Имрӯз, 20-уми май, зодрӯзи шахсиятест, ки рамзи бедории тоҷикон ва виҷдони миллат шинохта шудааст. Лоиқ Шералӣ - Шоири халқии Тоҷикистон, чеҳраи барҷастаи адабиёти муосири тоҷик, бедоргари ҳисси миллӣ ва ҳувияти таърихии тоҷикон, шахсияте, ки дар бӯҳронитарин давраи таърихи навини Тоҷикистон - даврони ҷанги шаҳрвандӣ - дар торикӣ чун шамъе фурӯзон дурахшид.
Шоире, ки дар тамоми даврони эҷодиаш барои бедории миллӣ ва худшиносии тоҷикон талош варзид, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба як чеҳраи барҷастаи миллӣ ва намоди муқовимати маънавӣ табдил гашт. Ин даврони эҷодӣ дар осори ӯ ба қуллаи баланди андеша, қудрати сухан ва эҳсосоти барҷастаи ватандорӣ расид.
Ашъори ин даврааш, ки дар маҷмӯаи “Фарёди бефарёдрас” гирд омадааст, фарёди шоирест, ки аз ҷангу хунрезии миллаташ месӯхт ва бо шеърҳои оташбор, хитобаҳои ҷонсӯз ва мавқеъгириҳои ҷасурона дар роҳи наҷоти миллати худ талош меварзид.
Ба муносибати милодаш мо талош кардем аз Лоиқи солҳои 90-ум гӯем ва дардҳои шоирро бо истифода аз ашъораш рӯйи саҳфа орем.
Шоире дар гирдоби фоҷиа
Фоҷиаи солҳои 90-ум дар Тоҷикистон қалби ҳассоси устод Лоиқ, шоиреро, ки ба шарофати офаридаҳояш баёни тафаккури миллӣ дар адабиёти тоҷик нуфуз пайдо кард, сахт маҷрӯҳ сохт. Осори ин давраи шоир саросар лабрези ҳасрату дард аст - аз хориву забунии миллати тоҷик, аз хештанношиносӣ, аз тақсим шудан ба маҳалҳо, аз харобаҳои кишвар, аз он ки ин сарзамин ба кушторгоҳ табдил ёфтааст.

Ҷасорати сутудании шоир дар он буд, ки дар баробари бисёре аз рӯшанфикрон ва адибон, ки ё тарки Ватан карданд, ё хомӯширо ихтиёр намуданд ва ё ба тарафи гурӯҳҳои муайян гузаштанд, дар миёни хун ва оташ бо қудрати қалам истодагарӣ кард ва бо сари баланд эълон дошт – танҳо ва танҳо дар канори халқ мемонаду бас: Ҷон канад беҳ он касе, к-аз халқи худ дил кандааст!
Воқеан ҳам, дар ин давра, ба қавли профессор Абдунабӣ Сатторзода, ки аз дӯстони қарини шоир буд, намояндагони майдонҳои “Шаҳидон” ва “Озодӣ” зиёд талош карданд, ки устод Лоиқро ба ҷабҳаи худ, ба сари минбари худ оранд, вале “ӯ мавқеи равшани худро дошт!”.
Ба фикри мо, шоир худро вазифадор медонист, ки дар таърихитарин лаҳзаҳои миллати тоҷик ҳамроҳи халқи заҷркашидааш бошад ва тавонист дар ин давра виҷдони бедори миллаташ гардид. Ин мавқеи устод Лоиқ дар шеъраш ҳам равшан инъикос ёфтааст:
На ёри “Шаҳидон” на “Озодӣ”-хоҳ,
На бо ин сипоҳу на бо он сипоҳ,
Миёни ду дунё манам рӯсафед,
Миёни ду майдон манам рӯсиёҳ.
Дар ин даҳсола устод Лоиқ бо ашъор ва мавқеъгириаш ба сухангӯи мардуме табдил шуд, ки сарзаминаш аз маҳалгароӣ ва бозиҳои сиёсӣ пора мешуд. Дар ин робита профессор Сатторзода ҳам мегӯяд, “устод Лоиқ “ровии армони халқаш” буд”.
Хусусияти аҷиби шахсияти устод Лоиқ дар он аст, ки нисбати дӯстони худ, ки дар гирдоби сиёсӣ ба ҷабҳаҳои гуногун тақсим шуданд, кина нагирифт. Сатторзода таъкид мекунад: “Лоиқ дар асл ҳам бо зиндаёд Отахон Латифӣ, ҳам бо Ҷӯрабек Муродов, ҳам бо Давлати Худойназар ва ҳам бо ман, ки дар сафи нерӯҳои демократӣ будем, муносибаташро дигар накарда буд”.
Дар воқеъ, дар тамоми муддати ҷанги шаҳрвандӣ, дар ҳоле ки даҳҳо сиёсатмадорону фарҳангиёну зиёиён тарки Ватан карданд, устод Лоиқ натанҳо ҳиҷрат накард, ҳатто бештари вақташро дар Душанбе - дар миёни обу оташ ва хун, ки ҳар лаҳза эҳтимол дошт ҷонашро аз даст диҳад, боқӣ монд.
Бо ҳама ашку хуну тиру туфанг
Чӣ кунам, к-ин замин диёри ман аст!
Воқеан ҳам, Лоиқ Шералӣ дар ин даҳсола на танҳо шоир, балки инсони огоҳ, виҷдондор ва бошаъну шараф буд, ки бо миллакушӣ аланӣ мубориза бурд ва ҳамвора ба ваҳдат ва якпорчагии миллат давъат мекард.

