Лоиқ Шералӣ, сухансарои бузурги тоҷик агар имрӯз дар қайди ҳаёт мебуд, 84-ум баҳори умрашро истиқбол мегирифт. Аммо 25 сол пеш, замоне ки ҳанӯз дар саргаҳи шасти камолот буд, бо дунёи эҷоду тазод ва ошиқони калому ҳарфаш хайрбод гуфту ба абадият пайваст. Мадфани ин шоири шаҳир имрӯз дар оромгоҳи Лучоб зиёратгоҳи аҳли форсизабонони дунёст.
Ду мисраъ катибае, ки дар санги мазораш дарҷ шудааст ва аз офаридаҳои худи ӯст, инсонро ба андешаи маргу зиндагӣ мебарад:
Дар рӯи замин намонд маъман,
Эй гӯр, дуруд бодат аз ман.
Устод Лоиқ ба унвони як шахси хокӣ мудом дар андешаи маргу зиндагӣ будааст ва то дараҷае умқи фалсафаи ҳаёт, яъне “маргу зиндагӣ”-ро бо тамоми ҷузъиёташ дарк намуда буд, ки ҳамеша ва хусусан баъди даргузашти модараш дар силсилашеърҳои “Модарнома” аз сафари инсоният ба олами фонӣ ва бо марг рӯбарӯ шудани ҳар як инсон шеърҳо гуфтааст:
Ту азбаски малак будӣ дар ин дунё, дар он дунё,
Худо омӯрзгорӣ ту, малоик низ ёри ту.
Ту бо пурсандаҳо он ҷо мадоро кун барои ман,
Ба уммеде, ки оям низ рӯзе бар канори ту.
Ин мавзуи доғ, ки тамоми башарият ва равияҳои диниро ба такон овардааст, Лоиқи бузурворро низ бетараф нашгузоштааст ва ӯ дар уқёнуси фалсафаи беканори маргу зиндагӣ шино карда, тамоми паҳлуҳои онро дар эҷодаш тасвир кардааст.

Ман аз мурдан наметарсам,
Ман аз мурдор метарасам.
Ҷаҳон бозори ҷанҷолист ,
Ман аз ин бозар метарсам.
Яке аз мавзуъҳои дигаре, ки дар эҷоди ӯ фаровон ба назар мерасад ва майли ӯ ба ин мавзуъ бештар ба мушоҳида мерасад, васфу ситоиши модар ва заҳматҳои ӯст. Аз ин ҷост, ки маҳз бо шеъри “Ба модарам” ба узвияти Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.
Лоиқе, ки бачагӣ ва овони ҷавониаш аз зодгоҳаш деҳаи Мазори Шариф сарчашма мегирад, бузургии модарро амиқ дарк карда, тавонистааст симои ботинию зоҳирии модарони тамоми оламро дар симои як модари деҳотию кӯҳистонӣ, модари азизаш Бибизаҳро офарад. Ӯ модарро мояи тамоми тори пуди зиндагӣ ва мавқеи иҷтимоии хеш медонист:
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдодӣ ман ту будӣ.
Аё модар, ба ин сон бесаводӣ,
Нахустин устоди ман ту будӣ.
Лоиқ симои ҳаққонӣ, воқеӣ ва олами ботинӣ ва зоҳирии модарро бо тамоми ҷузиётҳои зиндагӣ, асолати офарандагиаш,орзуву умед, аллаҳои сеҳрангез, бедорхобиву ранҷу азобҳо, ормонҳои дунёи умед, дасти дуову сахо, пешвозу гуселаш офарида, гуё муҷассамаи ҳақиқии модарони ҳар яки мову шуморо ба тасвир кашидааст. Ин дилбастагӣ буд, ки рӯзи видои модар барояш бисёр сангин буд.

Лоиқ Шералӣ дар шеърҳояш ба гавҳари ягонаи олами вуҷуд - инсон ва алқамандии он ба адабиёт, ки сарчашмаи одобу ахлоқ аст, диққати махсус додааст. Ӯ арзишҳои волои инсонӣ, ахлоқи накӯ, одаму одамигарӣ, дӯстиву рафоқат, одамият, яъне иҷрои рисолати одамиро ситоиш кардааст. Аҳамияти тарбиявӣ ва ахлоқии адабиётро худи Лоиқ чунин шарҳ дода буд:
“Адабиёт одами фардоро парвариш месозад. Адабиёт илми хештаншиносӣ, миллатшиносӣ, меҳаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва ҷаҳоншиносист. Адабиёт меросдор, дирӯзи таърих, оинаи имрӯзи таърих ва роҳкушои фардои таърих аст”, - гуфта буд ӯ.
“Диламро бо Ватан пайванд кардам”
Мавъзуҳои ватану ватандӯстӣ, забону миллат низ дар ашъори Лоиқ мақоми махсус дорад. Ӯ ҷое ишора намудааст, ки ҳама сухану каломаш пайванд бо Ватан аст:
Суханро бо сухан пайванд кардам,
Диламро бо Ватан пайванд кардам.
Лоиқ Шералӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ шоҳиди он ҳама кашмакашу ҷангу фитнаҳо буд ва ин ҳаводисро дар тарозуи ақлу хирадаш бармекашиду хуни дил хӯрд. Ҳеҷ бовараш намеомад, ки барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ дар байни ҳамиллатонаш то ин андоза ғаразу кина, беадолативу бераҳмӣ маскан гирифтааст. Ин ҳама дар назари шоир теша задан ба бехи решаи миллату давлат ва забони ноби модариаш буд ва шоир ин рӯзҳоро вазнинтарин рӯзҳои зиндагиаш донистааст.

Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам,
Бӯдӣ байтулшарафам, гаштаи байтулхазонам.
Гирям аз он ки ту танҳоиву ман танҳотар,
Ватанам о ватанам, о ватанам, о ватанам.
Хушбахтона оташи ҷанг хомӯш гардид ва 27 июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид, ки ин кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандагӣ нигоҳ дошт. Шеъре, ки Лоиқи бузургвор дар ин рӯзҳо иншо намуд, дар таърихи миллату давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои зарин сабт гардидааст:
Раҳми парвардигории мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Дифоъ аз забону миллат
Мувофиқи гуфтаи “Ҳар кӣ қалам бардорад, бар дӯш бори гарон дорад”, Лоиқ низ бори маънавии миллатро ба дӯш дошт ва ин маншаву ҷавҳари эҷоди ӯ буда.
Ӯ аз минбарҳо барои дифои забони тоҷикӣ садо баланд карда, нидо кард, ки ба забони тоҷики мақоми давлатӣ дода шавад. Ӯ, ки то охири умр Раиси Бунёди забони тоҷикӣ буд, барои пойдорӣ ва покии забон дар баробари эфоди шеър як қатор мақолаву рисолаҳо таълиф кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфта, ки “Забон дирӯз, имрӯз ва фардои халқ, шиносномаи миллат дар масири таърих буда ва ҳаст”.

Устод Лоиқ ҳамеша барои тозагии забони тоҷикӣ ва побарҷо нигоҳ доштани он талош меварзид ва поси онро ҳушдор медод:
Забони модаронро пос дорем,
Ки аз модар варо мерос дорем.
Лоиқ фарде буд, ки “сӯзи миллатро фаро мегирифт”. Ӯ дар ҳошияи китоби “Хуросон аст ин ҷо”-и донишманди маъруфи шинохтаи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ чунин оварда буд: “Мегӯянд, ки маъданшиносони тоҷик аз қаъри кӯҳҳои Тоҷикистон унсурҳое кашф карданд, ки дар радифи унсурҳои ҷадвали даврии Менделеев аст. Эй кошу сад кош унсурҳои мисли фарри ориёӣ, нангу номуси миллӣ, ифтихор аз худу аз миллат, забон ва фарҳангӣ худ, миллатпарастӣ, бародарнавозӣ, хайрхоҳӣ ба ҳамдигар, ҷавонмардӣ, ашрофият кашф мекарданд, ки аз нону об ҳам бештар ба дарди миллати мо мехӯранд”.
Имрӯз чунин ба назар мерасад, ки киштии зиндагии имрӯзи башар аз маънавиёт ранҷ кашида, ба изтиробу ташвишҳо фарогир шудааст. Ва ба ҳубби дунё ғарқ шудан дорад. Лоиқ хоксор омада, хоксор зиста, хоксор рафт, парвои молу сарват накарду ягона шиори зиндагиаш худсӯзӣ ва худафрӯзӣ барои дифои ҳуввияти миллат буда ва ҳаст.
Офаридаҳои Лоиқ ба як боғи калони дорои гулҳои рангоранги шукуфтаву навруста шабоҳат дорад, ки рангу шакли ба худ хос ва бӯи муаттареро дорост.
То даме, ки навиштҳои Лоиқро модар дар аллааш, падар дар пандаш, омӯзгор дар сабақаш, ромишгар дар сурудаш, ровӣ дар базмаш, ғариб дар ёди Ватанаш, олим дар рисолааш, боғбон дар сайри боғаш, усто дар нақшу нигораш, май дар соғараш, қабр дар катибааш, модар дар дуояш гуфтаву хонда, сароидаву сутудааш истифодаву парастиш мекунад, Лоиқ ҳамеша бо номи хеш зиндааст!
Ман баъди ҳамаи завол меоям боз,
Чун мурғи хуҷҷастафол меоям боз.
Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,
Ман баъди ҳазор сол меоям боз.
Марги декани пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар боздоштгоҳ баъди эълони ҳукми додгоҳ
Даргирӣ миёни Телавив ва Теҳрон давом дорад. Дар Исроил ва Эрон чӣ мегузарад?
Лағви чанд парвоз аз Тоҷикистон ба Эрон. Парвози чартерӣ тавассути Ашқобод баррасӣ мешавад
НБО Сангтуда-1: Таърифа поён, қарз бахшида, вале муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия тамдид шуд
Эълони исми ғолибони озмуни аксбардории “Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон”
Ваъдаи ним млн сомонӣ барои пайдо кардани Сабинаву Малика, ки 12 сол пеш гум шуда буданд
Қурби доллар нисбат ба сомонӣ баъди уфти чашмрас дубора боло рафт
Боздошти як гурӯҳи 5-нафара бо гумони муомилоти 180 кг маводи мухаддир
Байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ барқарор шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста