ЧОРАБИНИҲОИ 20 МАЙ
- Имрӯз соати 18:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов ба хотири бузургдошт ва ёди Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат намоиши “Шабе дур аз ватан” дар коргардонии Нозим Меликов ба саҳна гузошта мешавад.
- Имрӯз соати 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Озарбойҷон дар Тоҷикистон намоишгоҳи “Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон” ифтитоҳ мегардад. Дар он намунаҳои нодири ҳунару санъати Осорхонаи миллии Озарбойҷон, аз ҷумла “Мирзо Қодири Эривонӣ: дар буриши услубҳои шарқӣ ва аврупоии ҳунар”, ҳунарҳои мардумии суннатии Озарбойҷон, намоиши аксҳо таҳти унвони “Қарабоғ: хотираи мероси миллӣ” ва намоиши мӯд доир мегардад.
- Инчунин, имрӯз соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳангии Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 20 МАЙ
Соли 1991 – Бо қарори Шӯрои Олии СССР сафари шаҳрвандони шӯравӣ ба хориҷа осон шуд.
Соли 2010 – Дар ду нуқтаи шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ (Истаравшан ва Чоруқ) ситонидани маблағ расман оғоз ёфт.
Соли 2019 – Дар фурудгоҳи Душанбе утоқи махсуси пулиси сайёҳӣ ташкил шуд.

Соли 2020 – Дар шаҳри Душанбе чаҳор беморхонаи муваққатӣ барои табобати гирифторони бемории коронавирус боз шуд.
Соли 2020 – Тақрибан 60 коргари чинӣ дар шаҳраки Зарнисор (пештар Табошар) дар вилояти Суғд, ки дар як ширкати муштараки Тоҷикистону Чин фаъолият мекарданд, эътироз карданд. Коргарон талаб доштанд, ки ба онҳо иҷозати бозгашт ба Чин дода шавад, зеро бо сабаби баста шудани марзҳо дар натиҷаи пандемияи COVID-19 онҳо наметавонистанд ба ватан баргарданд. Пулиси Тоҷикистон барои пароканда кардани эътирозгарон тирҳои ҳавоӣ истифода бурд. Дар натиҷаи ҳодиса ягон нафар захмӣ ё кушта нашудааст.
Соли 2020 – Ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” аз Маскав ба Душанбе 213 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз Русия ихроҷ шуда буданд ва ҳамчунин ҷасади 28 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Русия фавтида буданд, интиқол дод. Инчунин маводи тиббӣ ва таҷҳизоти муҳофизатиро, ки аз ҷониби ҳамватанони мо дар Русия харидорӣ шуда буданд, ба Тоҷикистон овард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1929 – Мавлуди Ғоибназар Паллаев, сиёсатмадор, раиси раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.
Соли 1929 – Мавлуди Абдумаҷид Қодиров, таърихнигор, доктори илми таърих, профессор.
Соли 1932 – Зодрӯзи Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон.

Муъмин Қаноат дар баробари ин ки яке аз шоирони тавонои тоҷик буд, аз поягузорони шеъри нав ва ҳомиёни андешаи миллӣ дар адабиёти муосири тоҷик дониста мешавад.
Устод Қаноат, ки аз пешгомон ва ё ба таъбири Беҳруз Забеҳуллоҳ “сангарнишинони сангари номуси миллат” буд, дар солҳои 60-уми асри гузашта бо овардани андешаҳои миллӣ, руҳи миллигаройӣ ва ҳувияти миллӣ ба адабиёти муосири тоҷик таҳаввул ворид кард ва равияи фикриву гиройишии наверо дар ин адабиёт бунёд гузошт.
Устод Қаноат баъди Айнӣ ва Улуғзодаву Турсунзода аз касоне буд, ки бо офаридани осори гаронарзиш адабиёти шӯравии тоҷикро аз маҳдудаи Тоҷикистон ба сатҳи Шӯравӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ баровард. Эшон аз касонест, ки ҳамаи пешрафту ифтихори адабиёт ва ҳаракати равшанфикрии тоҷик дар даврони рукуди Шӯравӣ бо номи онҳо бастагӣ дорад.
Ӯ факултаи филология Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияташро дар маҷаллаи “Садои Шарқ” оғоз кардааст. Соли 1968 ӯ муовини аввали раис ва аз 1976 то 1991 котиби якуми Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва роҳбари Пажўҳишгоҳи осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Тайи солҳои 1996-2000 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Абӯабдулло Рўдакӣ буд. Муъмин Қаноат чандин маротиба вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Маҷмӯаи нахустини ашъори ӯ бо номи “Шарора” ва дуюмаш “Ситораҳои замин” ба табъ расидаанд. Минбаъд ӯ ба жанри достон рӯ оварда, достонҳои “Мавҷҳои Днепр”, “Достони оташ”, “Суруши Сталинград”, “Тоҷикистон исми ман”, “Гавҳари Сино”, “Падар”, “Ситораи Исмат” “Ҳамосаи дод” ва “Масъуднома” маҳсули эҷоди ин адиби суханпардоз аст.
Мӯъмин Қаноат 18-уми майи соли 2018 дар синни 86-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Пиромуни кору рӯзгори ин шахсият дар матлаби Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ мутолиа кунед.
Соли 1932 – Мавлуди Фатҳулло Хоҷаев, овозхон, навозанда, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистони шӯравӣ.
Соли 1936 – Зодрӯзи Саидмуҳаммад Каримов, физикдон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор.
Соли 1937 – Мавлуди Саъдулло Наимбоев, забоншинос ва адабиётшиноси тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ.
Соли 1941 – Мавлуди Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон.

