Ду тани дигар аз маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ”-ро, ки бо ҷурми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” айбдор шуда буданд, аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ба зиндони шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд. Пештар се маҳкумшудаи дигари ин парвандаро ҳам ба зиндони шаҳри Ваҳдат бурда буданд.

Ба гуфтаи яке аз пайвандони маҳкумшудагон, рӯзи 15-уми май Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини собиқи раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини як раёсати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба калонияи 3/2-и зиндони шаҳри Ваҳдат бурдаанд.

Аҳмадшоҳ Комилзода барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият бо истифода аз мақоми хизматӣ (моддаи 306, қисми 2, банди “в”) гунаҳкор дониста шуда, 19 сол зиндонӣ гардидааст.

Абдулфайз Атоӣ бошад, барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият (моддаи 306, қисми 1), сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, бо маслиҳати пешакӣ (моддаи 340, қисми 2) ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (моддаи 38 (1), қисми 2, банди “б”) гунаҳкор дониста шуда, 17 сол равонаи зиндон шудааст.

Ҳукми онҳо рӯзи 5-уми феврали соли 2025 эълон гардид ва каме баъд Додгоҳи олӣ дар нишасти матбуотӣ ҷурми маҳкумшудагонро расман эълон кард. Онҳо аз замони боздошт то кунун дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) нигоҳ дошта мешуданд.

Мақомот дар бораи интиқоли онҳо ба зиндон расман иттилоъ надодаанд.

 

Боздошти чеҳраҳои сиёсат кай ва чӣ гуна оғоз шуд?

Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Додситони кул ӯро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ гунаҳкор кард.

Баъдтар, дар доираи ин парванда яке паси дигар чеҳраҳои шинохта, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Нураҳмад Ғанизода ва Ҷамшед Бобоев боздошт шуданд.

Мурофиаи додгоҳии ҳамаи онҳо дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе ва бидуни иштироки пайвандон ва намояндагони расонаҳо баргузор шуд.

Ҳукми онҳо рӯзи 5-уми феврали соли 2025 эълон гардид ва каме баъд Додгоҳи олӣ дар нишасти матбуотӣ ҷурми маҳкумшудагонро расман эълон кард.

Ҳамаи маҳкумшудагон аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурданд, вале ҳукми онҳоро додгоҳи марҳилаи таҷдиди назар бетағйир гузошт.

Аз миёни маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” нахустин шуда, рӯзи 22-юми апрел Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори ҷавони тоҷик ва модари ду кӯдаки ширхораро аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ба зиндони занонаи шаҳри Норак интиқол дода буданд.

Баъдтар, ба иттилои Радиои Озодӣ, рӯзи 8-уми май Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ду тани дигарро аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ба яке аз зиндонҳо интиқол дода буданд. Ба эҳтимоли зиёд, “ду тани дигар” Нураҳмад Ғанизода ва Ҷамшед Бобоев, ҳарду сарҳангҳои бознишастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳастанд.

Ба иттилои манобеи “Азия-Плюс”, рӯзи 15-уми май Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили собиқи парлумон, Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳам ба калонияи 3/1-и зиндони шаҳри Ваҳдат интиқол шуда буданд.

Дар бораи ин парванда дар матлаби зерини “Азия-Плюс” бештар маълумот пайдо кунед. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.