Ҳар тобистон волидон ба як суол посух меҷӯянд: наврасро бо чӣ кор метавон машғул сохт, ки на танҳо ҷолибу шавқовар, балки муфид ҳам бошад? Ба ин суол имсол MediaLAB Asia+ посух дорад: мо барои фарзандони шумо барномаи семоҳаеро тарҳрезӣ кардем, ки бо иштирок дар он наврасон метавонанд малакаҳои ояндаи рақамиро азхуд намуда, истеъдоди худро сайқал диҳанд ва ба худ бештар бовар кунанд.
Барнома аз се давраи омӯзишии пайдарпай иборат аст (ҳар моҳ як давр):
Июн — Давраи омӯзишии “Ба таври ҳирфаӣ навор бардор”. Дар он наврасон асосҳои наворбардориро дар смартфон меомӯзанд ва маҳорати танзимро аз худ мекунанд. Зиёда за ин, усулҳои кор бо равшаниву садо ҳам ба онҳо омӯзонда мешавад. Дар хотима ҳар яке навори кӯтоҳ таҳия мекунад, ки метавонад дар платформаҳои “Asia-Plus” нашр шавад.
Июл — Давраи омӯзишии “Ҳушманд дар интернет: саводнокии расонаӣ ва зеҳни сунъӣ”. Дар ин муддат ба наврасон роҳҳои санҷиши маълумот, муайянсозии фейку кликбейтҳо, наафтодан ба доми қаллобон ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ омӯзонда мешавад. Онҳо ҳамчунин бо алгоритмҳои TikTok ва YouTube ошно шуда, дар интиҳои давраи омӯзишӣ лоиҳаи мавзӯӣ тарҳрезӣ мекунанд ва аз тренер маслиҳатҳо барои беҳтарсозии идеяи худ ҳам мегиранд.
Август — Давраи омӯзишии “Қиссаҳои диданиву шуниданӣ”. Дар ин курс наврасон ба ҷаҳони ҳикоясозӣ ворид мешаванд. Онҳо аз усулҳое огаҳ мешавад, ки барои таҳияи як матлаб/қиссаи диданиву шуниданӣ кумак мекунанд. Ҳамзамон устодон ба иштирокдорон дар бораи форматҳои ҷолиби бандубасти муҳтаво нақл хоҳанд кард. Давраи омӯзишӣ бо нашри беҳтарин матлабҳои шогирдон анҷом меёбад.
Ҳар як курс ба наврасон имкониятҳои зерро медиҳад:
- 8 машғулияти интерактивии 1-соата
- машғулиятҳои амалӣ ва роҳнамоӣ
- сертификат аз рӯи натиҷаҳои озмун
- имкони нашр дар платформаи Asia+
- малакаи рақамии муфид, ки дар мактаб, донишгоҳ ва ҳаёт ба кор меояд
Ба иштирокчиёни барномаи комил (се давраи омӯзишӣ) пешниҳод мешавад:
- тахфиф 20%
- мактуби тавсиявӣ аз идораи Asia+ барои дохил шудан ба мактабу донишгоҳҳо
Давраҳои омӯзишӣ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ баргузор мешаванд. Вақти муовфиқро интихоб кунед ва фарзанди шумо бо ҳамон забоне, ки барояш роҳат аст, таҳсил хоҳад кард.
Нархи давраҳои омӯзишӣ:
- як давраи омӯзишӣ — 500 сомонӣ
- барномаи комил (се давраи омӯзишӣ) — 1200 сомони бо тахфифи 20%.
Бақайдгирӣ барои давраи омӯзишии якум – “Ба таври ҳирфаӣ навор бардор” – рӯзи 8 июн ба охир мерасад.
Машғулиятҳо дар MediaLAB Asia+ баргузор мешаванд. Суроға: кӯч. М. Турсунзода 14/21 (рӯбарӯи фурӯшгоҳи Ёвар), ошёнаи 2-юм.
Бақайдгирӣ ва пардохт:
тариқи шакли: https://tally.so/r/3j2oNE
Агар суоли иловагие дошта бошед, ба рақами 44 660 05 83 занг занед.