Лоиқ Шералӣ яке аз сутунҳои шеъри муосири тоҷик буда, пас аз ҳазор сол аз даргузашти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба дунё омад ва тавонист, ки “шеърҳои гуфтаву ногуфта”-и миллаташро, ба таъбири худаш, “боз гӯётар, боз бурротар, боз гиротар ва боз аълотар” бигӯяд”.
Ӯ хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишкадаи педагогии давлатии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко аст. Лоиқ Шералӣ соли 1965, дар 24-солагӣ, ба туфайли шеъри маъруфи “Ба модарам”, бо тавсияи бевоситаи устод Мирзо Турсунзода ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст, ки ҳодисаи нодири таърихию адабист.
Ӯ солҳо дар Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон, рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, маҷаллаи “Садои Шарқ”, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кард ва муддате сармуҳаррири “Садои Шарқ” ва аз соли 1991 то рӯзҳои охири умраш раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ будааст.
Шоир 30 июни соли 2000 бар асари бемории сактаи мағзӣ дар 59-солагӣ аз олам чашм баст.
Аввалин гулчини ашъори устод Лоиқ “Сари сабз” соли 1966 аз чоп баромадааст, баъдан китобҳои “Илҳом”, “Нӯшбод”, “Соҳилҳо”, “Ташнадил “, “Хоки Ватан”, “Резаборон”, “Марди роҳ”, “Варақи санг”, “Хонаи чашм”. “Хонаи дил”, “Офтобборон”, “Дасти дуои модар”, “Ҷоми саршор”, “Ману дарё”, “Аввалу охири ишқ”, “Фарёди бефарёдрас”, “Девони дил”, “Девони замон”-и ӯ ба дасти чоп расиданд.
Соли 1948 – Зодрӯзи Латофат Барзиева, ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Латофат Барзиева баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро фаъолияти ҳунариашро дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ оғоз намудааст. Маҳз дар ин ҷо ӯ бо силсилаи нақшҳои офаридааш худро ҳамчун ҳунарпешаи бомаҳорат муаррифӣ кардааст. Ӯ дар намоишномаҳои “Муфаттиш”, “Камбағалӣ айб нест”, “Қуллаи Фудзияма”, “Хатро ман навишта будам”, “Роҳзан ва кӯзагар”, “Шоҳ Эдип”, “Шоҳ Лир”, “Синдбоди дарёгард”, “Зебуниссо”, “Бой ва хидматгор”, “Афсонаҳои мӯйсафед”, “Дохунда”, “Интизорӣ” нақшҳои мондагор офаридааст. Номбурда дар бисёр намоишномаҳои кӯдакона низ ҳунар озмудааст.
Соли 2000 – Сайф Раҳимзоди Афардӣ, нависандаи тоҷик, раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон дар натиҷаи амали террористӣ дар 46-солагӣ кушта шуд.

Сайф Раҳимзоди Афардӣ яке аз нависандагони навовар ва филмбардорони моҳири тоҷик, ки ба андешаи адибони тоҷик фавқулода боистеъдод буд, намояндаи адабиёти солҳои охири садаи гузаштаи тоҷик буда, бо сабку услуб ва андешаю фалсафаи нав вориди адабиёт шудааст.
Ӯ баъди хатми мактаби миёна як муддат дар Театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб фаъолият карда, соли 1975 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ӯ солҳо дар Кумитаи телевизион ва радио кор карда, муддати як сол дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон фаъолият намудааст. Баъдан дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ”, ва солҳои зиёд дар “Тоҷиккино” ҳамчун коргардони синамо, коргардон-таҳиягар ва аз соли 1995 то соли 1997 ҳамчун раиси киновидеокомпанияи миллии “Тоҷиккино” фаъолият кардааст. Аз августи 1997 то соли 2000 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон буд.
Асарҳои эҷодкардааш “Гунҷишки сафед”, “Ситораҳои сари танӯр”, “Аз ёдҳо, аз ёдҳо”, “Дурӯғи сафед”, “Васвасаҳои Зикравайҳ”(Таронаҳои хоки париён), “Падруду пайғом”, “Доғҳои Офтоб” мебошанд, ки дастраси хонандагон шудаанд.
Филмҳои офаридаи Сайф Раҳимзод “Ситораҳои сари танӯр”, “Ҳарф бизан, поизам”, “Пете”, “Чоре” мебошанд.
20-уми майи соли 2000-ум Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар даромадгоҳи хонааш кушта шуд, аммо бо гузашти беш аз 20 сол, омили куштор ва фармоишгари он маълум нашудааст. Пиромуни ин ҳодиса ва назари ҳамнаслонаш дар матлаби “Ӯ қурбон шуд”. То ҳол фармоишгари қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ номаълум боқӣ мемонад мутолиа кунед.
Соли 2006 – Мирзоазиз Мамадазизов, ҳунарпеша ва коргардони театр дар 76-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
20 майро Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии занбӯри асал (World Bee Day) эътироф намудааст. Ин рӯз бо пешниҳоди Словения дар соли 2017 ва бо қарори Маҷмааи умумии СММ расман қабул шуда, аз соли 2018 дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад.

Ин сана ба хотири Антон Янша (Anton Janša) – мутахассиси маъруфи словениягӣ дар соҳаи занбӯрпарварӣ ва яке аз асосгузорони илми муосири занбӯрпарварӣ интихоб шудааст. Янша 20 майи соли 1734 таваллуд шудааст ва ҳамчун омӯзгор ва нависандаи аввалин китобҳо оид ба занбӯрпарварӣ дар Аврупо шинохта мешавад.
20 май ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии метрология таҷлил мешавад. Ин сана ба ифтихори имзои “Конвенсияи метрӣ” (Metric Convention) дар 20 майи соли 1875 дар Париж интихоб шудааст.

20 май дар баъзе кишварҳо ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии табибони осебшинос таҷлил мешавад. Дар ин рӯз табибоне, ки дар соҳаи осебшиносӣ ва шикастабандӣ, латҳо, кӯфтаҳо, осебҳои мағзи устухон, пайҳо ва буғумҳо фаъолият мекунанд, қадрдонӣ мегарданд.

Ҳанӯз дар асрҳои қадим одамон кӯшиш мекарданд, ки устухони шикастаро пайванд кунанд, ҷарроҳии ибтидоӣ анҷом диҳанд ва бо истифода аз тахтаҳо ва бастаҳо устухонро маҳкам созанд. Яке аз аввалин маълумотҳои илмӣ оид ба табобати осебҳоро Ҳиппократ (460–370 то мелод) дар навиштаҳои худ сабт кардааст. Ӯ усулҳои бастани дасту по ва табобати шикастаҳоро тавсиф намудааст.
20 майи соли 1942 Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи I ва дараҷаи II таъсис дода шуд. Ин аввалин мукофоти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки махсус барои сарбозону афсарон дар шароити Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) муайян шуда буд.

Ордени дараҷаи I ба нафароне дода мешуд, ки дар амалиётҳои низомии муҳим дар ҷабҳа, тахриби таҷҳизоти душман, роҳбарии муҳими ҳарбӣ ва ҳифзи шаҳрҳо ва қалъаҳо нақши калидӣ доштанд. Ордени дараҷаи II барои корнамоиҳои шахсӣ, иштироки фаъолона дар набардҳо ва иҷрои ҷасуронаи вазифаҳои низомӣ таъин мешуд.
Дар соли 1570, яъне 454 сол пеш, дар шаҳри Антверпен (Белгия) аввалин атласи мукаммали ҷуғрофии ҷаҳон бо номи “Theatrum Orbis Terrarum” ба табъ расид. Муаллифи он Абрахам Ортелиус (Abraham Ortelius), харитасоз ва ҷуғрофидони машҳур буд. Бо вуҷуди баъзе камбудиҳои техникӣ, ин асар ба як таҳаввулоти куллӣ дар илми харитасозӣ табдил ёфт ва пояи атласҳои муосири ҷуғрофӣ гардид, ки то имрӯз дар шаклҳои чопӣ ва рақамӣ истифода мешаванд.

20 майи соли 1873 ширкати Levi Strauss & Co расман патенти дӯхти ҷинсҳои мустаҳкамро ба даст овард. Гарчанде ки таърихи пайдоиши ҷинсҳо ба беш аз 200 сол бармегардад, маҳз ҳамин сана ҳамчун рӯзи ихтирои расмии ҷинс эътироф шудааст.

Аввалин ҷинсҳоро Леви Страус соли 1850 ба бозор баровард. Онҳо бо нархи 1 доллару 46 сент фурӯхта мешуданд ва дар миёни ҷустуҷӯгарони тилло дар Калифорния хеле маҳбуб гаштанд. Баъдан ширкати Levi Strauss & Co расман дар шаҳри Сан-Франсиско таъсис ёфт.
Бо гузашти вақт, ҷинс ба либоси ҳамарӯза ва мӯд табдил ёфт. Дар асри XX, ширкатҳои дигар низ ба истеҳсоли ҷинс рӯ оварданд. Дар соли 1981 “Levi’s” аввалин ҷинсҳои занонаро ба бозор баровард.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 20 МАЙИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 25+30º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 12+17º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 29+31º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 31+33º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 26+28º гарм.