Имсол дар шаҳри Душанбе таҷлили иди байналмилалии кӯдакон, ки ҳамасола рӯзи 1-уми июн баргузор мешавад, як ҳафта, аз 26-уми май то 1-уми июн, давом мекунад. Дар ин рӯзҳо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, озмуну бозиҳои зеҳнӣ ва намоишҳои театрикунонидашуда дар назар аст. Муайян кардем, ки давоми ин ҳафта кадом чорабиниҳо, кай ва дар куҷо баргузор мешаванд.

Аз Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, таҷлили иди кӯдакон рӯзи 26-уми май бо маросими гулчанбаргузории кӯдакону наврасон дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз мегардад.

Рӯзҳои 27 ва 28-уми май бошад, баргузории фестивал-озмуни истеъдодҳои наврас бо унвони “Шукуфаҳои пойтахт” дар маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Дар идомаи ҳафта, рӯзи 28-уми май, кӯдакону наврасон ба мавзеъҳои фарҳангию фароғатии шаҳр ва Осорхона саёҳат мекунанд. Давоми рӯз баргузории аксияҳои “Нозирони навраси ҳаракати роҳ”, дастаҳои ихтиёрии “Патрулони сабз” ба нақша гирифта шудааст.

 

Акс аз АМИТ "Ховар"

Рӯзи 29-уми май дар саҳни “Боғи кӯдакону наврасон” озмуни шаҳрии “Коррупсия – фоҷиаи миллат” доир мешавад. Дар он ғолибон аз рӯйи номинаҳои расму видеоролики беҳтарин муайян карда мешаванд. Ҳамчунин, интизор меравад, ки дар ин рӯз як қатор озмунҳои шаҳрӣ, аз ҷумла озмунҳои “Доноякон”, “Расми беҳтарин” миёни тарбиятгирандагони кӯдакистон ҷамъбаст шавад.

Рӯзҳои 30 ва 31-уми май дар мактаб-интернатҳои №1, 2, 3, 4 ва 5, ҳамчунин “Хонаи кӯдакон”-и рақами 1-и шаҳри Душанбе як қатор барномаҳои фарҳангӣ доир шуда, дастархонҳои идона ороста мешаванд. Инчунин давоми ин ду рӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ барномаҳои фарҳангӣ баргузор мешавад.

 

Asia-Plus

 

Салом, тобистон

Бахшида ба рӯзи кӯдакон “Азия-Плюс” ҷашнвораи “Салом, тобистон”-ро баргузор мекунад. Чорабинӣ рӯзи 30-юми май аз соати 16:00 то 20:00 дар даромадгоҳи Боғи “Ирам” доир шуда, бозиҳои варзишӣ, рақсу суруду тарона, намоиши роботҳо ва мастер класс оид ва шатранҷу шашка, ҳунарнамоии ҳунармандони сирк ва ҳавзаҳои рассомиро дарбар хоҳад гирифт.

 

Чорабиниҳои рӯзи 1-уми июн

Қисмати аввали рӯзи 1-уми июн дар Маркази кӯдакону наврасони пойтахт дар мавзуи “Душанбе шаҳри имконоти рушди кӯдакон” мизи мудаввар баргузор мешавад. Дар идома аз соати 14:00 то 16:00 дар ин мавзеъ китоби “Килки сабз”, ки эҷодиёти назмию насрии кӯдакону наврасон дар он нашр гардидааст, рӯнамоӣ мешавад. Ба гуфтаи масъулин, ин иқдом соли чорум аст, ки роҳандозӣ мегардад ва имсол маҷмӯаи чоруми “Килки сабз” ба дасти чоп расидааст.

Ин рӯз, соати 16:00, дар “Боғи кӯдакону наврасон” намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуда, дастранҷи кӯдакону наврасони пойтахт ба намоиш гузошта мешавад. Соати 18:00 дар амфитеатри ин боғ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор шуда, ҳафтаи кӯдакону наврасон ҷамъбаст мешавад.

 

Asia-Plus

Аз Театри давлатии лӯхтак ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки рӯзи 1-уми июн, соати 11:00 ҳунармандони театри мазкур дар Боғи Ирам намоишномаи “Рӯбоҳаки ҳилагар”-ро ба саҳна мегузоранд ва тамошо ройгон аст. Пеш аз оғози намоиш шоу-барнома низ баргузор мешавад.

Инчунин аз Сирки давлатӣ ба Азия-Плюс гуфтанд, рӯзи 1-уми июн намоиши сиркӣ бо иштироки масхарабозон, гимнастҳои ҳавоӣ, ромкунандаи ҳайвонот, аз ҷумла хирс, ҳамдуна, саг, мор, уштур, мурғобӣ ба саҳна гузошта мешавад. Масъулин гуфтанд, намоиш соати 10:00 оғоз мегардад ва ройгон буда, асосан барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва ятимхонаҳо намоиш дода мешавад, вале дигарон низ метавонанд ширкат варзанд.

Бояд гуфт, ҳамасола 1-уми июн Рӯзи байналмилалии кӯдакон таҷлил мегардад. Ин рӯз бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 таҷлил гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.