Оҳанги ҳузн, хашм ва умед дар шеъри солҳои 90-и Лоиқ
Шеъри солҳои навадуми устод Лоиқ аз назари рӯҳия, мавқеъгирӣ ва услуби шеърӣ дигаргунӣ ва амиқии хосеро пайдо мекунад. Дар ин давра, шоир ашъори саросар оғушта ба дарди миллат меофарад ва дар шеъри ин даврааш катибаҳо, баёнияҳо, илтиҷоҳо ва хитобаҳо нақши калидиро мебозанд.
Забон ва оҳанги шеъри устод Лоиқ инъикосгари вазъи забуни миллат ва эҳсосоти худи шоир дар гирдоби ҷанг аст: гоҳе фарёдҳои ноумедона, гоҳе нолаҳои ҷонкоҳ, гоҳе хитобаҳои муҳаббатомез, гоҳе танқиди тезу тунди сиёсатмадорон ва гоҳе нидоҳои умедбахш барои ваҳдати миллат.
Устод Лоиқ дар ин давра бештар ба ибораҳои сиёсӣ, рамзӣ ва хитобӣ рӯ меорад ва ба қолаби маъмулии ғазалу рубоӣ муҳтавои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ворид мекунад.
Эй пора-пораҳо дар кӯҳпораҳо,
Камшӯру камшуур, эй бешарораҳо...
Садрангии шумо якранг кай шавад?
Оқилқиёфаҳо, ҷоҳилназораҳо!
Дигар замон гузашт, боре зи баҳри халқ
Як зарра ғам хуред, эй меъдабораҳо!
Дар шеъри дигаре ҳаннотон ва фурсатталабони сиёсатро, ки аз “хуни миллат фоида мебурданд”, ба зери тозиёнаи сухан мегирад:
Ин сагдилон, ки хидмати айём мекунанд,
Бо ваъда халқи содаро ором мекунанд.
Балъида ҳаққи халқро ҳамчун наҳанги ҳор,
Худро наҷотбахши халқ эълом мекунанд...
Аз лутфу меҳрубонии ишон чӣ ҷои ҳарф?
Бо дасти халқ халқро эъдом мекунанд!
Шоир дар бораи равшанфикрони замонаш ҳам, ки нақши онҳо дар пешгирии фоҷиаи миллӣ ночиз буд, бо алам менависад:
Равшангаромон ноаҳлу кӯранд,
Наздикҳомон аз хеш дуранд....
Эй вой бар ман, эй вой бар мо!

Мавсуф дар шеъри дигаре амалкарди ҳам сиёсатмадорон ва ҳам сиёсатмаобонро мавриди накӯҳиш қарор дода, ҳушдор ҳам медиҳад:
Беғам ҳама ғамхорҳо, бесар ҳама сардорҳо,
Аз ваъда пур толорҳо, холӣ ҳама анборҳо...
Хушкида оби рӯйҳо, гандида оби ҷӯйҳо,
Пӯсида наъши одамӣ дар чолаҳо, дар ғорҳо.
Оҳангашон ҳанги хару фарҳангашон банг асту ҷанг,
Симои миллат зишт шуд аз зиштии кирдорҳо.
Фарёдҳо, афсӯсҳо аз марги созу сӯзҳо!
Вовайлато, воҳасрато аз марги нангу орҳо!
Лоиқ Шералӣ, ки эҳсоси баланди ҳувият ва худогоҳии миллӣ дошт, вале дар айёми ҷанги шаҳрвандӣ басо сахт “аз тоҷикон зиндаҷудо” интиқод карда, ҳатто аз рӯйи сӯзу алам тоҷикро миллат нахонда ва бо умеди бедор кардани ғурури миллӣ мегӯяд:
Гаҳе дар ҳасрати ваҳдат гиристам,
Гаҳ аз хорию аз зиллат гиристам.
Чу донистам, ки тоҷик нест миллат,
Ба иллатҳои ин миллат гиристам.

Дар воқеъ, ҳолдонҳо мегӯянд, ки устод Лоиқ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ барои ояндаи миллат воқеан сахт гиря мекард, вақте дардҳои ботиниашро бо шеър иброз мекард, вале дилаш қарор намегирифт, бонги изтироб мезад.
Дили ман, эй дили бечораи ман,
Дили ғампарвару ғамхораи ман,
Туро сад пора хоҳад кард охир
Ғами ин миллати садпораи ман.
Мақоми миллии Лоиқ Шералӣ дар замони азбайнравии арзишҳо, ҷанг ва бебандуборӣ басо барҷаста эҳсос мешавад ва гуфта метавонем, ки шоир ашъри пурмазамматашро маҳз дар ин давра гуфтааст. Аммо худи устод дар “Сӯҳбати мардона” иқрор мешавад, ки аз чопи бисёр ашъори дар замони ҷанги шаҳрвандӣ навиштааш худдорӣ кардааст:
Ҳарфе зи Ватан гӯӣ, тират ба даҳан ояд,
Ин ҷо на ватангоҳу на ҷои ватанхоҳ аст.
Ҳарчанд ворисони шоир мегӯянд, ки ҳамаи ашъори устод дар қуллиёташ ворид шудааст, вале бархе огоҳон бар ин назар ҳам ҳастанд, ки бисёр шеърҳои пурдарду пуралам ва сахтгуфтаҳои Лоиқ ҳанӯз ба чоп нарасидааст.

Лоиқ - аввалин шоири сулҳсаро
Бо ин вуҷуд, Лоиқ Шералӣ дар фоҷиаи миллӣ на танҳо мазаммат мекунад, балки роҳи илоҷи дарди миллатро ҳам пешниҳод месозад:
Илоҷи иллати носури миллат
Ба ҷуз ваҳдат, ба ҷуз ваҳдат набошад!
Ӯ худро вазифадор медонист, ки дар тарафи Ватан ва миллат бимонад, ҳатто ба қимати ҷони худ.
Ҳама тире, ки андар тирдон доред,
Ба қалби ман бияндозед...
Валекин ҷони мардум дар амон бошад.
Лоиқ Шералӣ дар миёни тамоми аҳли фарҳанг ва аҳли қалами тоҷик аз аввалин ва пурмуҳаббаттарин истиқболкунандагони сулҳи тоҷикон буд. Мавсуф сулҳро на як воқеаи хушки сиёсӣ, балки наҷоти виҷдон, эҳёи миллат ва бозгашти умед ба Тоҷикистон мешумурд. Ӯ дар ҷашни ваҳдат ва бозгашти гурезагон ба Ватан бо сарфарозӣ эълом мекард:
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад!
Ва боз мегуфт:
Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик!

Шоирро дарди миллат кушт
Имрӯз бо ифтихор метавонем бигӯем, ки Лоиқ Шералӣ бо шеър, бо андеша ва бо амалаш садои виҷдон, бонги бедории миллат дар солҳои душвортарини таърихи муосири тоҷикон буд ва ҳамеша хоҳад монд.
Ғурури миллӣ ва худшиносии Лоиқ Шералӣ ӯро дар замони ҷанги бародаркуш басо ранҷ дод ва дар ин фоҷеаи миллӣ шоир пурдардтарин зиёии тоҷик маҳсуб мешуд. Он гунае ки худ орзу мекунад, кош ҳар як тоҷик баҳри истиқлол, якпорчагӣ ва фардои миллат лоиқона бисӯзад:
Дар раҳи фардои миллат
Камтарин тоҷик агар сидқан бисӯзад,
Бо сару савдои миллат
Кошкӣ, эй кошкӣ чун ман бисӯзад!
Маҳз ин сӯхтанҳо буд, ки устод Лоиқ ҳамчун виҷдони ҳамешабедори тоҷикон дар таърихи адабиёт ва фарҳанги миллӣ шинохта шуд. Аммо дар ин баробар ин дардҳову ранҷҳо солҳо умри шоирро рабурд ва ӯро ба бистари беморӣ кашонд.
Ба гуфтаи Ортиқ Қодир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки солҳо дар канори шоир буд, “устодро воқеан ҳамин дарди миллат то бистари марг бурд ва бояд ки дар дардномаи устод, яъне дар “диагноз”-и ӯ навишта мешуд: “Дарди миллат кушт!”.
Марги декани пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар боздоштгоҳ баъди эълони ҳукми додгоҳ
Даргирӣ миёни Телавив ва Теҳрон давом дорад. Дар Исроил ва Эрон чӣ мегузарад?
Лағви чанд парвоз аз Тоҷикистон ба Эрон. Парвози чартерӣ тавассути Ашқобод баррасӣ мешавад
НБО Сангтуда-1: Таърифа поён, қарз бахшида, вале муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия тамдид шуд
Эълони исми ғолибони озмуни аксбардории “Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон”
Ваъдаи ним млн сомонӣ барои пайдо кардани Сабинаву Малика, ки 12 сол пеш гум шуда буданд
Қурби доллар нисбат ба сомонӣ баъди уфти чашмрас дубора боло рафт
Боздошти як гурӯҳи 5-нафара бо гумони муомилоти 180 кг маводи мухаддир
Байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ барқарор шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста