ҷанги Афғонистон сарбози ҳукумати шуравӣ буд. Ӯ дар бузургсолӣ гирифтори беморӣ шуда, пас аз 2 соли бистарӣ шудан дар бемористони руҳӣ бистарӣ ва мехоҳад Иттиҳоди Шӯравиро барқарор кунад.
- Имрӯз, соати 18:00 дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон бахшида ба бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ҳамосасарои бузурги форс-тоҷик маҳфили адабӣ-фарҳангӣ доир мегардад.
- Имрӯз аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик - 165 кас барои адои маносики ҳаҷ тариқи ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парвоз мекунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 16 МАЙ
Соли 2007 – Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон Қонун “Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба қонуният бахшидани молу мулк”-ро имзо кард. Ин қонун ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ имконият медод, ки молу мулки ба таври ғайриқонунӣ бадастовардаашонро ба таври расмӣ сабт кунанд ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ озод шаванд.
Муҳлати қонуни афви маблағ ва амволи шаҳрвандон бори чаҳорум, то 5-уми январи соли 2026 тамдид шудааст.
Соли 2013 – Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи “IAAF World Challenge” дар шаҳри Белеми Бразилия медали тилло ба даст овард. Ӯ гурзро ба масофаи 78 метру 49 сантиметр ҳаво дод.
Соли 2018 – Марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Беларус- ҶСП “Агротехсервис” дар шаҳри Ҳисор ифтитоҳ гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1903 – Зодрӯзи Шоҳназар Соҳибов, оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон.

Шоҳназар Соҳибов дар шуъбаҳои вокалӣ ва созии Техникуми мусиқии Бухоро таҳсил намуда, фаъолияташро дар ҳамон ҷо ба ҳайси омӯзгор оғоз кардааст. Баъдан дар Институти мусиқии Самарқанд таҳсил карда, як муддат роҳбари мусиқии театри мусиқӣ-драмавӣ буд ва аз соли 1933 дар Театри мусиқӣ-драмавии Бухоро ба ҳайси роҳбари мусиқӣ фаъолият кард.
Ӯ соли 1948 ба Душанбе омада, дар Филармонияи давлатии тоҷик ҳамчун роҳбари мусиқӣ ва бадеӣ ва баъдан дар Хонаи ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ фаъолият кардааст.
Сурудҳои “Дар ҳаваси рӯи ту”, “Шарқи озод”, “Дар водии зарнисори колхоз” аз таронаҳои маъруфи ӯянд. Ҳамчун донишманди маъруфи мусиқии мардумӣ ва классикӣ Шоҳназар Соҳибов якҷоя бо Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев Шашмақомро бори нахуст ба шакли нота сабт намуданд.
Соли 1932 – Мавлуди Абдулло Яъқубов, доктори илмҳои тиб, профессор.
Соли 1964 – Мавлуди Пирмаҳмад Нуров, истилоҳшинос, доктори илмҳои филологӣ.
Соли 1999 – Зодрӯзи Зинҳор Насрӣ, барномасози ҷавон, ҳаммуассис ва мудири ширкати фанноварии “Navju”.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии рӯшноӣ ҷашн гирифта мешавад, ки онро ЮНЕСКО таъсис додааст. Ин рӯз ба нақши рӯшноӣ дар зиндагии инсон бахшида шудааст. Маҳз 16-уми майи соли 1960 аввалин маротиба лазер муаррифӣ шудааст.

Ҳадафи ҷашн таблиғи нақши рӯшноӣ ва технологияҳои рӯшноӣ дар илми муосир, рушд бахшидан ба таҳсил ва илмҳои марбут ба рӯшноӣ, инчунин татбиқи натиҷаҳои ин соҳа дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Рӯзи байналмилалии ҳамзистии осоишта низ 16 май таҷлил мешавад. Онро Маҷмаи умумии СММ бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сулҳ, таҳаммул, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамраъйии мардуми дунё таъсис додааст.

Ҳамзистии осоишта маънои эътирофи гуногунандешӣ, тавоноии шунидан, дарк кардан, эҳтиром ва қадршиносии дигарон, инчунин зиндагӣ дар сулҳу осоиш аст.
Имрӯз Рӯзи биографҳо, яъне нафароне, ки ба омӯзиш ва навиштани тарҷумаи ҳоли нафарони маъруф машғуланд, таҷлил мегардад.
Дар ҳамин рӯз Сэмюэл Ҷонсон, шоир, нависанда ва мунаққиди англис бо Ҷеймс Босуэлл, нависандаи тарҷумаи ҳолаш аввалин маротиба мулоқот кардааст. Онҳо соли 1763 дар яке аз дӯконҳои китобфурӯшии Лондон вохӯрданд. Натиҷаи ин мулоқот нашри асари дуҷилди “Зиндагиномаи Сэмюэл Ҷонсон” (1791) аст, ки аз назари бисёре аз адабиётшиносон бузургтарин тарҷумаи ҳол дар таърихи адабиёти англис ба шумор меравад.

16 майи соли 1881 дар канори шаҳри Берлин - байни маҳаллаи Лихтерфелд ва бинои Корпуси кадетӣ аввалин трамвайи барқии ҷаҳон ба фаъолият оғоз кард. Ин рӯйдод оғози расмии ҳаракати мусофиркашонӣ тавассути роҳи оҳани барқӣ ба шумор меравад, ки барои аввалин бор аспу аробаҳоро бо воситаи нақлиёти муосир иваз намуд.

Трамвай бо суръати тақрибан 30 км/соат ҳаракат мекард ва дар давоми се моҳи аввал зиёда аз 12 ҳазор мусофирро интиқол дод. Ин василаи нақлиёт, мисли аввалин электровоз, бо нерӯи барқе фаъол буд, ки аз худи роҳи оҳан ба муҳаррик мерасид. Навъҳои такмилёфтаи он бо симу ноқил ва нӯги ҷараёнгиранда (контактная дуга) то соли 1890 сохта ва истифода шуданд.
Дар нимаи дуюми асри XIX ҳаракати нақлиёт дар маркази Берлин торафт душвортар мешуд. Дар ҳамин шароит муҳандис ва ихтироъкори машҳур Вернер фон Сименс, роҳбари ширкати барқии он замон пешниҳод намуд, ки хати мусофирбарии барқӣ сохта шавад. Баҳори соли 1879 Сименс аввалин роҳи оҳани барқии таҷрибавиро намоиш дод, ки аз як электролокомотив бо чанд вагон иборат буд. Ин ихтироъ дар ҷаҳон вокуниши васеъ ва сенсатсия ба бор овард.
Дар ИМА 16 майи соли 1929 аввалин маросими супоридани ҷоизаи “Оскар” - ҷоизаи миллии Академияи синамои Амрико баргузор гардид. Маросим дар меҳмонхонаи “Рузвелт” (Roosevelt Hotel) дар Ҳолливуд доир шуда, ҳамагӣ 15 дақиқа тӯл кашид ва дар он тақрибан 270 нафар иштирок доштанд. Ҷоизаҳоро дар он вақт “Academy Award of Merit” меномиданд ва номи “Оскар” танҳо баъдтар, соли 1934 расман маъмул шуд.

Дар аввал, номи ғолибон пешакӣ маълум мешуданд ва онҳо тақрибан се моҳ қабл ба матбуот фиристода мешуданд, то ҳамзамон бо маросим нашр шаванд. Вале соли 1940 рӯзномаи Los Angeles Times натиҷаҳоро ду соат пеш аз оғози маросим чоп кард. Дар натиҷа аз соли 1941 ба ин сӯ система бо лифофаҳои муҳрзада (sealed envelopes) ҷорӣ карда шуд, ки то замони эълон махфӣ мемонанд. Имрӯз “Оскар” ҷоизаи бонуфузтарини синамо дар ИМА ва яке аз шӯҳратмандтарин ҷоизаҳои ҷаҳонии синамо ба шумор меравад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 16 МАЙИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 24+29º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 37+42º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 28+33º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 29+34º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 14+19º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 26+28º гарм.
"Бо сухан сурат кашид!". Маҳфили адабӣ ба ифтихори 80-солагии шоир Ҳабибулло Файзулло дар Ховалинг
Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?
“Худо Эрони азизи моро дар паноҳаш нигаҳ дорад”. Сокинон Тоҷикистон ба даргирӣ миёни Исроилу Эрон чӣ назар доранд?
Кӯдаконро дар кадом истироҳатгоҳ ва бо чӣ шарту шароит метавон ба фароғат фаро гирифт?
Боздошти як зодаи Тоҷикистон баъди тақдими гувоҳнома барои хариди хона дар Русия
Мушакпартоиву бомбандозӣ ва аввалин гуфтугӯ дар Женева. Нӯҳумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон
Қаҳрамонҳо баргаштанд. Пешвози бошукӯҳи ҷудокорони тоҷик аз Қаҳрамонии ҷаҳон-2025
Дар Тоҷикистон давоми 5 моҳ барои “дуздӣ”-и барқ 130 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 июни соли 2025
Кӯдакон дар куҷо машқи футбол кунанд? Суроға ва рақами тамоси мактабҳои футбол дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста