Имрӯз, 21-уми май, дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ намояндагони Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” бо ҳайати Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ (Saudi Exim) мулоқот анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо васеъ намудани ҳамкорӣ дар самтҳои маблағгузории содиротӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва мубодилаи иттилоот аз таҷрибаҳои фаъолияти бонкӣ байни кормандони ду ниҳодро баррасӣ карданд.
Инчунин, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни ин ду ниҳод, ки як сол инҷониб мавриди коркарду баррасӣ қарор доштааст, ба имзо расид. Интизор меравад, ки ба имзо расидани ин санад барои пешниҳоди хизматрасонии босифат ба мизоҷон таъсиргузор хоҳад буд.
Пештар аз ин, рӯзи 19-уми май низ ҳайати расмии Тоҷикистон бо доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд ва Султон Абдулраҳмон Ал-Маршад, директори иҷрояи Фонди Саудӣ оид ба рушд мулоқот анҷом дода буд. Дар он саҳми ниҳодҳои зикршуда дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон назаррас арзёбӣ шуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ омодагии худро изҳор намуда, дар навбати худ аз ҷониби “Саноатсодиротбонк” ҷиҳати ба роҳ мондани хизматрасонии босифат дар рафти татбиқи лоиҳаҳои устувор изҳоро омодагӣ карда шуд.




Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста